Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
Рпзноманигорон іу›у›и зан ва кпдакро меомпзанд Печать E-mail
18.06.2008 г.

 

Рӯзноманигорон ҳуқуқи зан ва кӯдакро меомӯзанд

Мавзӯи омӯзиши  инъикоси ҳуқуқи зан ва кӯдак дар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз 20 нафар рӯзноманигронро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҳам овард.

Нодира Рахмонбердиева, ххамоҳангсози  барномаҳои омӯзишӣ ва тадқиқотии Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки ин ташаббус аз ҷониби эшон амалӣ шудааст мегӯяд, ки ҳадаф аз баргузории семинар ба воситаи ахбори омма ҷилавгирӣ аз поймол гардидани ҳуқуқи зан ва  кӯдак дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Хонум Нодира инчунин афзуд, ки ин мавзӯъ миёни рӯзноманигорони кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ омӯзиш меёбад.  Ба гуфтаи вай интихоби се кишвари Осиёи ба он хотир ба миён омад, ки дар ин кишварҳо аз ҳама беш ҳуқуқи зан ва кӯдак поймол мешавад. Дар тақвият ба гуфтаҳои хонум Нодира Ҳурниссо Ализода , сармуҳаррири  маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ҳамзамон як тан аз устоди ин давраи омӯзишӣ мегӯяд, воқеан ҳазорон марди тоҷик дар муҳоҷират ба сар мебарад ва аз ин рӯ мушкилоти асосии зиндагии имрӯз ба сари зан ва кӯдак бор шудааст.

Аммо Сайраҳмон Назриев, иштирокчиии ин давраи омӯзишӣ  аз минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мегӯяд, инъикоси масоили ҳуқуқи зан ва кӯдак дар васоити ахбори омма ҳеҷ вокунише аз ҷониби мақомоти марбута ба бор намеорад. Баръакс вай мегӯяд, инъикоси ҷалби хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ хилофи қонуни асосии кишвар ба ҷамъоварии пахта ба сари ӯ ва дигар хамкасбонаш мушкилоти зиёде ба миён овард:

Давраи омӯзишии инъикоси  ҳуқуқи зан ва кӯдак дар васоити ахбори оммма барои се рӯз идома ёфт. Дастандаркорон мегӯянд, пас аз анҷоми ин давра эҳтимол рӯзноманигрони тоҷик барои табодули таҷриба дар ҳамин замина ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна сафар кунанд ва рӯзноманигорони он кишварҳо ба Тоҷикистон.

 

                                                                                               Абдумӯмин Шрехонов. Кӯлоб

 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting