Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
Бемории сил: мушкилот ва роіи іалли он Печать E-mail
24.03.2014 г.

       Бемории сил: мушкилот ва роҳи ҳалли он

 

       Бемории сил тули таърихи инсоният ҳазорон ҳазор одамонро аз байн бурдааст. Мо дар ёддоштҳои Айнӣ аз рузгори шоири соҳибистеъдод Ҳайрат  бохабар мешавем, ки қурбони ин беморӣ шуда буд. Илми тиб ҳамеша бо ин дарди вазнин саропанҷа буда, роҳҳои нави табобати онро кашф менамояд, вале ин мушкилот то ҳол аз мушкилоти сангини ҷомеа боқӣ мемонад. Ва сабаби асосии роҳи ҳалли худро пайдо накардани бемории сил ва  паҳн шудани он дар нотавонии илми тиб набуда, дар зеҳну тафаккур ва ҷаҳонбинии инсони муосир, хосса дар ҷомеаи тоҷикии мо мебошад.

       

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин беморӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурии мо беш аз пеш ривоҷ меёбад ва суръати паҳншавияш низ меафзояд. Ва хатарноктараш боз дар он аст, ки мардум аз сабаби ноогоҳии худ аз нишона ва оқибатҳои ин беморӣ ба паҳншавии он мусоидат менамоянду барои шифоёбии маризон монеа эҷод месозанд. Азбаски бемории сил бо роҳи ҳавоиву қатрагӣ сироят мекунад, як нафар бемори дар давраи шакли кушоди он буда, метавонад чандин нафарро ба ин дард мубтало гардонад. Зеро ҳангоми атса ва сулфа микробҳои барангезанда то якчанд метр пароканда мешаванд ва одамоне, ки дар ин масофа ҳастанд, зери хатар мемонанд. Агар ин ҳолат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт рух диҳад, табиист, ки шумораи одамони таҳти хатари сироятшавӣ хеле меафзояд. Мушкили дигар дар мавриди бемории сил, дар замони мо пайдо шудани шакли мутобиқшудаи он мебошад. Шакли мутобиқшудаи бемории сил маъмулан дар натиҷаи риоя нашудани реҷаи табобат аз ҷониби бемор сар мезанад ва чизи аз ҳама хатарнокаш боз дар он аст, ки агар бемори мубталои ин шакл ба қоидаҳои эҳтиётӣ риоя накунад, атрофиёнашро маҳз ба ҳамин шакли вазнини беморӣ гирифтор менамояд. Барои равшан кардани ин маънӣ мебояд дар бораи тафовути шаклҳои бемории сил чанд сухан бигуем. 1. Шакли оддии бемории сил. Он тибқи имконияти тибби имруза комилан табобатшаванда аст. Давраи муолиҷа 6 -8 моҳро дар бар мегирад. Ва агар бемор сари вақт бо муолиҷа фаро гирифта шавад ва тамоми талаботу супоришҳои духтуронро риоя намояд, дар ҳамин давра пурра шифо меёбад. 2. Шакли мутобиқгаштаи бемории сил. Ин шакл нисбатан душвортар муолиҷа мешавад, зеро микробҳо ба доруҳои зиддисилӣ мутобиқ мешаванд ва лозим меояд, ки бемор муддати се баробар тулонитар 24 моҳ бо муолиҷа фаро гирифта шавад ва доруҳо низ нисбат ба шакли аввали беморӣ қавитар мебошанд. 3. Ниҳоят шакли ниҳоии сил. Дар ҳолати риоя нашудани реҷаи муолиҷа бемори шакли мутобиқгаштаи сил, метавонад ба шакли ниҳоии сил мубтало гардад. Ин шакл муолиҷанопазир аст ва оқибати он мутаассифона бо марги бемор анҷом меёбад. Бо вуҷуди ин қадар сангин намудани масъала роҳҳои пешгирии бемории сил хеле осон ва содда мебошанд. Тез тез тоза кардани ҳавои хона, бо латтаи тар пок намудани чанг, обутоб додани бадан метавонад гирифторӣ ва паҳншавии ин бемориро пешгирӣ намояд. Гигиенаи хоси беморонро риоя намудан, дар оилае, ки шахси бемор зиндагӣ мекунад, низ яке аз воситаҳои хуби пешгирии беморист. Ҳангоми атса ва сулфа бо пушти даст (беҳтараш дасти чап) пушондани даҳону бинӣ аз тарафи бемори гирифтори сил низ метавонад, пеши роҳи паҳншавии онро бигирад. Бемор бояд балғамро ба зарфи сарпуши маҳкамдошта туф намояд ва он бо маҳлули хлор безарар гардонда шавад. Бояд таъкил намуд, ки давраи микробхориҷкунии бемор дар ҳолати сари вақт муолиҷа гирифтанаш, ҳамагӣ се ҳафта давом мекунад ва пас аз он ӯ барои атрофиён безарар мегардад. Саволе ба миён меояд, ки чаро бо вуҷуди ин қадар содаву осон будани роҳҳои пешгирӣ миқдори сироятшавандагон махсусан ба шакли мутобиқшудаи ин беморӣ сол то сол ва хеле зиёд афзоиш меёбад. Ин ҷо чанд нукта ҷой дорад: 1) Иттилооти комил ва саҳеҳ надоштани мардум дар бораи ин беморӣ, давраҳо, шаклҳо ва оқибатҳои он. Хатари гузаштан ба шакли мутобиқшудаи онро доштани вайроншавии реҷаи табобат ва бедаво будани шакли ниҳоии силро, ки ҳамчунин натиҷаи риоя нашудани реҷаи муолиҷаи бемори шакли мутобиқшуда мебошад, на ҳамаи беморон ва наздикони онҳо медонанд. 2) Доруҳо барои муолиҷаи бемории сил ройгон аст, ин ҳам на ба ҳама маълум аст. 3) Нисбати саломатии худ, саломатии наздикон ва атрофиён ҳис накардани масъулият низ дар бисёр ҳолатҳо боиси афзоиши беморони сил мешавад. Зеро чунин ҳолати равонӣ боиси бепарвоӣ нисбат худ, шароити зист ва наздикони худ мегардад. Ин ҷо қайд намудани он нукта ҳам муҳим аст, ки камарзишгузорӣ ба худу зиндагии худ низ, яке аз омилҳои сар задани бемории сил ва паҳн шудани он шуда метавонад. Ин нуктаро дар мавриди тамоми бемориҳои дигар ва нобарориҳои рузгори мардуми мо низ гуфтан мумкин аст. Зеро инсоне, ки қадри худро аз буда кам мепиндорад, ба зиндагӣ рағбат надорад, тандурустӣ ва пешрафти рузгор барояш арзиш надорад, ба ин гуна бемориҳо бештар гирифтор мешавад. Зеро масунияти бадани одамони руҳафтода ҳамеша нисбат ба руҳбаландон заифтар буда, онҳо бештар сироят меёбанд, дертару душвортар шифо меёбанд. Аз ин нигоҳ истифода аз хизмати равоншиносон ҳангоми гирифтори ин беморӣ шудан, хеле мувофиқи мақсад мебошад. 4) Нашинохтани омилҳои дигари паҳншавии бемории сил, ки ин муҳоҷирати меҳнатӣ, маҳбасҳо, камбизоатӣ, зарбаҳои равонӣ мебошанд, низ метавонад, боиси афзоиши беморӣ ва паҳншавии он гардад. Аз ин рӯ аз ташхис гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҳбусони озодшуда, ҳангоми мушоҳида шудани нахустин нишонаҳои беморӣ метавонад барои сари вақт ошкор кардани беморӣ ва оғози муолиҷаи он кумак намояд. 5) Як масъалаи дигаре, ки пайваста ба бемории сил вуҷуд дорад, ин тамғагузорӣ мебошад. Тамғагузорӣ дар натиҷаҳои андешаҳои ғалате, ки дар ҷомеа ҷой доранд, ба вуҷуд меояд. Ба ҷумла чунин андешаҳо: авлодӣ ва бедаво будани сил дохил мешаванд. Дар натиҷа беморони сил аз муроҷиат ба духтур ва баъди ошкор шудани беморӣ аз овоза шудани он метарсанд, кушиш мекунанд инро ба касе нагуянд. Ин боиси зери фишори ботинии равонӣ қарор гирифтани онҳо аз як тараф мегардад, аз тарафи дигар ҳангоми овоза шудан атрофиёни ноогоҳ аз ҳақиқати сил, аз онҳо ҳазар мекунанд. Ҳол он ки чунон ки болотар гуфта шуд, бемории сил дар ҳолати риояи реҷаи табобат зуд ва бебозгашт аз байн меравад, ихроҷкунии микробҳо баъди се ҳафта хотима меёбад ва беморӣ дигар касеро сироят намекунад. 6) Аҳамият надодан ба нишонаҳои аввалияи бемории сил ва онро ба бемориҳои дигар нисбат додан. Ба хотири мардумро аз ин иштибоҳ раҳондан, ин ҷо аломатҳои бемории силро меоварем: · Сулфаи балғамдоре, ки 2-3 ҳафта давом мекунад; · Арақкунии шабонаи бадан; · Бемадорӣ; · Баланд шудани ҳарорати бадан махсусан бегоҳӣ; · Лоғаршавӣ; · Дарди қафаси сина; · Нафастангӣ. Ва ниҳоят донистан зарур аст, ки бемории сил ҷисми инсонро заиф мегардонад ва дар ҳолати сари вақт муолиҷаи дуруст нагирифтан, инсон ба дардҳои дигар, аз ҷумла вируси норасоии масунияти инсон ВИЧ/СПИД осебпазир мегардад. Рудакии бузург фармудааст: Дониш андар дил чароғи равшан аст, В -аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. Ин панд дар мавриди бемории сил низ хеле созгор аст, зеро донистани ҳақиқат дар бораи ин бемории хавфнок метавонад, тану ҷони инсонро аз он эмин бидорад. Марям Давлатова
 
След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting