Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
------Беідошт ва муіити зист------ Печать E-mail
18.06.2008 г.

------Беҳдошт ва муҳити зист------

   НИГАРОНИҲО АЗ ОЛУДАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

 Қӯрғонтеппа. АИ «Паём». /Шоҳнавози Фараҳманд/ - Коршиносон ва ҳам масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон аз вазъи экологии иддае аз шаҳру навоҳии водии Вахш, аз ҷумла шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Сарбанд ва навоҳии Вахш, Ёвон ва Хуросон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Вазъ дар партовгоҳи «Тозагӣ»-и Сарбанд, ки тўдаҳои ахлоту хокрӯба ва маводи ифлосу заҳрогин аз чанд шаҳру ноҳияи атрофро ба он партоб мекунанд, бисёр хатарзо арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон дар зарфи 15 соли ахир партовгоҳи заҳрхимикатҳои хоҷагии «Ҳақиқат»-и ноҳияи Вахш низ беназорат монда, ба як мавзеи чарогоҳ ва бозии наврасон мубаддал гаштааст.

Пизишкони маҳаллӣ мегўянд, бинобар саркушод мондани чоҳҳои кимиёӣ, ки муҳитро заҳролуд сохтаанд, дар байни аҳолӣ бемориҳои мусрӣ, аз қабили зардпарвин, шукуфа ва хориш зиёд шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ барои муҳофизати муҳити зисти тамоми вилояти Хатлон ҷамъан камтар аз як миллион доллар ихтисос дода шудааст. Коршиносони масоили муҳити зист мегўянд, ин миқдор маблағ барои таъмини амнияти экологӣ дар вилояти Хатлон кифоят намекунад.

 

 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting