Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
ДАР ДОНИШГОІИ ОСИЁИ МАРКАЗв МАРОСИМИ ТАЪВИЛИ ШАІОДАТНОМАІО БАРГУЗОР ШУД Печать E-mail
18.06.2008 г.

ДАР ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МАРОСИМИ ТАЪВИЛИ ШАҲОДАТНОМАҲО БАРГУЗОР ШУД

 Дар як вазъи тантанавӣ воқеъ дар саҳни меҳмонхонаи Серенаи шаҳр бо ширкати намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон,  хешовандони наздики хатмкунандагон навад нафар шогирди Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори  (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  (ДОМ) воқеъ дар шаҳри Хоруғ соҳиби шаҳодатномаҳои касбии муҳосибӣ, мутахассиси забони англисӣ ва роҳбалади сайёҳон (гид) шудаанд.

Тавре Диловар Буттабеков – роҳбари ин ниҳоди омузишӣ  дар Бадахшон гуфт, ин дуюмин маросими хатмкунии курсҳои касбомӯзӣ  дар Бахши Хоруғии ДОМ мебошад. Номбурда гуфт хатмкунандагони навбатӣ  дар ММКД  технологияи муҳосибиро тибқи меъёрҳои ҷаҳонии муҳосибӣ аз худ кардаанд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Ба гуфтаи Буттабеков бархе аз шогирдони ММКД дар натиҷаи таҳсил соҳиби дараҷаи дуввум ва саввуми забони англисӣ  барои коргузории расмӣ, ки барномаи он аз ҷониби Палатаи Савдо ва Саноати Лондон мураттаб гаштаст, шудаанд.

 

Хатмкунандагони ҳамаи риштаҳо  имкон доранд дар оянда барои такмили дониш ва малакаи худ дар ММКД боз дараҷаҳои навбатиро соҳиб шаванд.

 

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ аз соли 2006 фаъолияташро оғоз карда,  дар заминаи барномаҳои расмӣ, донишгоҳасос, дар муддати кӯтоҳ тавассути тадриси қавӣ ба ашхос имкони соҳиб шудан ба касбу ҳунарҳои муфид ва дар шароити ҳозира заруриро медиҳад.

 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум  бо ибтикори Аълоҳазрат Оғохон дар заминаи шартномаи тарафайни ҳукуматҳои давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон дар се шаҳри  Кӯҳистонии Осиёи Марказӣ- Хоруғ, Норин ва Текели ба фаъолият шурӯъ кард.

 

Париноз Азизӣ. Хоруғ

 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting