Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
Ватандорг биёмпз аз ватандор Печать E-mail
15.02.2012 г.

Ватандорӣ биёмӯз аз ватандор

Аслан ватанхоҳӣ барои ҳар фард  вобаста ба шароит ва вазъи мушаххас тобишҳои гуногун дорад. Агар дар  лаҳзаи набард барои  қаҳрамони майдон ватанхоҳӣ  ҷоннисорӣ бошад, барои олим ватанхоҳӣ метавонад фатҳи қуллаҳои мушкили илм бошад, то тавассути кашфиёти ӯ мардуми олам ватаниашро бишносанд ва ҳамватанон аз самараи бозёфти илмии ӯ баҳравар гарданд. Ватандорӣ биёмӯз аз ватандор Аслан ватанхоҳӣ барои ҳар фард вобаста ба шароит ва вазъи мушаххас тобишҳои гуногун дорад. Агар дар лаҳзаи набард барои қаҳрамони майдон ватанхоҳӣ ҷоннисорӣ бошад, барои олим ватанхоҳӣ метавонад фатҳи қуллаҳои мушкили илм бошад, то тавассути кашфиёти ӯ мардуми олам ватаниашро бишносанд ва ҳамватанон аз самараи бозёфти илмии ӯ баҳравар гарданд. Барои шоирон ватанхоҳӣ васфи диёри маҳбуб ва тарғибу тараннуми ҳусну кишвар, барои нависанда кашфи саҳифаҳои нокушудаи табиати мардуми он буда метавонанд. Чунон ки мебинем арзёбии ҳадди ватанхоҳии фарзонагон мушкилот надорад, вале чи гуна метавон ватанхоҳии инсонеро, ки дар давраи осоиш вазифаҳои якнавохт, назарногир ва дилгиркунандаи ҳаррӯза худро софдилона иҷро мекунад, ба тарозӯи зеҳнӣ гузошт. Ин гуна ватанхоҳи хоксор метавонад назар ба симоҳои намоён барои пешрафти кишвари худ саҳми бештар гузорад, меҳри ватанро ба дигарон бе сухан, балки бо намунаи рафтори худ тарғиб намояд. Чунин ватанхоҳӣ аслан аз доираи мафҳуми ватандорӣ баъзан берун меравад, ба хизмат ба мардуми олам ва имондорӣ мепайвандад. Намунаи чунин ватандорӣ метавонад, ҳифзи табиати диёр, беҳдошти экологии сайёра, обод намудани мавзеъҳои партов ва ба монанди ин амалҳое бошанд, ки дар ҳар маҳал одамоне ёфт мешаванд, маънии рӯзгорашон аз ҳамин иборат аст. Вале набояд гумон кард, ки ин гуна одамон танҳо ҳастанд ва фаъолияту самараи заҳмати онҳо аз назарҳо дур мемонад. Аслан худи масъалаи ҳифзи табиат як масъалаи имрӯз барои кишвари мо хеле муҳим, вале матраҳнашудаест, ки аз таваҷҷӯҳи ҷомеа то андозае дур мондааст. Аз ин хотир мехоҳам, сари масъалаи омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологии табиати Тоҷикистон аст иттилоои мухтасаре барои хонандагон пешкаш намоям. Гуногунӣ -- аз муҳимтарин хусусиятҳои ҳаёт дар рӯйи Замин мебошад ва он дар ҳамаи шаклҳояш инъикос ёфта, рӯзгори инсонро ғанӣ ва рангин мегардонад. Шинохти гуногунӣ ва лаёқати қадршиносии ин атои табиат, калиди дари таҳаммулпазирӣ буда, инсонро ба ҷустуҷӯ ва истифодаи имконоти рушд ҳидоят менамояд. Гуногунии биологӣ яке аз шаклҳои гуногунии моддӣ буда дар рӯзҳои мо арзиши хосса касб кардааст. Вале инсон, мутаассифона, ба хотири афзоиши суръати рушд ва ғановати моддӣ, баъзан арзиши гуногунии биологиро пайхас намекунад ва ғайриихтиёр онҳоро қурбон намуда, ба моҳияти аслии зиндагӣ -- нотакрории он хатар эҷод месозад. Хосса дар садаи охири таърихи инсонӣ, рушди босуръати олами тиҷорат, ки қонуни асосии он ба даст овардани даромад ва пул мебошад, инсон ба хотири ҳарчи бештар пайдо кардани даромад дар фаъолияти хоҷагидории худ дар истифодаи дастовардҳои технологияҳои навин – тухмиҳои гибридӣ, маводҳои кимиёвӣ -- нуриҳои маъданӣ, заҳрхимикатҳо, воситаҳои техникии коркард, маҳсулоти геномодификатсияшуда (ГМО) ва ғайра ҳадди эътидолро риоя намекунад. Сарфи аз ҳад зиёди оби ошомиданӣ, захираҳои энергетикӣ, аз байн бурдани ҷангалзорҳо, усулҳои замонавии кишоварзӣ ва дигар намудҳои фаъолияти инсон ба муҳити зист таъсири харобиовар расонда, коҳиши гуногунии биологиро ба бор меоварад. Имрӯз зиёда аз 7 ҳазор намуди ҳайвонот ва қариб 60 ҳазор намуди растанӣ зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Ҳамаи ин ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки тайи даҳсолаҳои охир дар мавриди ҳифзи гуногунии чи моддӣ ва чи маънавӣ ғамхорӣ зоҳир кунад. Бо ин мақсад санадҳои бисёр муҳим -- Эъломияи Белем, Эъломияи Куско ва Созишнома “Дар бораи гуногунии биологӣ”, ки дар онҳо принсипҳои асосии ҳимояи гуногунии фарҳанги биологӣ ифода ёфтаанд, қабул гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.07.1997 ба Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи гуногунии биологӣ” ҳамроҳ шуд ва он аз 27.01.1998 эътибор пайдо кард. Аз ҷумла дар моддаи 8-уми он омадааст: “Мутобиқи қонунгузории миллӣ эҳтиром, нигоҳдорӣ ва дастгирии дониш, навоварӣ ва таҷрибаи ҷамоати бумӣ ва маҳаллӣ, ки ифодагари тарзи зисти анъанавӣ буда, барои нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ аҳамият доранд, таъмин карда мешавад, ҳамчунин истифодаи муштараки фоидаҳо, ки аз корбурди чунин дониш, навоварӣ ва таҷриба ба даст меоянд, аз рӯйи адолатнокӣ ҳавасманд гардонида мешавад. ” Ҳар як халқ дорои фарҳанги нотакрори рӯзгордорӣ ва худифшоӣ мебошад, ки он дар тӯли садсолаҳо дар заминаи шароити инфиродии хоси зиндагӣ ва рушде, ки ба ӯ тааллуқ дошт, ба вуҷуд омадааст. Тоҷикистон, сарзамини кӯҳсор буда, дорои хусусиятҳои хоси чи ҷуғрофӣ ва чи иқлимӣ мебошад. Инчунин ҷаҳонбинӣ ва олами маънавии халқро низ сарфи назар кардан нашояд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми муқиминишин буд ва барояш тарзи рӯзгори кӯчӣ хос набуд. Ҳамаи ин албатта ба фарҳанги кишоварзии мардум беасар намондааст. Чун ҳама мардумони муқиминишин тоҷикон тӯли садсолаҳо бо боғдорӣ ва зироаткорӣ машғул буданд. Вале дар давоми 70-80 соли охири асри гузашта кӯшишҳои бунёди халқи ягонаи шӯравӣ, аз байн бурдани хусусиятҳои хоси миллӣ, коллективигардонии хоҷагиҳо ва бисёр омилҳои дигар боиси беқурбшавии анъанаҳои мардум ва тадриҷан фаромӯш гардидани таҷрибаи ниёгон дар соҳаи кишоварзӣ гардиданд. Дар тақсимоти бузурги нақшҳо байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ барои истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ -- пахта муқаррар шуда буданд ва маводи асосии ғизоӣ аз дигар манотиқи мамлакати бузурги шӯравӣ ворид карда мешуд. Дар натиҷа донишҳои анъанавии кишоварзии мардум, аз ҷумла оид ба гуногунии биологӣ, ки асрҳои аср ҷамъ омада буданд, аз хотирҳо зудуда шудан гирифтанд. Истифодаи тухмиҳои пайвандӣ, навъҳои аз кишварҳои дигар воридшуда дар бадали навъҳои пурбаҳои маҳаллӣ, ки барои кишт дар шароити маҳаллӣ мутобиқ шуда буданд, ба он оварда расонд, ки бисёр навъҳои хуби маҳаллӣ танг карда шуданд ва ҷойи онҳоро навъҳои бегона, ки на ҳамеша дорои хусусиятҳои комили ғизоӣ мебошанд, гирифтанд. Дар натиҷа навъҳои озмудаи маҳаллӣ, инчунин навъҳои ҷангалии ба онҳо монанд низ, зери хатари маҳвшавӣ қарор гирифтанд. Мушкилоти моддие, ки тайи солҳои охири баъди истиқлолият пешорӯйи мардуми тоҷик гардид ба харобии заминҳо, буридани дарахтони зиёд ва дигар муносибати беинсофона нисбати боигариҳои табиӣ оварда расонд. Зиёда аз ин муҳоҷирати дохиливу берунии аҳолӣ, боиси заиф шудани пайванди наслҳо ва силсилаи ирсоли донишҳои анъанавӣ аз насл ба насл гардид. Насли ҷавоне, ки дар давраи истиқлолият ба воя расид ва кӯдакону наврасоне, ҳоло дар давраи ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ қарор доранд, бар асари ин ҳолат аз сарчашмаҳои ватанпарастӣ, ки ҳифзи табиат яке аз рукнҳои он мебошад, метавонанд бебаҳра монанд. Донандагони донишҳои анъанавӣ, ки хеле кам мондаанд, баъзан худашон ҳам намедонанд, ки донишу малакае, ки ҳанӯз дар ёд доранд, дорои чӣ гуна арзиши беназир мебошад. Ҷомеа низ нисбати онҳо ба қадри кофӣ таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ зоҳир наменамояд. Аксари онҳо одамони солхӯрда буда, зиёда аз 70-80 сол умр доранд ва ба ин маънӣ соҳибони донишҳои анъанавии фарҳанги кишоварзӣ намояндагони насли даргузар мебошанд. Ва ин дар ҳоле мебошад, ки барои ҳифзи донишҳои анъанавии халқ, ки дар давоми асрҳо барои истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ба кор мерафтанд, амалан ягон хел ғамхорӣ зоҳир карда намешавад. Аз тарафи дигар, дар марҳилаи имрӯза бунёди хоҷагии аз ҷиҳати экологӣ устуворе, ки на танҳо гуногунии биологиро ҳифз кунад, балки таъмини амнияти озуқаворӣ, яъне заминаи мавҷудияти инсониятро кафолат диҳад, моҳияти аввалиндараҷа касб менамояд. Муайян кардани саҳм ва нақши ҷинсҳои гуногун, яъне ҷанбаи гендерӣ низ дар ин ҷараён басо муҳим аст. Ҳарчанд тибқи қолабҳои гендерӣ ва анъанаҳои миллии мавҷуда зан дар истеҳсоли захираҳои моддӣ на ҳамеша нақши роҳбарӣ дорад, вале азбаски дар ҳифзи анъанаҳо мавқеи зан хеле бузург аст, ин хусусият зимни баррасии ин масъала моҳияти хосса пайдо мекунад. Худи тарзи зиндагии зани тоҷик дар деҳот тарзе сурат гирифтааст, ки ӯ доиман иштирокчии фаъоли фаъолияти кишоварзии хонадон мебошад. Занон тибқи одатҳои оиладорӣ ҳангоми таҳияи ғизо тухмиҳои сабзавот ва маҳсулоти полезиро меғундоштанд, онҳоро то мавсими нави кишт нигоҳ медоштанд ва хонадон ба шарофати чунин сариштакории онҳо бе тухмӣ намемонд. Тавассути ин фаъолият онҳо имкони шинохтани навъҳоро пайдо карда, дониши худро дар ҷодаи тухмишиносӣ сайқал медоданд. Азбаски занон дар оила масъули нигоҳубини кӯдакон, пиронсолон ва аъзои бемори оила мебошанд, онҳо ба якдигар ва аз насл ба насл асрори тибби хонаводагиро мерасонданд, бо истифода аз маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷангал ҳар гуна дорувор тайёр мекарданд ва аз ин сабаб хусусиятҳои давоии олами набототи муҳити атрофи худро хуб медонистанд. Азбаски зани тоҷик маъмулан серфарзанд буд, бо рӯзгори оила сахт побанд мемонд ва аз ин рӯ дар шароити деҳот на ҳама вақт метавонист бо меҳнати ҷамъиятии музднок машғул шавад. Вале ӯ ҳамеша ба буҷаи хонадон бо меҳнати худ дар замини наздиҳавлигӣ саҳми намоён мегузошт. Занон дар назди ҳавлии худ кабудӣ мерӯёнданд, сабзавот ва дарахтони мевадор мешинонданд, ҳосилро ғундошта барои зимистон мехушконданд ва ба ин меҳнат кӯдаконро низ ҷалб карда ба ин тариқ зимнан ба онҳо низ донишу таҷрибаи худро медоданд. Дар вазъи имрӯзаи ҷомеа, ки қисми асосии мардони деҳот дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ба дӯши зани деҳот бори фаъолияти кишоварзӣ ба маънои нисбатан васеи ин мафҳум афтидааст. Сарфи назар аз он ки фоизи занон дар байни роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мамлакат чандон калон нест ва илова ба он дар ин раванд тамоюли камшавии шумораи занон дар байни роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мушоҳида мерасад, қувваи асосии кории соҳаро занон ташкил мекунанд. Аз ин сабаб занон, бешак, дар таъмини ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ нақши асосиро мебозанд. Ин падида зарурати иштироки ҳаматарафа ва самараноки занонро дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳамаи сатҳҳои таҳия ва татбиқи сиёсати ҳифзи гуногунии биологӣ таъкид менамояд. Дар вазъи ҳозира, вақте ки баъди азҳампошии давлати шӯравӣ, давраи таҷдиди колхозу совхозҳо расид ва ба деҳқонон замин доданд, онҳо ба бурдани хоҷагии деҳқонӣ омода набуданд. Одамон дар раванди ташаккулёбӣ, тадриҷан монеаҳоро паси сар карда, воситаву усулҳои соддаи ҳалли мушкилоти хоҷагидориро, ки замоне аз бобову бибиҳои худ шунида буданд, ба ёд овардан гирифтанд. Аз ин рӯ, эҳёи навъҳои анъанавии зироатҳои кишоварзӣ ба монанди навъҳои маҳаллии маҳсулот, таҷрибаи нигаҳдорӣ, консерватсия дар айни замон баробари омӯзиши технологияи нави пешқадам ва таҷрибаи дигар халқҳое, ки дар шароити тавъами ҷуғрофию иқлимӣ зиндагӣ ба сар мебаранд, аҳамияти хосса муҳим дорад. Барои ин пеш аз ҳама бардоштани сатҳи дониш ва фаҳмиши аъзои ҷомеа дар бораи донишҳои анъанавӣ оид ба гуногунии биологӣ, арзишу аҳамияти онҳо, зарурати ҳифзу паҳн кардани онҳо зарур мебошад. Вале хушбахтонва одамоне, ки аҳамияти бузурги ҳамаи инро натанҳо дарк менамоянд, балки дар ҳалли ин масоил фаъолона ва нуктасанҷона амал мекунанд, низ ҳастанд, ки шояд рафтору рӯзгори онҳо беҳтарин намунаи ватанхоҳӣ дар замони мо барои ҷавонон бошад. Ин ҷо фаъолияти ду созмони ҷамъиятӣ, ки дар ду минтақаи кӯҳистони кишвар Хатлон ва Рашт фаъолият доранд ва новобаста аз тафриқаи зиёд дар мавриди шахсият, таҷриба, таҳсилот ва хислатҳои роҳбаронашон корҳои аҷиби ба ҳам монандро иҷро менамоянд, метавонад мисол бошад. Созмони ҷамъиятии “Зан ва Замин”. Соли таъсис 1999. Рисолаташ иштироки фаъолона дар расидан рушди устувор бо роҳи мусоидат ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва экологӣ, афзоиши маърифати экологии занону кӯдакон ба хотири ҳифзи муҳити зист ва солимии инсон, дастгирии фермерии занон. Сарвараш Муҳаббат Маҳмадалиева, номзади илмҳои биология, то соли 2000 устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. То имрӯз зиёда аз 20 лоиҳаро оид ба ин масоил дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Бохтар, Мӯъминобод, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Ховалинг ва ғайра роҳандозӣ кардааст. Ба саволи мо чаро хонум Муҳаббат кори баобрӯ, фаъолияти илмиро як сӯ гузошта ба ҳалли мушкилоти печидаи рӯзгори мардуми деҳ рӯ овардааст, ӯ чунин ҷавоб дод: Замоне, ки ман аз деҳа ба шаҳр омадам орзӯи таҳсил, фаъолияти илмӣ доштам ва хушбахтона ба орзӯҳоям расидам. Баъди таҳсил дар аспирантура дар шаҳри Маскав соли 1990 рисолаи номзадиамро дар риштаи биология ҳифз кардам ва дар факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаи устодӣ ба кор даромадам. Вале меҳри замин, деҳа маро ором намегузошт. Он солҳо зиндагӣ хеле душвориҳое дошт, ҳар дафъае, ки ман ба деҳа барои аёдати модару дигар аҳли оила мерафтам, зиндагии сангини зани деҳа диламро мефушурд. Ман қарор додам, ки роҳе ёфта ба онҳо кӯмак карданам зарур аст. Ба ҳамин мақсад ман бо чанд нафар ҳамфикронам созмони ҷамъиятии “Зан ва Замин” –ро ташкил кардем. Албатта, дар оғоз осон набуд ва ҳоло ҳам барои ман ва ҳамкорон, ки асосан сокини ш. Душанбе ҳастем сафарҳои доимӣ гоҳ дар гармои 40-50, гоҳ дар зимистони сард, сафарҳои доимӣ ба ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон аз қабили Ховалингу Муъминобод ва ғайра хастакунандаанд. Вале натиҷаи кор хастагии моро рафъ мекунад. Вақте ки заноне, барои гирифтани замин ва бунёди хоҷагии деҳқониашон мо вақту қувва ва меҳнати зиёд сарф мекунем аз тарғиби заминдорӣ, то омӯзондани тарзи деҳқонӣ, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пайдо кардани тухмӣ аз ҳосили аввалини замини худ ду дона бодирин ё помидорро, ё як нони гандумиро гирифта бо ифтихор ба назлди мо меоянд, рости гап ҳамаи он мушкилоти пештара фаромӯш мешавад. Ин раванд махсусан солҳои аввал хеле бо монеаҳо зиёд мегузашт. Аввалан, аҳолӣ чи марду чи зан афтодарӯҳу ноумед буданд ва ба барори кори худ ва беҳбудии зиндагиашон бо роҳи заминдорӣ эътимод надоштанд. Баъдан дар байни роҳбарони маҳаллӣ ҳам на ҳамеша дуруст фаҳмидани масоили ислоҳоти замин ҷой дошт. Солҳои аввал лозим меомад, барои ҳамаи онҳое, ки ба масоили замину табиат сару кор доштанд, семинарҳои омӯзишӣ ва мизҳои мудаввар гузаронем то нозукиҳои масоили онҳоро бифаҳмем ва бо ёрии мутахассисони варзида маърифати ҳуқуқиву кишоварзии мардумро бардорем. Чизи аз ҳама муҳимми кори смо он буд, ки дар ин раванд мо масоили эҳёи фарҳанги анъанавии кишоварзии мардумро ҳамеша дар мадди назар доштем. Ба навдеҳқонон тухмиҳои зироатҳои навъҳои маҳаллиро пайдо мекардем, зеро онҳо ба шароити маҳал мутобиқанд, ҳосилбардорӣ ва нигаҳдориашон осонтар аст. Бо ин роҳ мо муваффақ шудем, ки бисёр навъҳои маҳаллӣ ва зироатҳои донагиро дар ин минтақа зинда гардонем, дар дили мардум ифтихори ватандориро бедор намоем. Ҳоло мо дар ҳамкорӣ бо деҳқонзанонамон як боғи коллексионие, ки 10 000 ниҳоли себи наъҳои маҳаллӣ бунёд кардаем ва ният дорем, ки 11 боғи намоишӣ бунёд намоем. Дар боғҳои намоишӣ мева ва навъҳои алоҳида шинондаву парвариш карда мешаванд: масалан боғи ангур, себ, анҷир, анор, гелос ва ғайра. Ҳоло хоҷагиҳое дорем, ки тухмӣ ва ниҳолҳои навъҳои маҳаллиро истеҳсол карда ба хоҷагиҳои дигар мефурӯшанд ва аз ин ҳисоб даромади хуб ҳам ҳосил менамоянд. Воқеан ҳифзи гуногунии биологии ватан ва эҳёи донишҳои анъанавӣ хоҳ дар соҳаи кишоварзӣ бошад, хоҳ дар мавриди ҳунарҳои ва ҷашну маросимҳои мардумӣ ва барои ман дар бисёр маврид такондиҳандаи асосии фаъолияти созмон ва истифодабарандогони лоиҳаҳо мебошад. Созмони ҷамъиятии “Рӯшноӣ”. Соли таъсис 2006. Ҳадафҳо: ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеа, дастгирии ташаббус ва навгониҳо аз аз байни мардум, омӯзиши истифодаи дуруст ва самароони сарватҳои маҳал, мусоидат ба рушди хунармандӣ, бо кор таъмин кардани ҷавонон ва занон . Сарвараш Мирзошо Акобиров. Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, дар гузашта корманди ҳамин соҳа. Баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ чанд сол дар муҳоҷират буда, сарвари Ассотсиатсияи муҳоҷирони тоҷик дар Алмаато будааст. Маҳалли фаъолияти созмон ноҳияҳои минтақаи Рашт. То имрӯз зиёда аз 15 лоиҳаро дар самти ободонии деҳоти кӯҳистон амалӣ кардааст. Созмони мазкур дар баробари корҳои ба ободонии кӯҳистон равона шуда, аз қабили бурдани хатти об ба деҳаҳои беоб, бунёди боғот ва эҳёи навъҳои қадимаи меваву зироатҳо, инчунин аз ҳисоби худи ташкилот осорхонаеро кушодааст ва барои ғанӣ гардондани махзанҳои он ҳамеша ба кофтуковҳои бостоншиносӣ низ машғул аст. Яке аз самҳои муҳими кори ин созмон низ ҳифзи табиати кишвар, эҳёи донишҳои анъанавии мардум оиди кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ мебошад ва дар ин маврид корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Тавсифи ҳамаи фаъолияти ин созмонро наметавон дар дохили як мақола ҷой додан мушкил аст, вале мушт намунаи хирвор аст ва чанд мисоли хурд аз доираи ин фаъолият метавонад беҳтарин намунаи ватанхоҳӣ барои насли наврас бошад. Ҳукумати маҳал барои дастгирии мактабҳо аз ҷумла мактаби деҳаи Ҷафр қитъаи замин ҷудо кардааст. СҶ “Рӯшноӣ” аввал дар қитъаи руйи ҳавлии мактаб боғе аз дарахтони меваҳои маҳаллӣ бунёд карда онро ҳамчун мавриди омӯзиши мактабиён ба мактаб тӯҳфа кардааст. Дар бунёди ин боғ хонандагону омӯзгорони мактаб низ фаъолона иштирок намуданд ва ҳар кадом сабақе аз дарси ватандорӣ тавасути ободии як гӯшаи он гирифтааст. Ҳоло созмон ният дорад, ки замини бекорхобидаеро, ки ба мактаб тааллуқ дорад, бо ҳамин роҳ обод намуда, он ҷо низ боге бунёд намояд. Созмон харидани ниҳол ва дигар корҳои маблағталабро ба ӯҳдаи худ гирифта омӯзгорону мактаббачагонро ба раванди шинондани ниҳолҳо ва парвариши онҳо дар вақти аз таҳсил холӣ ҷалб кардан мехоҳад. Ба ин тариқ барои омӯзгорон муошират бо шогирдон имкони дар муҳити табиат ҳосил шавад, мактабаччагон дар айни замон и малакаҳои боғдориро аз худ мекунанд. “Онҳо ҳама фарзандони деҳ ҳастанд, - мегӯяд Мирзошо Акобиров, - ин донишу малакаҳо, муҳаббат ба замин ба онҳо ҳатман дар зиндагӣ даркор мешавад ва онҳо метавонанд ҳам барои зиндагии худ аз ҳисоби меҳнати кишоварзӣ даромад ҳосил намоянд ва ҳам барои ҳифзи сарватҳои диёр, ободии сарзаминашон саҳм гузоранду ватандории амалиро биомӯзанд. Ман худам 6 писар дорам ва ягон нафари онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд, аз пушти меҳнат дар замин, кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ рӯзгори осуда доранд ва ба дигарон ҳам дасташон мерасад.” Мирзошо Акобиров боғи ботаникии аҷибе низ бунёд кардааст, ки ҳамчун осорхонаи зиндаи сарватҳои табииву кишоварзии диёри кӯҳистонаш мебошад. Дар дохили ин боғ осорхонаи дигаре низ ҷой дорад, ки он ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва бозёфтҳои бостоншиносие, ки кормандони созмон гирд овардаанд, дар маърази намоиш гузошта шудаанд. Воқеан чунин инсонҳо ва оилаҳо метавонанд дар мавриди ҳифзи гуногунии биологӣ ва сарватҳои табиии кишвар намунаи ватандорӣ бошанд. Мирзошо Акобиров инсони аҷиб аст, ӯ на танҳо худ саркардаи ташаббусҳои наҷиб аст, инчунин метавонад ин ҳиссиётро ба дигарон талқин карда онҳоро ба амалҳои ватанхоҳонаи худ шарик гардонад. Д асл меҳри ватан ва хоҳиши ободии он дар замири ҳар як инсон ҷой дорад ва танҳо бедору фаъол кардани он на ҳамеша имконпазир аст. Мирзошо Акобиров ин амал қодир аст ва онро барои пешрафти диёр аз ҷумла соҳаи маориф сафарбар мекунад. Ҳоло ӯ тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ барои муаллимони деҳаи Ҷафр хобгоҳ ва барои хонандагон ошхона бунёд намояд. Як қисми маблағи зарурӣ аллакай дастрас шудааст ва соли ҷорӣ хобгоҳ барои 6 нафар муаллиме, ки сокини Ҷафр нестанд, сохта хоҳад шуд. Ин ду созмон дар маҷмӯъ ба ин тариқ на танҳо ба ҳалли масоили амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи сиёсати имрӯзаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мусоидат менамоянд, инчунин эътимоди мардумро ба фардои ватан устувор менамоянд, ки инро беҳтарин натиҷаи фаъолияти онҳо шумурдан мумкин аст. Соли равон созмонҳои ҷамъиятии “Зан ва Замин” ва “Рӯшноӣ” барои фаъолияти пурсамараашон ба мукофоти байналхалқии Экватор барои соли 2012 пешниҳод шудаанд. Барномаи “Ташаббусҳои Экватор” барномаи коршариконаи СММ барои дастгирии фаъолият дар беҳдошти зиндагии мардум тавассути ҳифзу ривоҷи гуногунии биологӣ буда, номзадӣ ба ин ҷоиза арҷгузории арзандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи табиат аст. Барно Султонова
 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting