Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
Мадад ба Чернобилчиён Печать E-mail
18.06.2008 г.

Мадад ба Чернобилчиён

Чанд сол боз дар грӯҳи ноҳияҳои  Кӯлоб  як ташкилоти ҷамъиятие бо номи «Чернобелчиён» фаъолият менамояд. Имрӯз дар ин ҷамъият 380 нафар маъюбону иштирокдорони ин воқеаи мудҳиш  ва бештар аз 500 нафар занону кӯдакони маъюби онҳо ба қайд гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, дар ҷумҳурӣ, иштирокдорони воқеаи Чернобел аз ҷониби давлат ҳамаҷониба бо ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ҳамасола барои табобату истироҳати онҳо аз буҷа маблағ масраф мешавад.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир дар ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ба онҳо мароқ зоҳир менамоянд. Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба ин масъала эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бахтиёр Назаров – мудири шӯъбаи молияи шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо мо изҳор дошт, ки имсол бо назардошти барзиёдии иҷроиши маблағхо аз буҷа мо имкон дорем як миқдор маблағ барои беҳдошти зиндагӣ ва рузгори маъюбон ва иштирокдорони воқеаи Чернобел ҷудо намоем. Солҳои оянда бошад,  мо ин маблағҳоро афзоиш медиҳем.

Боиси таассуф аст, ки то имрӯз аз ҷониби ягон ноҳияи дигари минтақа ҷиҳати беҳдошти рӯзгори  иштирокдорони воқеаи Чернобел   ғамхорӣ зоҳир нашудааст.     

 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting