Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
Мав›еи занони Хатлонзамин дар парлумон Печать E-mail
10.07.2008 г.

 Мавқеи занони  Хатлонзамин дар парлумон

 Таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон яке аз масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки бидуни он нишондоди дунявӣ будани давлатро мусбӣ арзёбӣ намудан, қобили қабул нест. Гарчанде, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таҷрибаи 70 солаи сохти давлатдории коммунистӣ буд, аммо боз ҳам дар таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон муваффақ набуд. Зеро дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон маънавиёти ҷомеа ба хусус занонро шиори соҳиб шудан ба унвони қаҳрамонмодарӣ фарогир буд, ки ин маром боиси аз сиёсат дар канор мондани занон гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 16 соли сохибистиқлоли баҳри таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон якчанд қарору фармон ва барномахои гуногуни давлатӣ аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-декабри соли 1999 №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Фармони №363 дар бораи «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005», «Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва ғайрахо қабул шудаанд. Аммо то имрӯз иҷрои ин қарору қонунҳо дар ҳамаи сохторҳои ҷамъиятӣ мутобиқи матлаб нест.
Дар вилояти Хатлон, ки аз 2млн 600 хазор нафар аҳолии он, беш аз 50% - ро занону духтарон ташкил намоянд ҳам, дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва намояндагии халқ, дар маҷлисҳои вакилони халқ ва парлумони касбӣ шумораи занон нисбатан кам ба мушоҳида мерасад. Дар ҳаёти имрӯзаи мардуми Хатлонзамин, ки қисмати асосии нерӯи коргар аз ҳисоби мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, масъулияти кори саҳро, тарбияи фарзанд, бозорнишинӣ ва дигар мушкилиҳои рӯзгор дар дӯши зан аст, аммо боз ҳам аз 67 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон танҳо 13 нафараш аз занон мебошанду халос. Ҳамчунин аз 18 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон танҳо 2 нафарашонро занон ташкил мекунанд. Дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар байни 7 нафар вакили хатлонӣ ягон нафар зан нест. Оид ба мушкилоти гендерӣ дар парлумони кишвар ва Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва вилояти Хатлон коршиноси масоили сиёсии рҳбари Хатлонии Ҳизби Назхати Исломии Тоҷикистон Қаландар Садриддинзода чунин андеша дорад. «Баробарии гендерӣ дар Тоҷикистони мо реша мегирад аз худи оила, ки дар ин сектори чамъияти ҳуқуқу баробариҳои мардону занон риоя намешаванд. Як мисоли одди, дар оила волидайн бештар мехоҳанд, ки писар дошта бошанд, на ин ки духтар. Ва чун соҳиби духтару писар бошанд бештар ба тарбия ва маълумотнокии писар аҳамият медиҳанд. Моро мебояд, ки дар қатори таъмини шароити мусоид барои таҳсили илму кору зиндагии инчунин баҳри бедор намудани шуури сиёсии духтаронамон бештар диққат диҳем. Аммо дар деҳот духтарон ҳатто таҳсилоти умумиро пурра фарогир нестанд. Дар синфҳои болои духтарон хело кам таҳсил менамоянд. Бо чунин нишондодҳои оилавию маҳаллӣ зан - модар чӣ гуна метавонад, дар майдони сиёсат мавқеи худро соҳиб бошад.
 Сардори идораи адлияи вилояти Хатлон генерал-майор Саодат Амиршоева дар ин масъала андешаи дигар дорад. Ба гуфтаи хонум С. Амиршоева баробарии гендерӣ гуфтан ин маънои онро надорад, ки мо сатҳи маълумотнокии занонро сарфи назар намуда, сафи роҳбарону вакилонро аз ҳисоби занон пурра кунем. Дар Тоҷикистон, ки ҷомеа дар марҳилаи давлатсозӣ қарор дорад, мо бояд бештар ба маълумотнокии кадрҳо аҳамият дихем. Пӯшида нест, ки барои зан модар таввалуд, тарбия ва ба воя расонидани фарзанд кори саҳлу осон нест. Дар баробари ин масъулияти ҳамаррӯзаи оилавӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои давлатӣ масъулияти имконнопазир аст. Оё зан метавонад, ки дар як рӯз ҳам тарбияи фарзанд, хам кори давлат ва ххам вазифаххои ҳаррӯзаи хонагиро иҷро намояд. Масалан,- мегӯяд хонум Саодат,- ман 6 фарзанд дорам, ки ҳамаи онҳоро модарам тарбия карда ба воя расонидаанд. Барои он ки ман аз ӯҳдаи вазифаи давлатии дар зиммаам дошта бароям, аҳли оилаи мо гузаштҳои зиёде кардаанд. Аммо чунин шароит на ба ҳамаи занон муҳайё шуда метавонад. 
Ба гуфтаи муфтии мусалмонони вилояти Хатлон Эшони Саидҷон камнамоии занон дар парлумон ва умуман дар сиёсат натиҷаи шароити иҷтимоии шарқист, ки аз гузаштаи дур то ба мо мерос мондааст. Аз ҷумла аз рӯи қонунхои шариат зан подшох буда намтеавонад, пешво буда наметавонад. Ин меъёрҳои маъмулии шарқиёна аст ва ҷомеаи мо то ба он дараҷа дунявӣ нашудааст, ки аз чаҳорчӯбаи урфу одатҳои мардумӣ берун барояд. Айни замон бошад дар ҷамъияти мо занҳое, ба талаботҳои хизматчии давлатӣ ҷавобгӯ бошанд ва ё қудрату тавонии соҳиби курсии парлумон шудан дошта бошанд, нихоят каманд. 
Аммо Наргис Назарова, ки соли 2005 барои соҳиб шудани курсии вакили МН номзадии худро гузошта буд, барои таъмини мавқеи зан дар парлумон чунин андеша дорад. «Умуман зани тоҷик барои дар ҷамъият мавқеъ пайдо намудан аз чониби мардон ба дастгирӣ ниёз доранд. Як қисмати он занҳое, ки ҷойгоҳи худро дар вазифаҳои давлатӣ ва парлумонҳои маҳаллию ҷумҳурӣ пайдо кардаанд, онхо бо дастгирии шиносу хешовандон ва шахсиятҳои маҳали худ ба чунин мартаба расидаанд. Аммо таъмини ҳақиқии баробарии мардону занон дар коргузории давлатӣ ва парлумон мушкилҳои иҷтимоиест, ки ҳалли он муддати зиёд тақозо мекунад. Чун мегӯянд, ки занон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ нерӯ надоранд, ман розӣ шуда наметавонам. Чаро зан мушкилтарин масъулиятҳои зиндагӣ ба хусус таваллуд ва тарбияи фарзанд, кори саҳро ва бозорнишиниро карда тавонаду дар курсихои чармии парлумон нишаста натавонад. Ё сиёсат (бо истиснои бозиҳои сиёҳаш) чӣ кори мушкилест, ки занон аз ӯҳдаи он набароянд».
Ба гуфтаи Наргис Назарова «Соли 2005-ум барои ишғоли курсии парлумон дар ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппагии №26 дар баробари ман 3 нафар мардон низ мубориза бурданд. Онҳо ҳарчанд сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисонро дастгирӣ менамуданд, санадҳои давлатро оид ба баланд бардоштани мавқеи зан фаромӯш карданд. Худ қазоват кунед, ман як нафар омӯзгори оддӣ ва дар баробари ман 3 нафар мардоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кору фаъолият доштанд, ҷаҳд мекарданд, ки вакили мардумӣ бошанд. 
Зӯҳробону Сиддиккова, ки дар маъракаи пешазинтихоботии парлумони ташвиқотчии номзад Наргис Назарова буд, аз он рӯзҳои муборизаххои интихоботӣ чунин нақл мекунад. «Азбаски дар Тоҷикистон дар ҷумла корхонаю хоҷчагиҳои кишоварзӣ шумораи занону духтарон нисбат ба мардон дучанд буд, дар вохӯриҳо бо мардум тавваҷӯҳи халқ ба Наргис зиёдтар буд. Зеро мардуми оддӣ ба хусус занони деҳот бештар мехостанд, ки номзади онхо дар МН зан бошад. Дар сӯҳбат бо мардум мушоҳхида мешуд, ки коргарзанону деҳқонон арзи дили худро ба номзаде мегуфтанд, ки хамҷинси онҳо буд. Аммо он вақт нуфузи ҲХДТ ва номзади ҳизб Асомиддин Саидов зиёдтар буд. Ба ҳар ҳол ин муборизаҳои сиёсӣ барои мо як мактаби хуб шуд». Ба гуфтаи Зӯҳробону Сиддиқова Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи парлумони кишвар, ки соли 2010 баргузор мегардад фаъолтар иштирок хоҳанд кард. Ин дафъа мо ягон гузашт ва хотирбинӣ ба мардон нахоҳем кард. Агар интихобот шаффоф гузарад, номзад аз ҳавзаи интихоботии №26 ҳатман зан интихоб мешавад, - бо боварӣ мегӯяд Зӯҳробону.
Оид ба ҷойгоҳи зан дар парлумони мамлакат сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сангалӣ Мирзоев мегӯяд: «Агар дар парлумони кишвар вакили мардумӣ зан бошад хубтар аст. Зеро занон дар муқоиса бо мардон аз мушкилоти деҳот беҳтар огоҳанд. Марди тоҷик бештари умри худро дар кору муҳити берун аз хона сарф мекунад. Сарчашмаи ҳамаи мушкилиҳои ҷомеа бошад аз хонадон оғоз мегардад. Ман боре ҳам мушоҳида накардаам, ки мушкилоти оилавӣ дар парлумон мавриди муҳокима қарор гирифта қонуни созандае таҳия шуда бошад. Ҳатто дар ҳамин татбиқи қонуни танзими расму оинҳо таъсири мардон зиёдтар буд ва мавқеи зан, ки мушкилоти ҷашну маросимҳо бар дӯши онҳост пурра омӯхта нашуда буд.  
Ба гуфтаи омӯзгор Шарифамоҳ Каримова, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мақоми зан дар ҷомеа низ баъзан сиёсатмадорон ба манфиатҳои хеш истифода мекунанд. Зеро қисми зиёди шумораи ками заноне, ки дар парлумону мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият доранд, дар сатҳи зарурӣ донишманду кордон нестанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин зумра кадрҳо аз ҳисоби занон на аз рӯи меъёри касбият рӯи вазифа омадаанд. Ман орзу дорам, ки дар парлумони мо занони қобиле аз байни мардуми меҳнаткаш рӯи кор оянд, то ин ки дарди халқро даво бахшанд, бо таассуф мегӯяд - Шарифамоҳ Каримова. 
Дар бобати мавқеи зан дар корҳои ҷамъиятӣ ба хусус ба ҳайси вакили мардумӣ дар мачлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва вилоят мудири шӯъбаи САҲШ (Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии) шаҳри Қӯрғонтеппа Мағфират Навкарова мегӯяд «Новобаста аз он ки дар доираи иҷрои Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оидба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010» мо як зумра корҳоро иҷро кардем, аммо иҷрои барнома мувофиқи матлаб нест. Зеро қисми зиёди заноне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекунанд, ҷавобгӯи талаботи масъулияти хеш нестанд. Барои сиёсати давлатро ба мардум расонидан ва мушкилоти мардумро дар сатҳи ҳукумат ҳаллу фасл кардан, вакил ба хусус занони вакилро донишу малакаи баланд лозим аст. Воқеият ин аст, ки захираи кадрии мо аз ҳисоби чунин занони кордон кофӣ нест.» 
Ба ҳар ҳол чи дар парлумони мамлакат ва чи дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру навоҳӣ ва вилояти Хатлон занони кордону сиёсатмадор фаъолият доранд. Агарчи шумораи онҳо ангуштшумор аст, ҳамин ҳам муваффақияти андаки мо дар расидан ба баробарии гендерӣ дар ҳамаи сохторҳои ҷамъиятӣ мебошад.
  Боиси хушнудист, ки новобаста ба нобаробарии замон занони хатлонӣ дар муборизаҳои сиёсӣ дилшикаста намешаванд. Баъди таъин гардидани вакили Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Саидов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтепагии №26 барои интихоби вакили нав 10 августи соли ҷорӣ интихоботи навбатӣ мегузаронанд. Аз рӯи маълумотҳои ҳавзаи мазкур ду нафар барои иштирок дар интихобот номзадии худро пешбарӣ намудаанд, ки ҳар ду ҳам зан мебошанд. Новобаста ба натиҷаи интихобот сафи занон дар парлумони кишвар 1 нафар зиёд хоҳад шуд. Аммо натиҷаҳои дилхоҳро дар нишондиҳандаҳои мавқеи зан дар парлумони кишвар мо баъди интихоботи парлумони кишвар, ки соли 2010-ум баргузор мегардад интизор мешавем.  
   
Ҷамолиддин Сайфиддинов, 
Қурбоналӣ Ҳалимов.
Маҳфили рӯзноманигорони "Хуросон"
 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting