Главная arrow Исследования arrow АЗИМ БАЙЗОЕВ
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
АЗИМ БАЙЗОЕВ Печать E-mail
02.03.2011 г.

 

АЗИМ БАЙЗОЕВ

 

 

 

                             МАСОИЛИ ГЕНДЕРЇ

 

ДАР ЗАБОН ВА АДАБИЁТ

 

 

(Дастури таълим барои донишљўёни

 факултетҳои шарќшиносї ва филология)

 

 

 

 

 

Бо қарори

Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба чоп тавсия шудааст

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ДУШАНБЕ – 2008


 

 

Байзоев, Азим Муҳаммадиевич. Масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт. Васоити таълим барои донишҷӯёни фа-култетҳои шарқшиносӣ ва филология. – Душанбе: «R-Graph», 2008. -126 с.

Дар китоб инъикоси масъалаҳои нобаробарии гендерӣ дар забон ва адабиёт баррасӣ шудаанд. Дар он дар баробари шарҳи мухтасари масъалаҳои назариявии гендершиносӣ ва ташаккулу инкишофи он дар Тоҷикистон, тафовутҳои забонии марду зан, роҳҳои ифодаи категорияи ҷинсият дар забон, инъикоси муносибатҳои марду зан ба масоили иҷтимоӣ, хусусиятҳои эҷодиёти мардону занон, ҳамчунин инъикоси ин муносибатҳо дар фарҳанги мардумӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.

Bayzoev, Azim Muhamadievich. Gender Problems in Language and Literature. The Manual for the Students of Oriental Studies and Philology Departments. – Dushanbe: “R-Graph”, 2008. -126 pp.

 

Муҳаррир:               доктори илми филология,

профессор   Камолиддинов Б.

Муқарризон:           доктори илми филология Сафаров У.,

номзади илми филология Маҳмадҷонов О.,

                                      номзади илми психология Амонов Н.

 

____________________________________

Дастур бо дастгирии Шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе таҳия ва чоп шудааст.

 

The Manual is prepared and published by the support of the Public Affairs Section of the U.S. Embassy, Dushanbe.

_____________________________________

 

 

 

 

© Bayzoev Azim, 2008

© Байзоев Азим, 2008


АЗИМ БАЙЗОЕВ МАСОИЛИ ГЕНДЕРЇ ДАР ЗАБОН ВА АДАБИЁТ (Дастури таълим барои донишљўёни факултетҳои шарќшиносї ва филология) Бо қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст ДУШАНБЕ – 2008 Байзоев, Азим Муҳаммадиевич. Масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт. Васоити таълим барои донишҷӯёни фа-култетҳои шарқшиносӣ ва филология. – Душанбе: «R-Graph», 2008. -126 с. Дар китоб инъикоси масъалаҳои нобаробарии гендерӣ дар забон ва адабиёт баррасӣ шудаанд. Дар он дар баробари шарҳи мухтасари масъалаҳои назариявии гендершиносӣ ва ташаккулу инкишофи он дар Тоҷикистон, тафовутҳои забонии марду зан, роҳҳои ифодаи категорияи ҷинсият дар забон, инъикоси муносибатҳои марду зан ба масоили иҷтимоӣ, хусусиятҳои эҷодиёти мардону занон, ҳамчунин инъикоси ин муносибатҳо дар фарҳанги мардумӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Bayzoev, Azim Muhamadievich. Gender Problems in Language and Literature. The Manual for the Students of Oriental Studies and Philology Departments. – Dushanbe: “R-Graph”, 2008. -126 pp. Муҳаррир: доктори илми филология, профессор Камолиддинов Б. Муқарризон: доктори илми филология Сафаров У., номзади илми филология Маҳмадҷонов О., номзади илми психология Амонов Н. ____________________________________ Дастур бо дастгирии Шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе таҳия ва чоп шудааст. The Manual is prepared and published by the support of the Public Affairs Section of the U.S. Embassy, Dushanbe. _____________________________________ © Bayzoev Azim, 2008 © Байзоев Азим, 2008 М У Н Д А Р И Ҷ А Пешгуфтор 4 Боби якум. Назарияи гендершиносӣ 6 1.1. Гендершиносӣ ва мавзӯи баҳси он 6 1.2. Таърихи мухтасари ташаккул ва инкишофи гендершиносӣ дар Тоҷикистон 12 Боби дуввум. Гендершиносии лингвистӣ 16 2.1. Масоили умумии ташаккул ва самтҳои асосии гендершиносии лингвистӣ 16 2.2. Самтҳои асосии таҳқиқот дар гендершиносии лингвистии тоҷик 20 Боби севвум. Масоили гендерӣ дар адабиёт 27 3.1. Нигоҳе ба назарияи феминистии адабиёт 27 3.2. Самтҳои амалии таҳқиқоти гендерӣ дар адабиётшиносии тоҷик 29 Боби чорум. Ҷанбаҳои амалии гендершиносӣ 32 4.1. Нақши забон ва адабиёт дар тарбияи гендерӣ 32 4.2. Муносибати марду зан ба ишқ 35 4.3. Зан ҳамчун модар ва зан ҳамчун симои иҷтимоӣ 41 4.4. Инъикоси масоили гендерӣ дар фолклор 49 4.5. Ислом ва зан 51 4.6. Рафтори ношоистаи занон: адабиёт ва ҳақиқат 63 Боби панҷум. Тафовутҳои забони марду зан 71 5.1. Аз мушоҳидаҳо 71 5.2. Ҷон Грей ва китоби ӯ «Мардон – аҳли Миррих, занон – аҳли Зӯҳра» 73 5.3. Мо бо забонҳои гуногун гап мезанем 87 5.4. Китоби муҳовараи зӯҳрагӣ ба миррихӣ 90 5.5. Китоби муҳовараи миррихӣ ба зӯҳрагӣ 101 Хулоса 120 Феҳристи манобеъ 122 ПЕШГУФТОР Солҳои охир ба таҳқиқу омӯзиши ҷабҳаҳои гуногуни масоили гендерӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад. Дар аксари кишварҳои ҷаҳон марказҳои гуногуни таҳқиқоти гендерӣ амал мекунанд, дар доираи фаъолияти ташкилотҳои ҳукуматӣ, байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ семинару конфронсҳои сершуморе доир ба ин масъала ташкил мешаванд, дастурҳои таълим ва дигар маводи таҳқиқот ба табъ мерасанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии таъмини баробарии марду зан муҳайё гардида, аз ҷониби ҳукумат ва созмонҳои байналмилаливу дохилӣ барномаву лоиҳаҳо доир ба масоили гуногуни гендерӣ таҳия ва татбиқ мегарданд. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ташкили семинару машваратҳо, таҳқиқоти сотсиологӣ, таҳия ва нашри маводи гуногун доир ба ин масъалаҳо ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Яке аз сабабҳои он ба таври умум ноогоҳии худи мардум, махсусан, ҷавонон аз масъалаҳои иҷтимоии муносибати мардону занон ва таҷрибаи кишварҳои дигар дар ин ришта аст. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани тарбияи гендерии ҷавонон метавонад ба дарки амиқи проблемаҳои мавҷуда ва ҷустану ёфтани роҳҳои ҳалли имконпазири он дар заминаи хусусиятҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва динии мардуми тоҷик мусоидат намояд. Дастури мазкур маҳз бо ҳамин мақсад таҳия гардидааст. Чунон ки дар Барномаи таълим зикр гардидааст, мақсаду вазифаҳои асосии ҷорӣ кардани ин курс ба шарҳи зер аст: • Баррасии масоили гендерӣ ҳамчун яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз; • Таълими заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ба вуҷуд омадани проблемаҳои гендерӣ; • Забон, адабиёт ва фолклор – оинаи ҳаёт ва мунъакиси проблемаҳои иҷтимоӣ; • Ворид сохтани донишҷӯён ба муҳити таҳқиқоти байналмилалии гендерӣ ва ба ин васила фароҳам сохтани заминаҳои таҳқиқот дар ин мавзӯъ; • Таҷдиди назар ба проблемаи инъикоси воқеият дар адабиёти классикӣ ва муосир ва масоили марбут ба он вобаста ба нақши онҳо дар тарбияи гендерии ҷавонон; • Заминаҳо ва омилҳои тафовути забонҳои мард ва зан, аҳаммияти амалии омӯзиши он барои бартараф сохтани проблемаҳои гендерӣ дар рӯзгор. Ҳангоми таҳияи китоб баробари истифодаи маводи фаровони забон ва адабиёти форсу тоҷик инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти олимони хориҷӣ, аз ҷумла, муҳаққиқони амрикоӣ ва рус мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтаанд. Яке аз ҳадафҳои асосии таҳияи китоб ҷорӣ кардан ва густариши таълими гендершиносӣ, аз ҷумла, масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт дар факултетҳои филологӣ ва шарқшиносии донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ба ин васила ба роҳ мондани тарбияи гендерии ҷавонон аст, ки он, дар навбати худ, роҳи ҳалли проблемаҳои нобаробарӣ дар ҷомеа хоҳад буд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, муаллифи дастур ба муҳаррири китоб, доктори илмҳои филология, профессор Б. Камо-лиддинов ва муқарризони расмӣ - доктори илми филология У. Сафаров, номзади илми филология О. Маҳмадҷонов ва номзади илми равоншиносӣ Н. Амонов барои маслиҳатҳои муфид ва изҳори нуқтаи назарашон, ки ба беҳтар шудани сифати китоб мусоидат намудаанд, самимона арзи сипос менамояд. Ҳамчунин умедворем, ки мутахассисон, муҳаққиқон ва устодон низ фикру андешаҳои худро доир ба афзалиятҳо ва норасоиҳои дастур иброз хоҳанд дошт. БОБИ ЯКУМ. НАЗАРИЯИ ГЕНДЕРШИНОСӢ 1.1. ГЕНДЕРШИНОСӢ ВА МАВЗӮИ БАҲСИ ОН Дар давоми тамоми таърихи инсоният занон ва мардон на фақат ҳамчун ашхоси фарқкунанда, балки нобаробарҳуқуқ дониста мешуданд. Дар ҳамаи давру замонҳо мардҳо нисбат ба занҳо авлотар маҳсуб мешуданд. Ратсионализм, манфиатталошӣ ва мақомҷӯйӣ, саъю кӯшиши сарватманд шудан, ки хислатҳои хоси аксари мардон аст, назар ба хислатҳои занон, яъне эҳсосият, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ, меҳр нисбат ба фарзандон афзалтар шуморида мешаванд. Дар аксар мавридҳо мардон нисбат ба занон сарватмандтар, бонуфузтар ва дорои мақоми баландтар буданд ва ҳастанд. Вазъи ногувори занон дар ҷомеа боиси ба вуҷуд омадани ҷунбишҳои занон барои ноил шудан ба ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ гардид. Натиҷаи он таҳқиқоти гендерӣ дар солҳои 70-80-уми асри ХХ-ро ба миён овард. Таҳқиқоти гендерӣ соҳаи сертаркиба буда, бо масъалаҳои таърих, забоншиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа ва ғайра алоқаманд аст. Ба он амалан ҳамаи масъалаҳои фаъолияти якҷояи мардҳо ва занҳо дар сохтори ҷамъият, оила ва ҳаёти шахсӣ дохил мешавад. Ташаккули таҳқиқоти гендерӣ маънои ба ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятшиносӣ ворид намудани масъалаи «занон»-ро дорад. Он дар солҳои 70-уми асри ХХ зери фишори ҳаракатҳои фаъолонаи занон ба вуҷуд омада, аз нав дида баромадани нақши занро дар пешрафти башарият, фарҳанг ва таърихи ҷомеа талаб мекард. Дар байни онон олимон низ буданд. Маҳз онҳо ба ақидаҳои анъанавӣ, ки дар доираи илмӣ доир ба мақоми зан ҳукмрон буданд, муқобилият карданд. Моҳияти ин талабот иборат аз он буд, ки ҳангоми пешниҳоди ҳар гуна назарияи ҷамъиятӣ ба назар гирифтан лозим аст, ки аҳли ҷомеа одамони беҷинс нестанд. Он аз марду зани тарбияи гуногундида иборат аст, ки ҳар яки онҳо таҷрибаи гуногуни иҷтимоӣ ва ба ҳодисаҳои ҷамъиятӣ назари гуногун доранд. Тадқиқоти гендерӣ дар марказҳои илмии Ғарб зуд эътироф ёфт ва муассисаҳои илмӣ таълими курсҳои махсуси гендериро воҷиб мешумурданд. Демократӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ дар мамлакат ба эҳёи ҳаракатҳои мустақилонаи занон мусоидат мекард. Аз тарафи дигар, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боиси тақвияти номувозинатии гендерӣ - нобаробарии мавқеи иҷтимоӣ ва нақшҳои фарҳангии занону мардон, паст рафтани мақоми зан дар бисёр соҳаҳои ҳаёт гардиданд. Ҳамин тариқ, таҳлили умумият ва фарқият дар идроки ҳақиқат ва рафтори иҷтимоии мардҳо ва занҳо мавзӯи асосии гендершиносӣ интихоб гардид. «ин умумият ва фарқият минбаъд на бо хусусиятҳои физиологии мардону занон, балки бо вижагиҳои тарбия ва таълими онҳо бо тасаввуроти дар ҳар тамаддуни мушаххас паҳнгардида, ки мардон ва занон чӣ гуна бояд рафтор кунанд, марбут дониста шуд» . Мафҳуми «гендер» чиро ифода мекунад? Ҷомеашиноси англис Энтони Гидденс шарҳ медиҳад, ки гендер, қабл аз ҳама, «рафтори пешбинигардидаи иҷтимоие мебошад, ки барои мардону занон мувофиқ дониста шудааст». Анна Кирилина бошад, чунин шарҳ медиҳад, ки «истилоҳи «гендер» на сабаби табиӣ, балки сабаби иҷтимоию фарҳангии тафовутҳои байниҷинсиро бояд таъкид кунад» . Масъалаи муҳаққиқ аз он иборат буд, ки байни мафҳумҳои «ҷинс» ва «гендер» фарқи аниқ гузорад. Гендер на тафовути ҷисмонии байни зану мард, балки хусусиятҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ташаккулёфтаи байни мардӣ ва занист, рафтори пешбинигардидаи иҷтимоие мебошад,ки барои мардону занон мувофиқ дониста шудааст. Ҷинс бошад, дар навбати аввал, тафовутҳои ҷисмонӣ, физиологӣ ва биологии байни марду занро ифода мекунад. Ин хулосаи зоҳиран оддӣ бо душворӣ азхуд карда мешавад. Аз қадим чунин мешумориданд, ки рафтори одатии зану мардро «генҳо» ва «хромосомаҳо» муайян мекунанд, ки онҳо гуногун мебошанд. Яъне, дар занҳо ҳардуи ин унсури ҷуфт якхела мебошанд: ХХ-хромосома, аммо аз они мардон бо аломати ХY-хромосома ишора карда мешавад. Чунин ақида, яъне аз ҷиҳати биологӣ муқаррар кардани қисмати зану мард тӯли ҳазорсолаҳо ягона ақидаи дуруст ба шумор мерафт. Тарафдорони баробарии гендерӣ исбот мекунанд, ки чун анъана ба «мардона» ва «занона» ҷудо кардани нақшҳо аз рӯйи қобилиятҳои зотию табиӣ натиҷаи муносибатҳои сиёсӣ, равишҳои муайяни иҷтимоикунонӣ, тарбия ва таълим аст. Ҳамин тариқ, вақте сухан дар бораи тадқиқоти гендерӣ меравад, бояд дар назар дошт, ки ин мафҳум ба ҳамон маънои маъмулии «gender», яъне «ҷинс» ба маънои биологию физиологӣ ва категорияи грамматикӣ нест. Дар натиҷаи инкишофи маъноӣ он ба мафҳуми васеи илмӣ табдил ёфтааст, ки ба таври умум доир ба муносибатҳои марду зан дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла, сиёсат, иқтисод, ҷомеа, оила ва илму фарҳанг баҳс мекунад. Яке аз машҳуртарин ҷунбишҳои занон барои ноил шудан ба баробарҳуқуқӣ бо мардон бо номи ҳаракати феминистӣ ёд мешавад, ки чун ҳаракати ҷавобӣ ба падарсолории чандинасра ба миён омада, дар охири асри XIX шакли ҳаракати гендериро гирифт. Истилоҳи «феминизм» аввалин бор аз ҷониби муаллифи романи «Хонуми комелиядор» - А. Дюма-писар истифода шудааст, ки аз калимаии лотинии «фемина» - зан мебошад. Муаррихону муҳаққикони феминизм ҳамсари президенти Амрико Ҷон Адамс – Эбигай Адамсро, ки соли 1776 дар номаи худ аз шавҳараш беҳтар намудани аҳволи занонро талаб намуда буд, аввалин муборизи роҳи озодии занон мешуморанд. Вале нахустин Манмфести феминизм, бе шубҳа, «Эъломияи ҳуқуқи зан ва гражданка» мебошад, ки онро соли 1791 адибаи на ба ҳама маълум – Олимпия де Гуж навиштааст. Дар моддаи якуми Эъломия гуфта шудааст: «Зан таваллуд мешавад ва дар назди қонун озод аст ва бо мардҳо баробарҳуқуқ мебошад». Моддаи шашум ин фикрро идома медиҳад: «Ҳамаи гражданкаҳо ва гражданинҳо барои соҳиб шудан ба тамоми мартабаю мансабҳои ҷамъиятӣ, ба тамоми вазифаҳо бояд ҳуқуқи баробар дошта бошанд ва ғайр аз қобилияту истеъдоди шахсиашон ба ин чизе набояд монеъ шавад». Дар хотима Олимпия де Гуж паямбарона изҳор карда буд: «Агар зан ҳуқуқи ба пойи дор баромадан дошта бошад, пас барои ба минбар баромадан ҳам бояд ҳуқуқ пайдо кунад» . Чунин изҳороти беэҳтиётона сари адибаро ба бод дод: ӯро чун одаме, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ нафрат дорад, сар аз тан ҷудо карданд, вале ин изҳорот ба ӯ умри ҷовидон бахшид. Бо вуҷуди ин, масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон то дер ҳал нашуда монд. Гузашта аз ин, дар баъзе кишварҳо қонунҳое ба тасвиб расид, ки ошкоро барои нигоҳ доштани вазъи нобаробари зан нисбат ба мард ва мутеияти ӯ ба мард равона шуда буд. Аз ҷумла, Кодекси граждание, ки Бонапарт Наполеон соли 1804 интишор дод ва он асоси юрисдиксияи буржуазӣ ҳисоб мешуд, тасдиқ намуд, ки занҳо ҳуқуқи шаҳрвандӣ надошта, зери васояти падар ё шавҳари худ қарор доранд. Дар пайравӣ аз ин кодекс тамоми қонунҳои нави буржуазӣ тақсимоти анъанавии нақшҳои марду занро дар ҷомеа қотеона муқаррар намуданд. Ба мардҳо, мисли пештара, олами беруна ва сарварӣ дар хона, ба занҳо бошад, олами хона, тарбияи кӯдак ва тобеият ба шавҳар тааллуқ доштанд. Ин тартибот қуллаи баландтарини падарсолорист. Мард сарвари хона, хӯҷаини комилҳуқуқи зани худ мегардад. Дар ин ҷо вай имкон пайдо мекунад, ки пурра қомат рост намуда, ба шахси ҳукмрон табдил ёбад. Вай малакаи ҳукмрониро аз ҳисоби пахш кардани шахси дигар меомӯзад. Ин «шахси дигар» зани ӯст, ки аз рӯйи қонун вазифадор аст, ки обрӯйи шавҳарро дар оила баланд бардорад, ба ӯ сари таъзим фуруд орад ва зулми ӯро мутеона таҳаммул намояд. Танҳо дар нимаи дуюми асри нуздаҳум дар Англия ҷунбишҳои занон аз нав вусъат ёфт. Соли 1960 ба парламенти кишвар петитсия (хитобнома), ки ба он 1500 нафар занон бо талаби ҳуқуқҳои пурраи интихоботӣ имзо карда буданд, супурда шуд. Ин талаб беҷавоб монд ва боиси намоишҳои эътирозии занон гардид, ки он ба таърих бо номи роҳпаймоии суфражистӣ дохил гардидааст . Бо вуҷуди ин, занон дар натиҷаи муборизаи худ барои ба даст овардани ҳуқуқи интихобот охири асри XIX аввалин маротиба дар Зеландияи Нав ва Австралия ба ин ҳуқуқ комёб гаштанд. Таҳти фишори созмонҳои гуногуни занон дар муҳимтарин кишварҳои ҷаҳон солҳои гуногун занон ба ҳуқуқи интихобшавӣ ноил гардиданд: № Номи кишвар Сол № Номи кишвар Сол 1 Зеландияи нав 1893 7 Голландия 1919 2 Австралия 1896 8 ИМА 1920 3 Дания 1915 9 Исландия 1920 4 Россия 1917 10 Британияи Кабир 1928 5 Австрия 1918 11 Фаронса 1944 6 Олмон 1919 12 Италия 1945 Аммо, тавре ки баъдтар маълум гардид, ба даст овардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ҳанӯз ними кор будааст. Муҳимтар аз он омӯхтани истифодаи ин ҳуқуқҳо аз ҷониби занон буд. Барои ин, табиист, ки вақт ва саъю кӯшиши беандозаи созмонҳои бонувон лозим гардид. Бинобар ин дар ибтидо нақш ва саҳми занон дар интихобот ва сиёсати кишварҳо ноаён боқӣ монд. Танҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи дастгирии давлатии ҳуқуқи занон намояндагони арзандаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ кор ва фаъолият мекарданд. Дар охири солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ фаъолияти сиёсии занон дар арсаи байналмилалӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Дигаргуниҳои солҳои 80-ум дар фаъолияти занон ҷомеашиносонро маҷбур кард, ки «инқилоби оромонаи занҳо»-ро чун инқилобе дар асри ХХ арзёбӣ намоянд. Тавре ки муҳаққикон қайд кардаанд, заминаҳо ва сабабҳои асосии ин дигаргуниҳо чунин буданд: • Ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ бештар ҷалб шудани занон; • Ба таври умумӣ баланд шудани ихтисоси меҳнатии онҳо; • Болоравии таҳсилоти занон; • Баррасии аҳаммияти фаъолияти меҳнатии зан дар ҷомеа; • Аз зарурати маҷбурӣ ба сарвати махсус табдил додани меҳнати зан. Ҳаёти зан ба шарофати меҳнати касбӣ сифатан нав шуд, яъне пурмазмунтар ва эҷодкоронатар гардид. Ҳаракати нави занон неофеминизм ном гирифт. Шиорҳои он ба бартараф намудани тасаввуроти анъанавӣ равона шудааст, ки вазифаи асосии зан давом додани насл аст, мақсади асосии ҳаёти онҳо иҷрои вазифаҳои наслофарӣ буда, таваллуд кардани фарзанд кори умдатарини онҳост. Неофеминисткаҳо исрор мекунанд, ки модариро аз категорияи «вазифа» ба категорияи «ҳуқуқ»-и зан гузаронидан лозим аст. Онҳо талаб менамоянд, ки ҳуқуқи зан барои пешгирии ҳамл ва имконияти қатъи он эътироф шавад. Неофеминисткаҳо ҳамчунин дар бораи «модарии бошуурона» ва «банақшагирии оила» масъала ба миён мегузоранд ва бо овози баланд шиор мепартоянд: «Батни мо ба мо тааллуқ дорад!» Маънои «батни худ», бадани худро соҳиб шудани зан дар ин маврид ба тақдири худ соҳиб шудан аст. Ҳамин тариқ, дар асри ХХ ҳаракати занон хусусияти байналмилалӣ пайдо намуд. Як қатор конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардида, ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба вазъу ҳуқуқҳои занон қабул шуданд. Махсусан, чор конфронси умумиҷаҳонӣ, ки аз ҷониби СММ доир ба вазъияти занон тайи солҳои 1975 – 1995 даъват шуда буданд, нақши басо муҳим бозиданд. Ба шарофати ин конфронсҳо мушкилоти занон дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Тадриҷан бисёр кишварҳои ҷаҳон ин ҳуҷҷатҳоро ба тасвиб расонда, ба ин тариқ ба ҳалли мушкилоти занон дар кишварҳои худ мароқ зоҳир намуданд. Дар баробари ҳимояи манфиатҳои занон мутахассисони соҳаи гендершиносӣ ба мушкилоти мардон низ рӯ оварданд. Муҳаққиқони ҳаракати феминистӣ ба хулосае омаданд, ки масъалаҳои занонро дар танҳоӣ, бе дарку фаҳмиш ва иштироки фаъолонаи мардон ҳал кардан имконнопазир аст. Ҳамин тариқ, феминизм дар арсаи байналмилалӣ ба ҳаракати гендерӣ табдил ёфта, дар олами мутамаддин вусъати бештаре пайдо кард ва дар айни замон ҷузъи таркибии сиёсати дохилии бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки таҳқиқоти гендерӣ аслан идомаи мантиқии ҳаракат ва пажӯҳишҳои феминистӣ буда, дар заминаи он ба вуҷуд омадааст. Аммо мафҳумҳои феминизм ва гендершиносиро як шуморидан дуруст нест, зеро гендер илмест, ки на танҳо соҳаҳои ҳаёт ва инкишофи занон, балки мардонро низ дар якҷоягӣ бо тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ аз нигоҳи илмҳои соҳаҳои мухталиф мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Барои мутахассисон тафовути феминизм аз ҳаракати гендерӣ равшан аст, вале барои хонандаи оддӣ онро чунин шарҳ додан мумкин аст: ҳаракати гендерӣ марду занро муқобили ҳам намегузорад, балки ҳар ду ҷинсро барои зиндагии муназзам ва мувозин даъват менамояд, яъне ҳам манфиатҳои мардон ва ҳам манфиатҳои занон бояд дар шароити баробар риоя ва ҳимоя шаванд. Инкишофи минбаъдаи ҷомеаи инсонӣ дар бисёр ҳолатҳо ба муваффақ шудан ба ин мувозинат робитаи қавӣ дорад. 1.2. ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ГЕНДЕРШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Бо вуҷуди таърихи тӯлониро доро будани мушкилоти гендерии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ба омӯзиши он танҳо охири солҳои навадуми асри гузашта рӯ оварданд. Таҳқиқотҳои гендерие, ки дар заминаи ҳаракатҳои феминистии солҳои 60-уми асри ХХ дар кишварҳои Ғарб ба вуҷуд омаданд, танҳо пас аз пошхӯрди Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон омада расиданд. Яке аз муҳимтарин сабабҳои чунин таъхиркунӣ, ба андешаи мо, он буд, ки пешвоёни ҳукумати шӯравӣ баробарҳуқуқии мардону занонро пурра таъминшуда меҳисобиданд ва чунин мепиндоштанд, ки ин масъала умуман вуҷуд надорад. Баъди ба даст овардани истиқлолият, махсусан, пас аз он ки бар асари даргириҳои сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ сатҳи зиндагии мардум, пеш аз ҳама, занон дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳод, ба таҳқиқу омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни гендерӣ диққати махсус дода мешавад. Омӯзиши ин масъала талаби замон буда, он ба яке аз проблемаҳои ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба тасвиб расонидани қонунҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи занон (CEDAF), ки ба он Тоҷикистон соли 1993 ворид гардид, заминаҳои хуби ҳуқуқӣ ва амалии таҳлилу омӯзиш ва ҳалли проблемаҳои марбут ба занонро муҳайё сохтанд. Тавре дар Ҳисоботи миллӣ «Дар бораи ислоҳоти системаи маълумоти олӣ ва вазъияти маълумоти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидааст , тайи солҳои охир барномаву санадҳои қонунгузорӣ ва маъмурӣ оид ба масъалаҳои гендер ба тасвиб расиданд, ки дар қатори онҳо метавон аз асноди зерин ёдовар шуд: • Нақшаи миллии амалиёт оид ба мақом ва нақши занон дар солҳои 1998-2005; • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» (1999); • Барномаи давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занон ва мардон дар солҳои 2001-2010; • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» (2005). Созмонҳои байналмилалии Барномаи рушди СММ, ЮНИСЕФ, ЮНИФЕМ, Агентии ИМА оид ба рушд, Идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Институти «Ҷомеаи кушода» - Бунёди мадад (Хазинаи Сорос), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), CARE International ва ғайра бо назардошти вазъияти мураккаби таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ дар Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳо дар ин самт кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки ба таҳқиқи проблемаҳои гендерӣ дар ҷомеа, ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, тайёр кардани тренерҳо ва мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаи гендершиносӣ, баргузории семинару тренингҳо, конфронсу вохӯриҳо, ҳамчунин ба табърасонидани нашрияҳо ва маводи омӯзиш оид ба гендер равона шудаанд. Бо саъю кӯшиши созмонҳои байналмилалӣ аз соли 1995 сар карда дар ҷумҳурӣ аввалин таҳқиқоти сотсиологӣ доир ба вазъи занон сурат гирифтанд . Коршиносони байналмилалӣ Ш. Тоҷбахш, К. Харрис, А. Рихтер, Д. Фолингэм ва дигарон дар ин давра дар Тоҷикистон фаъолият намуда, дар таҳқиқи масоили гендерӣ саҳми муайян гузоштанд . Имрӯз дар Тоҷикистон созмонҳои ғайриҳукуматии зиёдеро метавон номбар кард, ки бо омӯзишу таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни гендершиносӣ дар Тоҷикистон машғуланд. Дар байни онҳо Бюрои «Бонувон дар раванди инкишоф», «Ассотсиатсияи занони маълумоти олидор», «Анъанаҳо ва давраи муосир», «Олимаҳои Тоҷикистон», «Панорама», «Манижа», «Модар», «Лигаи занҳои ҳуқуқшинос», Маркази дастгирии ислоҳоти маориф «Пулс» ва ғайра ҳастанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ маҷаллаҳои «Сабо» (аз соли 1996), «Гуфтугӯ» (замимаи маҷаллаи бонувон «Фирӯза», аз соли 2002) ва «Равзана ба ҷаҳон» (аз соли 2006) ба табъ мерасанд. Ҳамзамон бо ин гуна чорабиниҳо дар масъалаи ба барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ба тариқи курсҳои интихобӣ ва факултативӣ ворид намудани омӯзиши масъалаҳои гуногуни гендерӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Аввалин шуда дар Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон соли 1999 бо ташаббуси СҒҲ «Анъанаҳо ва замони муосир» курси махсуси «Гендер ва фарҳанг» хонда шуд ва дастури таълимии «Гендер и культура» таҳия ва нашр гардид . Солҳои гуногун дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон низ омӯзиши масъалаҳои гуногуни гендерӣ тавассути курсҳои махсус ба роҳ монда шуд. Таърихи ҷорӣ шудани таълими курси махсус аз гендершиносӣ дар факултети Шарқшиносии ДДМТ ба соҳаи наву махсуси гендершиносӣ - баррасии инъикоси масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт вобастагии зич дорад. Дар ин факултет бори аввал соли 2001 бо ташаббуси профессори кафедраи филологияи Эрон, шодравон Ф. Р. Амонова ва дастгирии барномаҳои гендерии Донишгоҳи озоди Аврупо (Будапешт, Венгрия) семинари илмю амалӣ дар мавзӯи «Гендер: забон ва адабиёт» гузаронида шуд, ки дар он олимону мутахассисон аз донишгоҳҳову институтҳои гуногуни Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Маводи ин семинарҳо дар маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ расид ва аз ҷониби мутахассисони ин соҳа баҳои баланд гирифт . Аз ҳамон сол ин ҷониб дар факултети Шарқшиносӣ таълими курси «Масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт» ба роҳ монда шудааст. Соли 2004 аз ҷониби муаллифи ин дастур барномаи таълими ин курс таҳия ва тасдиқ гардида, дар «Маҷмӯаи курсҳои махсус оид ба таҳқиқоти гендерӣ» ба табъ расид . Дар доираи фаъолияти илмю омӯзгории худ дар ин соҳа, ба муаллифи ин дастури таълим муяссар гардид, ки бо бурси Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ соли 2006 ба муддати панҷ моҳ дар департаменти гендершиносии Донишгоҳи Канзаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кори илмю таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад. БОБИ ДУВВУМ. ГЕНДЕРШИНОСИИ ЛИНГВИСТӢ 2.1. МАСОИЛИ УМУМИИ ТАШАККУЛ ВА САМТҲОИ АСОСИИ ГЕНДЕРШИНОСИИ ЛИНГВИСТӢ Гендершиносии лингвистӣ ва хусусиятҳои таҳқиқоти он. Мафҳуми «гендер» ба забоншиносии муосир нисбат ба дигар илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ хеле дер, дар нимаи дуввуми қарни ХХ ворид шудааст. Аввалин таҳқиқот дар ин соҳа дар Ғарб сурат гирифт, ки ба тасвири системавии хусусиятҳои нутқи мардонаву занона дар заминаи гурӯҳи забонҳои германӣ ва романӣ бахшида шуда буд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан, дар Россия, ба ин масъала охири солҳои 80-ум ва 90-уми қарни гузашта таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар ин ҷода монографияи А.В.Кирилина «Гендер: ҷанбаҳои лингвистӣ» -ро, ки соли 1999 дар Маскав ба табъ расидааст, метавон қайд кард. Дар ин таҳқиқот барои фаҳмиши системавии забон вобаста ба мансубияти ҷинсӣ кӯшиш ба харҷ дода шудааст, модели назариявии гендер таҳия гардида, гурӯҳбандии методии тарзу усулҳои таҳқиқи проблемаҳои гендерӣ дар забоншиносӣ анҷом гирифтааст. Таҳлили масоили гендерӣ дар забоншиносӣ ба муҳаққиқон имкон додааст, ки муҳимтарин хусусиятҳои таҳқиқоти гендериро дар ин соҳаи илм дар муқоиса бо гендершиносии ҳуқуқиву иҷтимоӣ муайян намоянд. Қабл аз ҳама, мавзӯи таҳқиқот дар ин маврид муносибати байниҳамии забон ва ҷинс мебошад, яъне мансубият ба ин ё он ҷинс чӣ гуна дар забон зоҳир мешавад: системаи номинативии забон, лексика, синтаксис, категорияи ҷинсият ва ғ. Сониян, мақсади таҳқиқоти гендерӣ дар забон метавонад омӯзиши мароми нутқии ҷинсҳо, таъйин ва тасвири хусусиятҳоит нутқи мардону занон бошад. Севвум, таҳқиқоти гендерӣ дар забоншиносӣ маъмулан характери байнифаннӣ ва муқоисавӣ дорад. Чорум, ҳамаи риштаҳову қисматҳои забоншиносӣ метавонанд аз нуқтаи назари гендершиносӣ таҳлилу таҳқиқ гарданд. Ва ниҳоят, таҳлили гендерӣ дар забоншиносӣ бештар характери таҷрибавию амалӣ дорад. Лингвистикаи феминистӣ ва таърихи он. Яке аз муҳимтарин самтҳои таҳқиқот дар гендершиносии лингвистӣ бо номи лингвистикаи феминистӣ ёд мешавад. Лингвистикаи феминистӣ, ё худ нақди феминистии забон дар забоншиносӣ солҳои 60-70-уми қарни ХХ ворид гардидааст. Пайдоиши он дорои заминаҳои ҳам ғайризабонӣ (экстралингвистӣ) ва ҳам забонӣ (лингвистӣ) буд. Ба заминаҳои берунизабонӣ як қатор ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла, инкишофи «Ҷунбиши нави занон» дар Амрико ва Аврупо, маъмул гардидани ғояҳои феминизм дар Ғарб ва падидаи ба истилоҳ «эволютсияи когнитивӣ»-ро метавон ном бурд. Дар тӯли садсолаҳо салоҳияти когнитивӣ (дарк, идрок) дар забон ба мардон тааллуқ дошт, зеро маҳз мардон ба гирифтани таҳсилот ва фаъолият дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ бештар имкон доштанд. Фаъолияти когнитивии занон бештар дар доираи оила ва иҷрои вазифаҳои модариву заношӯӣ маҳдуд мегардид, ки он дар забон низ инъикоси худро ёфтааст. Ба омилҳои забонӣ, аз як тараф, пайдо шудани самтҳои нави таҳқиқот дар забоншиносӣ дар солҳои 50-60-уми қарни гузашта – лингвистикаи психологӣ, лингвистикаи иҷтимоии квантитативӣ, назарияи муошират ва, аз тарафи дигар, дар таърихи забоншиносӣ ба мақоми аввал баровардани омӯзиши омили инсонӣ ва проблемаи алоқаи байниҳамии забон ва хусусиятҳои биологию иҷтимоии инсон, аз ҷумла, мансубияти ҷинсии ӯ дохил мешавад. Соли 1970 хонум Мэри Кей дар Донишгоҳи Калифорния семинари аввалинро оид ба проблемаҳои забон ва ҷинс доир намуд ва соли 1975 аз рӯйи маводи ин семинар китоберо бо номи «Забони мардон/занон» ба табъ расонд. Дар худи ҳамон сол асари илмии Робин Лакофф «Забон ва мақоми зан» ва баъдтар асарҳои Луиза Пуш «Забони олмонӣ-забони мардон» ва Сента Тремел-Плетс «Забони зан-забони тағйирот» ба табъ расиданд, ки сарчашмаҳои назариявии нақди феминистии забон маҳсуб мешаванд. «Поймолшавӣ»-и ҳуқуқи зан дар забон. Яке аз самтҳои асосии нақди феминистии забон таҳқиқи «поймолшавӣ»-и образи зан дар нақшаи забони ҷаҳон, ё худ мавҷудияти номавзунӣ дар системаи забонист, ки ба муқобили зан равона шудааст. Намояндагони ин ҷараён бар он ақидаанд, ки забон биниши мардро инъикос мекунад, арзишҳои сирф «мардона»-ро ба сари ҳама бор мекунад. Ба ин маънӣ, ҳамаи забонҳое, ки дар ҷамъияти падарсолорӣ амал мекунанд, забонҳои «мардона» мебошанд. Объекти марказии чунин таҳқиқот таркиби луғавии забон, ё худ лексикаи забон аст. Таҳқиқоти дар ин самт анҷомгирифта чунин фактҳоро муайян намуд: • мутобиқати калимаҳо дар сатҳи синтаксисӣ аз рӯйи шакли ҷинси грамматикии ҳиссаи мувофиқи нутқ сурат мегирад, на аз рӯйи мансубияти ҳақиқии референти ҷинс; • мафҳумҳои «мард» ва «инсон» як шуморида мешаванд ва дар бисёр забонҳо муодиланд; • шаклҳои занонаи калимаҳо аз асоси шаклҳои мардонаи онҳо сохта мешавад: Lehrer – Lehrererin (олмонӣ), учитель – учительница (русӣ), муаллим – муаллима (арабӣ/тоҷикӣ); • аксари васоили лексикӣ, ки барои тасвири занон истифода мешавад, характери манфӣ дорад ва ғайра. Ҳатто агар шаъну эътибори мардеро паст заданӣ шаванд, аз ибораҳое истифода мекунанд, ки хоси занон мебошанд: занакмизоҷ шудӣ, занак барин метарсӣ. Вақте ки номи халқҳоро ба забон меорем, маъмулан аҳолии мардинаи он ба назар гирифта мешавад: рус, англис, амрикоӣ ва ғ. Сюзен Романи, муҳаққиқи англис дар кори худ як мисоли аҷиб овардааст: Падару писар ба садамае дучор мешаванд. Падар ҳалок мешавад. Писарро дар ҳолати хеле вазнин ба бемористон меоранд. Ҷарроҳ ӯро дида, аз табобат даст мекашад ва мегӯяд: «Ман ӯро ҷарроҳӣ карда наметавонам, ӯ писари ман аст» . Барои аксари онҳое, ки ин ҳикоятро мешунаванд, он дур аз ҳақиқат, ғайриоддӣ ва ҳатто берун аз ақл ба назар мерасад, ё ҳеҷ набошад, боиси ханда мешавад, зеро он, ки ҷарроҳ дар ин маврид метавонад зан ва модари он писар бошад, ба фикри касе намеояд! Аз рӯйи таҳқиқоти хонум А.П.Нилсен, дар Фарҳанги Вебстер ӯ ба 517 номи касбу кори шаклҳои мардонаву занона дошта, ба 385 касбу кори фақат шакли мардона дошта ва танҳо ба 132 касбу кори характери занона дошта дучор омадааст. Сабаби ин ҳодисаро ӯ ба таври зерин шарҳ медиҳад: Якум, ин натиҷаи вазъияти таърихан муқарраршудаи хусусиятҳои тақсимоти фаъолияти корӣ аст, ки бартарӣ ба ҷониби мардон аст. Дуввум, номи аксари касбу ҳунарҳоро мардон гузоштаанд. Муҳаққиқи дигар–хонум Д. Камерон қайд мекунад, ки дар забони англисӣ 220 калима мавҷуд аст, ки барои тавсифи зани сабукпо истифода мешавад, дар сурате ки барои чунин мардон 10 маротиба камтар аз он, яъне фақат 22 калимаву мафҳум вуҷуд дорад. Хусусиятҳои нутқи мардону занон. Самти дигари таҳқиқот дар танқиди феминистии забон омӯзиши хусусиятҳои нутқи занону мардон, рафтори гуфтугӯйии онҳост. Таҳқиқоте, ки дар забонҳои гуногун дар ин самт анҷом гирифтааст, чунин хусусиятҳои фарқкунандаи «рафтор»-и забони мардону занонро муайян намудааст: • Зан бештар ба савол додан майл дорад; • Саволҳо бештар бо мақсади давом додани сӯҳбат дода мешаванд, яъне зан бештар ба идомаи сӯҳбат майл дорад; • Норозигии худро бо ақидаи ҳамсӯҳбат зан бештар бо хомӯшӣ ифода мекунад, на бо роҳи эътирози калимагӣ; • Сухани занро бештар мебурранд; • Гуфтори зан бештар нарму мулоим буда, мафҳумҳои ифодакунандаи ҳурмату эҳтиром бештар истифода мешаванд; • Талаботи худро зан бештар бо тарзи хоҳишу илтимос ифода мекунад; • Занҳангоми сӯҳбат бештар бахшиш мепурсад; • Мард бештар ба таври худ гуфтаҳои ҳамсӯҳбатро шарҳ медиҳад, ҳамсӯҳбаташро, махсусан, агар ӯ зан бошад, бештар мебуррад; • Мард бо ҳамсӯҳбаташ бештар баҳс мекунад, ба ӯ баёни ақидаи худ ва ҳимояи мавқеи худ хос аст; • Мард кӯшиш мекунад, ки дар сӯҳбат нақши асосӣ дошта бошад, сӯҳбатро «идора» кунад; • Ӯ фикри худро кушоду равшан, ҳатто бо дағалӣ ифода мекунад, аз мафҳумҳои ифодакунандаи ҳурмату эҳтиром камтар истифода мекунад . Пай бурдан душвор нест, ки аксари мулоҳизаҳои зикршуда ба забони тоҷикӣ низ хос аст. Аммо дар баробари ин забони тоҷикӣ дорои хусусиятҳои фарқкунанда буда, метавонад дорои самтҳои хоси таҳқиқоти гендершиносии лингвистӣ бошад. 2.2. САМТҲОИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ГЕНДЕРШИНОСИИ ЛИНГВИСТИИ ТОҶИК Гендершиносии лингвистӣ дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон гендершиносӣ, умуман ва гендершиносии лингвистӣ, махсусан, аз илмҳои нав буда, ҳанӯз вусъати бештаре пайдо накардааст. Ба масоили гендерӣ дар забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик бори аввал аз ҷониби профессори кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шодравон Ф.Р. Амонова таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Гендер: забон ва адабиёт» соли 2001 дар факултети Шарқшиносии донишгоҳи номбурда ду семинари илмию амалӣ баргузор гардид, ки ба таҳқиқи масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт бахшида шуда буд. Маводи ин семинарҳо дар маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Гендер: забон ва адабиёт» ба табъ расид . Дар баробари мақолаҳои характери таҳқиқотӣ дошта ба баъзе масъалаҳои назариявии омӯзиши масоили гендерӣ дар забон ва адабиёти тоҷик низ дахл карда шуд. Самтҳои асосии имконпазирии таҳқиқот дар ин ришта низ муайян шуданд. Дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ низ аз ҷониби муҳаққиқи соҳаи гендер – М.Т. Маҳмадҷонова барномаи курси махсус таҳия гардида, ба нақшаи таълим ворид гардид . Яке аз аввалин муҳаққиқони гендершиносии лингвистии тоҷик Ф. Амонова қайд кардааст, ки пажӯҳишоти гендерӣ дар забони тоҷикӣ ба дастовардҳои забошиносии Ғарб такя намуда, бояд дар самтҳои зерин сурат гирад: 1.Тафовутҳои интралингвистии забони занони тоҷик: тафовутҳо дар фонетика, фонология, грамматика ва лексика; 2. Пажӯҳиши хусусиятҳои зерини стратегияҳои гуфтугӯии занон ва мардон: а) дастболоӣ (ҳукмронӣ)–и мард дар сӯҳбат; б) қолабҳои гуфтугӯии хоси занон; 3. Хусусиятҳои сӯҳбат дар гурӯҳҳои якҷинса . Бо вуҷуди ин, метавон гуфт, ки гендершиносии лингвистӣ ва адабиётшиносии тоҷик ҳоло дар марҳилаи ибтидоии ташаккули худ қарор дорад ва метавонад дар оянда ба яке аз самтҳои муҳимми таҳқиқотӣ табдил ёбад. Мо дар ин ҷо танҳо ба масъалаҳои умумии инъикоси муносибатҳои гендерӣ дар забон ва адабиёти тоҷик, умумиятҳо ва хусусиятҳои фарқкунандаи он дар муқоиса бо забонҳои дигар дахл хоҳем кард. «Гендер» беҳтар ё «ҷинс»? Қабл аз ҳама, бояд оид ба истифодаи истилоҳи «гендер» дар забони тоҷикӣ каме мулоҳиза ронд. Маълум аст, ки калимаи «гендер» (gender) англисӣ буда, аслан барои ифодаи мафҳуми «ҷинс» ва «ҷинси грамматикӣ» дар забон истифода мешавад. Аз ин ҷост, ки аксари муҳаққиқони забони тоҷикӣ бар он ақидаанд, ки ба ҷойи калимаи «гендер» муодили тоҷикии он «ҷинс» ба кор бурда шавад. Вале истилоҳҳои «гендер» ва «гендершиносӣ» (гендерология) имрӯз мафҳумҳоеро ифода мекунанд, ки доираи онҳо аз мафҳумҳои маъмулии «ҷинс», «категорияи ҷинсият» хеле васеъанд. Гендершиносӣ имрӯз соҳаи махсуси илмҳои ҷамъиятшиносӣ буда, он таҳлилу омӯзиши тамоми муносибатҳои байниҳамии марду занро дар ҷамъият дар бар мегирад: ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маишӣ, оилавӣ ва ғайра. Барои он ки тафовути мафҳумҳои «гендер» ҳамчун соҳаи махсуси илм ва ҳамчун категорияи ҷинс беҳтар дарк шавад, чунин мисол овардан мумкин аст: Дар забони русӣ мафҳуми «гендерные отношения» вуҷуд дорад. Агар ба ҷойи калимаи «гендер» муодили тоҷикии он – «ҷинс»-ро қабул кунем, он гоҳ ин ибораи русӣ ба тоҷикӣ «муносибатҳои ҷинсӣ» тарҷума мешавад. Тарҷумони дигар ин ибораи тоҷикиро ба русӣ ба шакли «половые отношения» тарҷума хоҳад кард. Ин ибораи русиро агар бори дигар ба тоҷикӣ тарҷума кунем, он «муносибатҳои шаҳвонӣ» мешавад. Ва агар боз ин ибораи тоҷикиро ба русӣ тарҷума кардан хоҳем, он «сексуальные отношения» хоҳад шуд! Мусаллам аст, ки «муносибатҳои гендерӣ» (гендерные отношения) бо мафҳуми «муносибатҳои шаҳвонӣ» (сексуальные отношения) иртиботе надорад, аз ин рӯ ба шакли «ҷинс» тарҷума кардани мафҳуми «гендер» дар ин маврид қобили қабул нахоҳад буд. Бесабаб нест, ки дар забони русӣ ҳам ин истилоҳро иқтибос кардаанд, ҳол он ки метавонистанд онро ба шакли «род» тарҷума кунанд. Роҳҳои ифодаи ҷинсият дар забони тоҷикӣ. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, категорияи ҷинсият ба забони тоҷикӣ хос нест. Он шакли грамматикии ифода надорад. Яъне бо тағйир додани шакли калимаҳо мафҳумҳои занона сохта намешаванд (Муқоиса кунед: He goes/She goes; Он пошел/она пошла – ӯ меравад; ӯ рафт). Аз ин рӯ аз рӯйи матн муайян намудани ҷинс, ё худ ба кӣ (зан ё мард) тааллуқ доштани сухан хеле мушкил аст. Аммо, азбаски дар ҳаёти реалӣ тақсимоти ҷинсӣ вуҷуд дорад, дар мавридҳои муайян ҷинс бо роҳҳои гуногун ифода меёбад. Муҳимтарин роҳҳои ифодаи ҷинсият дар забони тоҷикӣ инҳоянд: 1. Дар калимаҳои ифодакунандаи миллату халқиятҳо ва касбу кори одамон барои нишон додани ҷинси занона калимаҳои «зан», «духтар» илова мешаванд: қазоқдухтар, тракторчизан, зани рус, духтари амрикоӣ ва ғ. Гоҳо ба ному насабҳои занонаи забонҳои хориҷӣ барои нишон додани мансубияти ҷинсии онҳо калимаи «хонум»-ро истифода мекунанд: хонум Тетчер, хонум Дворкин ва ғ. 2. Дар баъзе мафҳумҳои тоҷикӣ, бештар дар номи ҳайвонҳо, таърихан барои ифодаи ҷинс аз калимаҳои комилан гуногун истифода мешавад: меш ва гӯсфанд, мурғ ва хурӯс. Аммо аксар вақт барои нишон додани ҷинси ҳайвонот аз калимаҳои «мода» ва «нар» истифода мешавад: модагург, модасаг, шери нар, хирси нар ва ғ. 3. Аксари номҳои занонаи тоҷикӣ, ки аслан арабиянд, бо роҳи иловаи пасванди «-а» шакли занона мегиранд: Шариф-Шарифа, Салим-Салима, Замир-Замира ва ғ. Баъзе номҳои аслан тоҷикӣ низ бо ин роҳ шакли занона мегиранд: Хуршед-Хуршеда, Умед-Умеда ва ғ. 4. Вобаста ба хусусиятҳои забони арабӣ дар калимаҳои иқтибосии ифодакунандаи касбу кор шакли занонаи онҳо мавҷуд аст, ки бо иловаи пасванди «-а» сохта мешавад: муаллим-муаллима, шоир-шоира, котиб-котиба, адиб-адиба. Гоҳо ин калимаҳо шаклан гуногун мешаванд: талаба-толиба. 5. Баъзе шаклҳои занонаи номҳо бо иловаи калимаҳои ба зан-духтар нисбат додашуда - «моҳ», «гул», «бибӣ» сохта мешаванд: Сафар – Сафармоҳ, Нор-Норбибӣ, Рӯзӣ-Рӯзигул ва ғ. Ин мисолҳо гувоҳи онанд, ки дар забони тоҷикӣ низ мисли забонҳои дигар калимаҳо дар шакли аслӣ ҳамчун калимаҳои ба ҷинси мард тааллуқдошта ба назар гирифта мешаванд, бо вуҷуди он ки ифодаи ҷинсият, тавре ки дар боло зикр кардем, ба забони тоҷикӣ хос нест. Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ низ метавонад аз нуқтаи назари масоили гендерӣ мавриди омӯзиш қарор гирад. Самтҳои таҳқиқот вобаста ба категорияи ҷинсият. Дар баробари хусусиятҳои умумии тафовутҳои гуфтори мардону занон, ки аз рӯйи таҳқиқоти анҷомгирифта ба таври хулоса дар боло қайд кардем, дар робита ба хусусиятҳои забони тоҷикӣ, зиндагии мардуми тоҷик ва дигар масъалаҳои марбут ба он метавон ба нуктаҳои зер ишора кард. Пеш аз ҳама, мавҷуд набудани категорияи ҷинсият маънои баробарии ҷинсиро дар забони тоҷикӣ надорад. Ин ҳодиса ба он далолат мекунад, ки мафҳуми ҷинсият дар забони тоҷикӣ танҳо шакли грамматикии ифода надорад, яъне бо ин ё он воситаи грамматикӣ (дигар шудани шакли калима, иловаи пасвандҳо ва ғайра) махсус ифода намеёбад. Аз ин рӯ, мансубияти ҷинсиро бо роҳи таҳлили сирф забонӣ (мутобиқшавии шакли калимаҳо) муайян кардан аз имкон берун аст. Масалан, танҳо аз рӯйи шакли ҷумлаи содаи русии «Я полюбила его» метавон ба осонӣ муайян кард, ки ин ифодаро зан гуфтааст, дар сурате ки шакли тоҷикии ин ҷумла (Ман ӯро дӯст доштам) ба ин ё он ҷинси муайян далолат намекунад ва аз ҳар ду ҷониб метавонад гуфта шавад. Ё худ, барои тарҷумаи «Я развелась» ба забони тоҷикӣ мо маҷбурем, ки калимаи «шавҳар»-ро илова кунем ва онро ба шакли «Ман аз шавҳарам ҷудо шудам» нависем, танҳо дар ҳамин сурат тарҷума бо асл баробармаъно мешавад. Барои тарҷумаи ҷумлаи «Ӯро аз даст додам» ба забони русӣ ба мо маълумоти иловагӣ лозим аст, то ки аз тарафи кӣ (мард ё зан) гуфта шудани онро муайян кунем ва танҳо баъд аз он яке аз шаклҳои имконпазир – «Я потерял ее» ё «Я потеряла его»-ро интихоб кунем. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки таҳқиқи инъикоси муносибатҳои ҷинсият дар забони тоҷикӣ на аз тариқи таҳлили шаклҳои грамматикӣ, балки аз нуқтаи назари таҳлили лексикӣ-луғавӣ сурат гирад. Ин чунин маъно дорад, ки барои забони тоҷикӣ ташхиси калимаву мафҳумҳо ва ифодаҳои ба ин ё он ҷинс тааллуқдошта аҳамияти бештар касб мекунад. Масалан, барои забон ибораи «чашми сиёҳ» ибораи содаи синтаксисӣ буда, мантиқан ба ҳар ду ҷинс - ҳам мард ва ҳам зан метавонад тааллуқ дошта бошад. Аммо таҳлили матнҳои адабӣ-бадеӣ ва мушоҳидаҳои оддии ҳамарӯза ба он далолат мекунанд, ки ин ибора нисбат ба занҳо гуфта мешавад ва, аз ин рӯ, ҷумлаи «Чашми сиёҳ дорӣ» маъмулан чунин маънидод мешавад, ки мухотаби ҷумла зан ё духтари зебоест. Дар баробари ин, бо шунидани мафҳуми «бозуи қавӣ» дар тасаввури мо, пеш аз ҳама, марди тануманд ва ҷасуру тавоно муҷассам мегардад. Таҳлили расму оинҳо аз лиҳози лексикӣ. Яке аз муҳимтарин самтҳои таҳқиқоти гендерӣ дар забоншиносии тоҷик метавонад таҳлили расму оинҳои мардуми тоҷик аз лиҳози гурӯҳбандии лексикии хоси маросимҳои мардумӣ бошад. Зеро дар муқоиса бо дигар халқҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои шарқи исломӣ, расму оинҳо ба расму оинҳои сирф мардона ва занона ҷудо мешаванд. Аз ин рӯ, мусаллам аст, ки дар ин маросимҳо ҳам мардон ва ҳам занони тоҷик аз мафҳуму таркибҳое истифода мекунанд, ки хусусиятҳои гендерӣ доранд. Ба ҳар ҳол, маросимҳои мардумиро, сарфи назар аз маҳдудияти маҳаллӣ, ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: маросимҳое, ки бо иштироки якҷояи мардону занон мегузаранд, маросимҳое, ки хоси занон мебошанд, маросимҳое, ки фақат бо иштироки мардон мегузаранд. Таҳлили лексикии калимаву ибораҳо ва истилоҳҳое, ки дар ҳар яке аз чунин маросимҳо истифода мешаванд, барои муҳаққиқ ва, умуман, гендершиносии лингвистӣ, маводи қобили таваҷҷӯҳро метавонад муҳайё созад. Муайян кардани самтҳои асосии таҳқиқот маҳз ба маводи ҷамъовардашуда ва таҳлили хусусиятҳои лексикиву иҷтимоии онҳо вобаста хоҳад буд. Забон ва фолклор. Мардуми тоҷик дар муқоиса бо халқҳои дигари аврупоӣ метавонад бо мероси гаронбаҳои фарҳанги мардумӣ – фолклор фахр кунад. Дар ҳақиқат, дар тӯли солҳои ҳокимияти шӯравӣ дар фолклоршиносии тоҷик таҳаввулоти ҷиддии беназире рух дод: омӯзиши фарҳанги мардумӣ ба таври ҷиддӣ ва бо назардошти дастовардҳои илми муосир ба роҳ монда шуд, роҷеъ ба фолклори тоҷикони минтақаҳои гуногун таҳқиқот анҷом гирифта, натиҷаи онҳо дар шакли китобҳои алоҳида ба табъ расиданд. Аммо таҳқиқи тамоми масоили фолклоршиносӣ вобаста ба талаботи замон ва сиёсати ҳамон давра, аз нуқтаи назари илми адабиётшиносӣ ва принсипи назарияи синфият ва партиявияти адабиёт сурат мегирифт. Зарур аст, ки дар робита бо ҳадафу мақсадҳои таҳқиқоти гендерӣ ба ин масъалаҳо таҷдиди назар шавад ва онҳо тибқи таъсири мутақобилаи фолклор ва ҳаёти иҷтимоӣ, инъикоси муносибатҳои гендерӣ дар фолклор ва дигар масъалаҳои марбут ба он мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гиранд. Дар ин замина таҳлили гендериро метавон дар самтҳои зерин анҷом дод: • таркибу ибораҳои маросимҳои суннатии тоҷикон; • дуоҳо/орзуҳо/дашномҳои занона ва мардонаи мардуми тоҷик; • байту порчаҳои табрикотии тӯйҳои тоҷикон; • зарбулмасалу мақолҳои характери иҷтимоӣ дошта; • сурудҳои маросимии занона ва мардона ва ғ. Таҳлили муқоисавии хусусиятҳои забонии осори адибон ва адибаҳо. Омӯзиши ин масъала имкон медиҳад, ки муаллифияти шеър (асар), яъне ба зан ва ё мард тааллуқ доштани он дар шароити мавҷуд набудани шаклҳои грамматикии ҷинсият муайян гардад. Дар ин маврид ташхиси таркибу ибораҳои сирф занона ва сирф мардона вобаста ба мавқеи иҷтимоии онҳо, нуқтаи назари онҳо ба ҳамон як масъалаи иҷтимоӣ ва ғайра нақши муҳим мебозад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба таври намуна таҳлили ду порча шеърро чунин аҷом додан мумкин аст: 1. Гунаҳ кардам, гуноҳе пур зи лаззат, Дар оғӯше, ки гарму оҳанин буд. Гунаҳ кардам миёни бозувоне, Ки доғу кинаҷӯву оҳанин буд. 2. Зулфата боло задам, Сила ба шабҳо задам. Ҳар ду лабат гул намуд, Бӯса ба гулҳо задам. Тавре мебинем, ин ду порча ба як мавзӯъ бахшида шудааст. Бе зикри муаллиф низ, дар натиҷаи таҳлили забонӣ ва муқоисаи мазмун бо вазъи иҷтимоии мардум, мард ё зан будани муаллифи ҳар яке аз онҳоро муайян кардан мумкин аст. Дар порчаи аввал муаллиф дар оғӯши маҳбуб будани худро «гуноҳ» ҳисоб мекунад. Дар ҷамъияти мо ишқварзӣ танҳо барои духтарон «гуноҳ» ба шумор меравад. Оғӯши «оҳанин» танҳо ба мардон хос аст, оғӯши зан маъмулан «нарм» мешавад. Дар порчаи дуввум калимаи «зулф» истеъмол шудааст, ки он фақат ба зан нисбат дода мешавад. «Гул» низ ташбеҳест, ки маъмулан ҷойгузини зани зебо ва андоми ӯст. Ғайр аз ин, мард ифодаҳои «бӯса кардан», «бӯса задан», «бӯса гирифтан»-ро истифода мекунад, дар сурате ки зан «бӯса медиҳад». Аз ин рӯ, хулоса кардан душвор нест, ки муаллифи порчаи аввал зан (шоира) ва муаллифи порчаи дуввум мард (шоир) аст . Табиист, ки мавзӯъ ва мундариҷаи масоили гендерӣ дар забоншиносии тоҷик бо ин маҳдуд намешавад ва дар ҷараёни таълим он метавонад бо мавзӯъ ва самтҳои дигари таҳқиқ пурратар гардад ва дар айни замон доираи мавзӯъҳои пешниҳодшуда низ васеътар шаванд. БОБИ СЕВВУМ. МАСОИЛИ ГЕНДЕРӢ ДАР АДАБИЁТ 3.1. НИГОҲЕ БА НАЗАРИЯИ ФЕМИНИСТИИ АДАБИЁТ Назарияи феминистии адабиёт ва ҳадафҳои он. Пайдоиш ва ташаккули назарияи феминистии адабиёт таърихи дуру дарозеро дар бар нагирад ҳам (он 30-35 сол пештар дар Амрико ва Аврупои Ѓарбӣ ба миён омадааст), имрӯз бо суръати беш ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва муассисаҳои таълимиву илмӣ ворид гашта истодааст. Гуфтан кофист, ки имрӯз дар ИМА тақрибан ягон донишгоҳе нест, ки курсҳои адабиёти феминистӣ ва назарияи феминистӣ, ҳамчунин паҳлӯҳои гендерии эҷодиёти адабӣ омӯхта нашаванд. Ҳадафи асосии назарияи феминистии адабиёт таҷдиди назар ба матнҳои адабӣ аз нуқтаи назари 1) муаллифияти занон, 2) хониши занон ва 3) услубҳои занонаи нигориш аст. Ҳамаи ин аз эътирофи тарзи махсуси ҳастии занона дар чаҳон ва стратегияҳои ба он мувофиқи намояндагии занон бармеояд. Муҳаққиқони ин соҳа нақди феминистии адабиётро ба қисмҳои таркибии зерин ҷудо кардаанд: • адабиёти занона – ҷанбаи мансубияти ҷинсӣ омӯхта мешавад; • хониши занона – ҷанбаи тарзу усулҳои дарки хонанда омӯхта мешавад. • матни занона – услуби нигориш омӯхта мешавад. • шарҳи ҳол (автобиография)–и занона – мазмуну мундариҷаи матн омӯхта мешавад . Мафҳуми адабиёти занона омӯзиши ҷанбаҳои ба занон хоси эҷодиёти бадеиро дар бар мегирад. Элейн Шоуолтер дар мақолаи машҳури худ «Оид ба назми феминистӣ» ду усули асосии таҳлили адабиёти занонаро асоснок намудааст: 1.«Назарияи феминистӣ» - мафҳуми «занона» будан бо фаҳмиши умумӣ ва эътирофшудаи таърихи падарсолории адабиёт тавъам мегардад, муаллифони зан осори худро дар пайравӣ ба адабиёти «мардона» эҷод мекунанд ва аз ҳамон тарзу усули нигориш ва санъатҳои бадеие истифода мекунанд, ки хоси муаллифони мардина аст. 2) «Гинотанқид» (гинокритика) – ташаккули мафҳуми «худӣ» дар эҷодиёти адибаҳо, дур рафтан аз стреотипҳои мавҷуда ва даст кашидан аз мутобиқати кӯркӯрона ба қоидаҳои маъмулӣ дар эҷоди асар, саъю кӯшиш барои нишон додани тарзу усулҳои хоси занона. Агар таҳқиқоти дар ин соҳа то ба имрӯз анҷомгирифтаро таҳлил намоем, чунин ҷиҳатҳои назарияи феминистии адабиётро зикр кардан мумкин аст: • Осори бадеиро на танҳо аз рӯйи мавзӯъву мундариҷа, ғояҳои асосӣ, тасвирҳои бадеӣ, аҳаммияти таърихию адабӣ ва дигар меъёрҳои маъмули арзёбии асар, балки аз нуқтаи назари мансубияти муаллиф ба ин ё он ҷинс низ метавон мавриди таҳқиқ қарор дод. Дар ин замина таҳия ва чопи асару китобҳои алоҳида оид ба эҷодиёти адибаҳо ва шоираҳо, хусусиятҳои адабию жанрии эҷодиёти онҳо ва ғайра аз аҳаммият холӣ нест; • Мафҳуми «хониши занона» бар он далолат мекунад, ки ҳамон як асари бадеӣ аз ҷониби зану мард метавонад бо тарзҳои гуногун дарк шавад. Зан ба ҳар як асар аз диди худ, бо назардошти талаботи физиологию биологӣ ва манфиатҳои шахсиву ҷамъиятии худ «менигарад», аз ин рӯ фаҳмиши ҳамон як асар аз тарафи мард ва зан метавонад гуногун бошад; • Мафҳуми «матни занона» онро дар назар дорад, ки дар усули нигориши асар, новобаста ба мавзӯъ дар байни адибону шоирон ва адибаҳову шоираҳо тафовутҳои муайян метавонанд вуҷуд дошта бошанд. Вазифаи муҳаққиқ дар ин маврид омӯзиши ин гуна тафовутҳо, заминаҳои пайдоиши онҳо ва таъсири онҳо ба танқиди адабӣ аст. • Мафҳуми «шарҳи ҳоли занона» омӯзиши ин навъи асари бадеиро дар алоқамандӣ бо вазъ ва мавқеи иҷтимоии зан дар ҷамъият дар бар мегирад. Асарҳои ба шарҳи ҳол ва хотираҳо бахшидашудае, ки аз ҷониби адибаҳо офарида мешаванд, аз рӯйи дарбаргирии мавзӯъ ва тарзи инъикоси ҳаёти реалӣ аз чунин навъ асарҳои «мардона» фарқ мекунанд. Ин аст мӯҳтавои таҳқиқи гендершиносии адабӣ. Аммо вобаста ба хусусиятҳои миллии адабиёт, анъанаҳои адабии халқҳои ҷудогона ва дигар омилҳои таърихиву динӣ ва фарҳангӣ он дар адабиётҳои гуногун метавонад паҳлӯҳо ва ҷанбаҳои хос дошта бошад. 3.2. САМТҲОИ АМАЛИИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕНДЕРӢ ДАР АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК Адабиёти бойи форсу тоҷик бо тамоми шӯҳрату шаҳомати ҷаҳонии худ метавонад манбаи хуби таҳқиқоти гендерӣ гардад. Тавре ки маълум аст, адабиёт мунъакиси ҳаёти реалист. Агар муносибатҳои гендерӣ қисми таркибии таҳқиқоти илмҳои гуманитарию иҷтимоӣ бошад, пас адабиёт дар ин соҳаи фаъолияти инсонӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Дар баробари инъикоси ҳаёти реалӣ адабиёт аз бадеияти сухан, офаридани образҳои манфиву мусбат, типикунонии образҳо, истифодаи санъатҳои гуногуни бадеӣ бархурдор аст, ки тасвиру таҳқиқи масоили гендериро метавонад бо обуранги бадеӣ ва латофати сухан анҷом диҳад. Таҷдиди назар ба адабиётшиносӣ аз нуқтаи назари гендер аз ҷониби У. Сафаров ба тариқи зайл муайян шудаанд: «Нахустин гом дар ин роҳ раҳоӣ аз қолабҳои маъмулии тадқиқ аз қабили «Образи зан дар ашъори фалону фалон… шоир» мебошад. Аз осори гузаштагон нахуст бояд мубрамтарин масоили гендерӣ, мисли хонавода, арзишҳои хонаводагӣ, муносибати падару фарзандон, муносибати бародарон, нақши синну сол, мӯҳтарам шумурдани солхӯрдагӣ, таваҷҷӯҳи волидайн ба парвариши фарзандон, издивоҷу зоиш, расму суннати мавҷуд аз қабили фолгирӣ ва толеъбинӣ, интихоби ҳамсар, хостгорӣ, маросими ақди никоҳ, ҷиҳози арӯс, ҷашни таваллуди фарзанд, номгузорӣ ва ғайра мавриди омӯзишу баррасӣ ва арзёбӣ қарор гиранд» . Масъалаи инъикоси вазъи ногувори зан дар осори бадеӣ низ дар ин замина аз вазифаҳои умдатарини гендершиносӣ аст. Тавре ки У. Сафаров қайд мекунад, зан дар адабиёти пешинаи мо бозтоби мухталиф дорад. Зан агар аз дидгоҳи як адиб мавҷуди заифу ҳақиру нотавон аст, дар саҳнаи дигар чун маъшуқаи зебову ҳамсари ҷоннисор ҷилва мекунад. Ӯ ба тариқи хулоса қайд мекунад, ки бархӯрди мо ба адабиёти муосир низ бояд дигаргуна бошад, зеро то солҳои 60-уми асри ХХ адибони мо ба масоили гендерӣ хеле сатҳӣ бархӯрд намудаанд. Дар ин замина шеъре, ки воқеан шеър бошад, кам буд. Аксари онҳо занро дар майдони пахта дидаву зебояш хонданд, савори трактораш карданду олиҳааш гуфтанд, дар саҳро машғули каландзаниаш диданду зани озодаш хонданд. Танҳо аз нимаи дуввуми солҳои 60-ум ба баъд насли тозае ба майдони адабиёт ворид шуд, ки дидгоҳаш ба мавзӯи зан, ҷойгоҳи иҷтимоиву озодии он дигаргуна буд . Вобаста ба ҳадафҳои аслии таҳлили гендершиносӣ дар адабиёт ва хусусиятҳои миллӣ ва фарҳангии адабиёти тоҷик метавон чунин ҷанбаҳои муҳимми таҳқиқро дар ин соҳа муайян намуд: 1) Хусусиятҳои гендерии образи занон дар адабиёт. Ин масъала дар навбати худ шохаҳои гуногунро дар бар гирифта метавонад, ки муҳимтарини онҳо ба тариқи зайл аст: – образи зан ҳамчун маъшуқа. Нигоҳи адиб ба зан ҳамчун объекти ишқ. Хусусиятҳои тасвири маъшуқа, истифодаи таркибу ибораҳои хос барои тасвири ҷиҳатҳои гуногуни маъшуқа, санъатҳои бадеии маъмулии образоварӣ, портрети зан аз нигоҳи мард. - образи зан ҳамчун модар. Силсилаи модарномаҳо дар адабиёти форсу тоҷик. Нигоҳи мард ба зан ҳамчун ба офаридгори худ. Тараннуми меҳри модарӣ ва қарзи фарзандӣ. Таҳлили забонии таркибу ибораҳое, ки барои офаридани образи модар истифода мешаванд. Тасвири симои модар аз ҷониби адибаҳо: умумиятҳо ва тафовутҳои модарномаҳои шоирон ва шоираҳо. Таносуби санъатҳои бадеӣ дар офаридани образҳои маъшуқа ва модар. - образи зан ҳамчун симои иҷтимоӣ дар баробари мард. Тасвири ҳаёти занон, мавқеи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо. Образҳои манфӣ ва мусбати занон. Инъикоси падидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, нобаробариҳо ва рафтори манфии занон дар адабиёт. Таносуби тасвири бадеӣ ва ҳақиқати реалӣ. Тасвири зан аз тарафи зан: инъикоси худии худ дар осори адибаҳо. 2. Таҳлили муқоисавии тасвири мардону занон дар адабиёт. Инъикоси муносибатҳои байниҳамии марду зан дар офаридани образҳо. Таҳлил ва гурӯҳбандии мафҳумҳо, таркибу ибораҳо ба ифодаҳои муштарак, сирф «занона» ва сирф «мардона». Чунин навъи таҳлил метавонад дар ҳама жанри адабӣ ва дар эҷодиёти адибону шоирон, аз як тараф ва адибаҳову шоираҳо, аз тарафи дигар, сурат гирад. Ба таври умумӣ нақшаи чунин таҳлили гендериро ба тариқи зайл тасвир намудан мумкин аст: гурӯҳи мафҳумҳои хос гурӯҳи мафҳумхос гурӯҳи мафҳумҳои муштарак зан ҷасорат инсоният зебоӣ мардонагӣ ишқ модарият пурқувватӣ… меҳру вафо… нотавонӣ… БОБИ ЧОРУМ. ҶАНБАҲОИ АМАЛИИ ГЕНДЕРШИНОСӢ 4.1. НАҚШИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ ДАР ТАРБИЯИ ГЕДЕРӢ Дар кишварҳои Аврупо ва Амрико гендершиносӣ, ки бештар бо номи “илмҳои занона” (Women’s Studies - илмҳо оид ба занон, заншиносӣ) шинохта шудааст, дар аксари донишгоҳҳо ҳамчун шӯъба ё факултети алоҳида фаъолият мекунад, ки дар он донишҷӯён илмҳои гуногуни вобаста ба онро меомӯзанд. Масалан, дар шӯъбаи “Илмҳои занона”–и Донишгоҳи Канзас (ИМА) фанҳои «Таърихи занон дар ИМА», «Занон ва зӯроварӣ», “Занон ва сиёсат”, “Гендер, ҷанг ва сулҳ”, “Зан ва адабиёт: Назарияи феминистӣ ва матни занона” ва ғайра омӯхта мешавад . Табиист, ки мақсад аз омӯзишу таҳлили проблемаҳои гендерӣ ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли имконпазири он аст. Тавре қайд кардем, солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар ин самт қарору барномаҳои муҳим қабул шудаанд. Вале ба таври умум, мутаассифона, дар бораи баробарии ҳақиқии гендерӣ, аз байн рафтани падидаҳои номатлуби зӯроварӣ нисбат ба зан, поймол шудани ҳуқуқҳои ӯ, беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занон сухан рондан ҳанӯз барвақт аст. Ҳатто дар системаи таҳсилоти олии Тоҷикистон низ то ба имрӯз нобаробарии гендерӣ ба мушоҳида мерасад. Тайи чанд соли охир таносуби умумии духтарон дар мактабҳои олӣ 25%-и шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Саҳми духтарон, махсусан, дар донишгоҳҳои техникӣ ва кишоварзӣ хеле кам буда, каме бештар аз 10%-ро ташкил мекунад . Дар баробари заминаҳои объективии иқтисодӣ, фарҳангӣ ва динии чунин вазъият метавон як омили дигареро низ номбар намуд, ки яке аз монеаҳои муҳим дар роҳи ноил гаштан ба ормонҳои баробарии ҳақиқии мардону занон гаштааст. Ин омил ноогоҳӣ ва бесаводии умумии гендерии омма аст. Ба ибораи дигар, заминаҳои ҳуқуқии баробарии марду зан бунёд гардида, дар партави ворид гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба имзо расидани конвенсияву шартномаҳои гуногуни байналмилалӣ қонунҳои дохилӣ бо қонунҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мутобиқат пайдо карда бошанд ҳам, татбиқи онҳо дар амал ба таври дилхоҳ нест, зеро худи мардум, махсусан занон, дар ин бобат маълумоти кофӣ надоранд. Гузашта аз ин, аксари онҳо аз оқибатҳои ногувори рафтори бераҳмонаи мардону вазъи вазнини иҷтимоӣ замоне хабардор мешаванд, ки аллакай дер шудааст. Дуруст аст, ки бо ташаббуси мақомоти дахлдори давлатӣ ва кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ин ришта давра ба давра семинару конфронсҳо баргузор гардида, маҷаллаву китобҳо ба табъ мерасанд. Дар баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон курсҳои махсуси омӯзиши масоили гендерӣ ба роҳ монда шудааст. Вале натиҷаҳои чунин чорабиниҳо аз лиҳози таъмини пайдарпайӣ, фарогирии умумӣ ва самаранокӣ ҳанӯз ба таври дилхоҳ нест. Маълум аст, ки ҳама гуна чораҷӯйиҳо ва иҷрои амалии ҳадафҳо маблағи муайянро тақозо мекунанд ва яке аз сабабҳои аслии густариш наёфтани онҳо низ дар ҳамин аст. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, роҳу усулҳои дигари самараноке низ вуҷуд доранд, ки ба маблағи иловагӣ эҳтиёҷ надоранд. Яке аз чунин роҳҳо истифодаи осори адабӣ ва намунаҳои эҷодиёти халқ (фолклор) барои огаҳӣ ёфтан аз масоили гендерӣ аст, зеро адабиёт, ҳамчун баёнгари ҳақиқати ҳаёт, дар айни замон мунъакиси мушкилиҳои гендерӣ низ мебошад. Дар ин маврид зикри як чиз муҳим аст, ки мафҳумҳои “нақд (ё назария)-и адабиёти феминистӣ” (феминистская литературная критика/ теория ) ва “Адабиёт ва саводи гендерӣ” (Литература и гендерная грамотность) як нестанд. Дар назарияи гендер мафҳуми “нақди адабиёти феминистӣ” як соҳаи муайяни илм буда, он ба омӯзиш ва таҳлили ҷанбаҳои гуногуни осори адибаҳо (занон) ва муайян намудани хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо аз осори адибон (мардон) бахшида шудааст . Мафҳуми “Адабиёт ва саводи гендерӣ”, ки аз ҷониби мо истифода шудааст, омӯзиши инъикоси масъалаҳои сирф гендериро дар адабиёт, сарфи назар аз ҷинсияти муаллифи он, таҷдиди назари усулҳои таҳлили образҳои бадеиро аз нуқтаи назари масоили иҷтимоӣ ва гендерӣ ва ниҳоят, истифодаи амалии натиҷаҳои чунин таҳқиқотро дар таълиму тарбияи гендерӣ, ки дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст, дар назар дорад. Ба ин маънӣ адабиёти гаронбаҳои мо на танҳо махзани ақлу хиради инсон, балки беҳтарин ташвиқгари меъёрҳои муносибату муоширати байниҳамии одамон, аз ҷумла, мардону занон, одоби ҳамида, ишқи пок, парастиши суннатҳои милливу фарҳангӣ ва дар айни замон муборизи беамони падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварӣ ба занон, бисёрзанӣ, вазъи бади иҷтимоии онҳо ва танқиди хислатҳои ба инсон бегона (чи зану чи мард) будаву ҳаст. Масъалаи муҳимтар дар ин маврид он аст, ки чаро он чиро, ки бузургони мо санҷидаанду гуфтаанду ситоиш кардаанд, мо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ба эътибор намегирем, аз пайи иҷрои он намешавем ва талқин намекунем? Ин ҳамаро дар назар дошта, тарбияи гендерии ҷавононро яке аз ҳадафҳои аслии таълими масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт муайян намуда, намунаҳои истифодаи онро пешкаш мекунем. 4.2. МУНОСИБАТИ МАРДУ ЗАН БА ИШҚ Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳеҷ фард бидуни он наметавонад ҳастии худро тасаввур кунад, ишқ, яъне эҳсосоти амиқу ҷаззоб ва рӯҳбахшу фараҳбахш дар муносибатҳои байниҳамӣ дар ҷомеа аст. Тифл аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт бо ҳамин эҳсосот ба дунё меояд, ба воя мерасад ва ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. Тибқи маъмул анвои гуногуни ишқро қайд кардан мумкин аст: ишқи модар, ишқи падар, ишқи фарзанд, ишқи ватан, ишқ ба ин ё он навъи фаъолият ва ғайра. Аммо муҳимтарини онҳо дар чомеаи инсонӣ, ки омили асосии ба ҳам пайванд сохтани одамон мегардад, ишқи байни марду зан, ё ба ибораи дигар, ишқи байни ҷинсҳои гуногун аст. Агарчи чунин эҳсосот барои ҳамаи оламиён хос буда, он дар ҳама халқу миллат ба мушоҳида мерасад, тарзи муносибати ҳар ҷомеа ба он дар ҳар давру замон вобаста ба мансубияти миллӣ, забон, фарҳанг, дин ва нажод гуногун аст. Дар ин масъала низ дар аксарияти халқу миллатҳо, аз ҷумла, тоҷикон нобаробарии гендерӣ, ба назар нагирифтани хостаҳои занон ва бартар донистани мардон мушоҳида мешавад. Хеле аҷиб аст, ки инъикоси ин мавзӯъ дар адабиёту фарҳанги халқҳои гуногун низ ба таври мухталиф сурат гирифтааст. Дар баробари ин пешниҳоди маводи таълимӣ дар мактабҳо низ вобаста ба хостаҳои сиёсату фарҳанги замон маҳдуд ва гоҳе яктарафа аст. Масалан, тавре ки ҳамагон огаҳанд, дар даврони шӯравӣ (шояд имрӯз низ) аз эҷодиёти бузургони гузаштаи худ ба мо танҳо фақат азёд кардани порчаҳои шеърии ба мавзӯи ватан, модар, китоб, дӯстӣ, панду насиҳат ва ғайра тааллуқдоштаро пешниҳод мекарданд. Достонҳои ишқии “Лайливу Маҷнун”, “Хусраву Ширин” ва амсоли онҳо фақат баёнгари нокомии ошиқон буд. Агар заминаҳои нобарории ин гуна ишқҳои покро таҳлил карданӣ шавем, фақат замони гузаштаро танқид мекардему бас, онро бо проблемаҳои мавҷудаи замони худ муқоиса намекардем. Аммо худамон (шогирдон) аз пайи ҷустуҷуву ёфтани ҷавоб ба саволҳои сершумор ва қонеъ сохтани талаботи маънавии худ мешудем ва агар як шеърро маҷбуран (барои баҳо) аз китоби дарсӣ азёд кунем, дар паҳлӯи он чанд порчаи дигари ишқӣ аз дубайтиву рубоиёти халқ ва ё аз эҷодиёти шоирони гузаштаву муосир азёд мекардем, ки онҳо дар китобҳои дарсӣ набуданду нестанд. Бузургони мо ҳамеша ишқи покро тараннум карда, барои ҳифзи он ҷавононро ҳидоят намудаанд. Онҳо низ бар он ақидаанд, ки ишқ, дар ҳақиқат, “арзандатарин гуҳар” ва беҳтарин навъи эҳсосоти инсонӣ аст. Масалан, ба байтҳои зер таваҷҷӯҳ кунед: Арзандатар аз ишқ ба олам гуҳаре нест, Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин. (А. Лоҳутӣ) Бе ёр ба олам натавон буд, Ҳилолӣ, Олам ба чи кор ояд, агар ёр набошад? (Б. Ҳилолӣ) Ҳусну ишқи покро шарму ҳаё даркор нест, Пеши мардум шамъ дар бар мекашад парвонаро. (Соиби Табрезӣ) Аммо вазъи ҳақиқии ҷомеаи мо чунин аст, ки ишқварзиро, махсусан, барои духтарон намеписандад. Духтаронро мо ҳамеша талқин мекунем, ки озод будан дар интихоби ҳамсар барояшон гуноҳи азим буда, оқибатҳои бадеро ба бор хоҳад овард. Биёед, пеши худ саволе гузорем: Чаро мардуми мо ин қадар филмҳои ҳиндиро дӯст медоранд ва ҳатто сурудҳои онро, бо вуҷуди нафаҳмидани забон, замзама мекунанд? Зеро аксари онҳо тараннуми ишқи пок буда, аксар вақт дилдодаҳо ба мақсад мерасанд! Барои ҷавони дилбохта, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, мавзӯи ба мақсад расидан аз муҳимтарин хостаҳои ботинии ӯст. Аммо падару модарон, аҳли ҷомеа, махсусан устоду мактаб барои кӯмаки ҳақиқӣ расондан дар ин лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти фарзандон ба ҷойи дилгарм кардани онҳо ба ин эҳсосот ва ҳидояти ишқи пок, онҳоро аз оқибати бади он огоҳ карданӣ шуда талқин мекунанд, ки ин шармандагист. Аммо месазад, ки имрӯз ба ин масъала бо диди дигар назар андозем ва бо таҳлилу муқоисаи сурудаҳои адибон ва вазъи иҷтимоиву фарҳангии кунунӣ ҷавононро ба ҳалли масоили мавҷуда ҳидоят кунем. Масалан, чаро барои зан ишқварзӣ гуноҳ аст? Муносибати ҷомеаи мо ба ишқварзии марду зан дар ғазали зерини шоираи маҳбуб Зулфия Атоӣ бо номи “Биҳишти мард, дӯзахи зан” хеле равшан баён ёфтааст: Мард агар ошиқ шавад, олам гулистон мешавад, Зан агар ошиқ шавад, охир пушаймон мешавад. Мард агар ошиқ шавад, аз ишқ гирад обрӯ, Зан агар ошиқ шавад, дар айб меафтад фурӯ... Мард агар ошиқ шавад, бахшад дуояш осмон, Зан агар ошиқ шавад, лаънат бигӯянд одамон... Мард агар ошиқ шавад, дунё ҳамегардад биҳишт, Зан агар ошиқ шавад, тобад чу деви бадсиришт. Ҳар як байти ин ғазалро хонда, бо тасдиқ сар меҷунбонем: Оре, чунин аст. Аммо намепурсем, ки чаро чунин аст? Ва оё хуб аст, ки чунин аст? Ва розием, ки ҳамеша чунин бошад? Барои ҷавоб додан ба ин гуна саволҳо месазад, ки заминаҳои пайдоиши ин андешаҳои шоираро таҳлил намоем. Чунин тарзи баёну андешаҳо инъикоси ҳамон вазъи ҳақиқии иҷтимоии зан аст, ки ҳуқуқи интихоби ҳамсарро надорад. Аз ин рӯ, ҳар иқдоми зан, ҳатто касеро дӯст доштани ӯ аз ҷониби ҷомеа маҳкум мегардад, айб дониста мешавад ва гоҳо аз тарафи волидайн низ бар асари афкори ҷомеа – гапу калочаҳои мардум мавриди сарзанишу таҳқир қарор мегирад. Ин аст, ки ҳатто барои падару модарон масъалаи духтарро ба шавҳар додан аз писарро хонадор кардан басе душвортар аст, зеро барои хонадор кардани писар ба кадом хонае, ки хоҳем, сар мезанем, ҳар вақт, ки хоҳем, аз яке даст кашида, ба каси дигар муроҷиат мекунем. Аммо барои духтар маълум нест, ки баъди ин хостгор хостгори дигар меояд ё не, агар ояд, кӣ ва чӣ хел хоҳад буд? Дар байни онҳое, ки бо хоҳиши ҳамдигар хонадор шудаанд, ҷуфтҳои муносибу хушбахт кам нестанд, вале аксар вақт онҳоеро ҳамчун намуна истифода мекунем, ки бахташон ба ин ё он сабаб омад накардааст ва ҳамеша таъкид мекунем: “дуои бади падару модар гирифт”. Дар айни замон, кам мавридҳое дучор мешавад, ки дар нобарории бахти ҷавононе, ки бо ҳукми волидайн хонадор шудаанд, падару модарро гунаҳгор кунем – “тақдир ҳамин будааст”, – мешунавем аз онҳо. Ҳар яки мо (чи насли калонсол ва чи насли наврас) аз “Ҷони ширин”-и устод Турсунзода бохабарем. Аммо аз худу аз шогирдон пурсед, ки оё дар хона ягон марди тоҷик ба ҳамсари худаш бо ин ибора муроҷиат мекунад? Не! (ё хеле аҳёнан). Чаро? Чунки барои мо муҳимтар аз ҳама он буд, ки шоир чӣ хел бо муҳаббати том кишвари худ ва сиёсати сулҷӯёнаи он, муборизаи халқҳои ситамдидаро ба муқобили аҷнабиён ва дӯстии халқҳоро ситоиш мекунад, на тарзи муомилаи ӯ бо ҳамсари худ ва муҳаббати инсонии ӯ нисбати вай! Шояд аз ин ҷост, ки мо дар ғазалҳо ёрро ин қадар парастиш мекунем (қурбонаш мешавем), аммо дар хонаву кӯча тарзи дигар рафтор мекунем? Масъалаи муҳимме, ки аз ин мулоҳизаҳо дар мавриди тарбияи гендерии ҷавонон бармеояд, он аст, ки ба масъалаи ишқ, ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳимми ҷавонон (балки ҳама пиру ҷавон) роҳи дурусти тарбияро пеш гирем, барои фарқи ишки пок аз булҳавасӣ барин эҳсосоти зоҳирӣ ба онҳо кӯмак кунем. Дар ин маврид ҳам адабиёт метавонад нақши шоистае дошта бошад. Ба порчаи зер таваҷҷӯҳ кунед: Ба Маҷнун гуфт рӯзе айбҷӯе, Ки пайдо кун беҳ аз Лайлӣ накӯе. Ки Лайлӣ гарчи дар чашми ту ҳурест, Ба ҳар ҷузве зи ҳусни вай қусурест. Зи ҳарфи айбҷӯ Маҷнун барошуфт, Дар он ошуфтагӣ хандон шуду гуфт: Агар дар дидаи Маҷнун нишинӣ, Ба ғайр аз хубии Лайлӣ набинӣ, Ту кай донӣ, ки Лайлӣ чун накӯест? К-аз ӯ чашмат ҳамин бар зулфу мӯест. Ту ҷад биниву Маҷнун ҷилваи ноз, Ту чашму ӯ нигоҳи новакандоз. Ту мӯ биниву Маҷнун печиши мӯ, Ту абрӯ, ӯ ишоратҳои абрӯ... (В. Бофқӣ) Пас маълум мешавад, ки нокомии ошиқон на аз бадии худи ишқ, балки аз дарки нодурусти ин эҳсосот ва аксаран, омехта кардани ишқи ҳақиқӣ бо булҳавасӣ, пай набурдан ба маънои ҳақиқии он, ба назар нагирифтани гуногунии муносибати марду зан ба ин падидаи мӯъҷизаноки ҳастист. Мардонро ҳамеша эҳсоси ғолибият дар ҳама кор ба ваҷд меорад, мард он вақт худро дӯст медорад, ки тавоноии худро дар коре исбот карда тавонад. Аммо зан ҳамеша ғӯтавар ба эҳсосоти амиқи инсонист, ки меҳру муҳаббат сарчашмаи он аст. Мард дарк намекунад, ки муносибат бо атрофиён дигар асту муносибат бо зани худ дигар аст. Ва ҳамон хислати ғолиб буданро, худаш нафаҳмида, дар муносибати худ бо дӯстдоштааш низ амалӣ кардан мехоҳад. Аз ин ҷо дарки нодурусти ишқ ва дар натиҷа, нокомӣ аз он ба миён меояд. Ҳол он ки зани ошиқ, дар ҳақиқат, на танҳо зебову фиребо, балки нурбахши хонадон, нигаҳбони меҳри ҳақиқии инсонӣ шуда метавонад. Ин нуктаро шоираи дигари тоҷик – Меҳринисо хеле хуб ифода кардааст: Зан агар ошиқ шавад, хеле фиребо мешавад, Ҳар чи ояд бар сараш, иқлили зебо мешавад. Зан агар ошиқ шавад, бахти накӯи хонадон, Чунки қалби мубталояш мутеоло мешавад. Бе садои ишқи зан дунё хамӯшу холӣ аст, Баски бо нерӯи ӯ имрӯзу фардо мешавад. Иксири ишқи зан аст, ки пеши дороёни даҳр Миси дарвешони олам кони тилло мешавад... Хулосае, ки аз ин таҳлилҳо бармеояд, он аст, ки аз сӯҳбату муҳокимаи озод дар мавзӯи ишқ канораҷӯйӣ накарда, баръакс, ҷавоноро дар рӯҳияи фаҳмиш ва қабули гуногуниҳои мавҷудаи ботинии марду зан ва истифодаи ин гуногуниҳо барои фароҳам сохтани ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилӣ ҳидоят намоем. Барои ин зарур аст, ки дар ҷавонписарон ҳисси дур шудан аз ғурури бемаъниро бедор намуда, дар баробари ин дар духтарон ҳисси парастиши зебоии ботиниро парвариш диҳем, то тавонанд аз зоҳирпарастӣ ҳар чи бештар парҳез намоянд. Он гоҳ ғазали дар боло овардашудаи Зулфияро бо номи «Биҳишти марду зан» ба шакли зерин пешниҳод кардан мумкин аст (шеър аз муаллифи китоб): Мард агар ошиқ шавад, машҳури даврон мешавад, Зан агар ошиқ шавад, зеби гулистон мешавад. Мард агар ошиқ шавад, бар нағма ояд чун ҳазор , Зан агар ошиқ шавад, хонад суруди обшор. Мард агар ошиқ шавад, ҳушёру чаққон мешавад, Зан агар ошиқ шавад, манзил чароғон мешавад. Мард агар ошиқ шавад, мардонагӣ сар мекунад, Зан агар ошиқ шавад, такя ба шавҳар мекунад... Ин ҳама бошад чунин, гар мард бошад беғурур, Ин ҳама бошад чунин, гар зан ба дил бошад банур. Марди майдон, пас чаро аз ҷаҳл пастӣ мекунӣ? Зеби даврон, пас чаро зоҳирпарастӣ мекунӣ? Рӯйи олам гаштаам, бас халқи дунё дидаам, Ишқу ошиқии эшон, эй басо, фаҳмидаам, Нест марде беҳтар аз марди баори кишварам, Нест як зан лоиқи як тори мӯйи дилбарам! Қадри зан донӣ агар, ҷонро фидоят мекунад, Меҳрубони мард бошӣ, бахт атоят мекунад! 4.3. ЗАН ҲАМЧУН МОДАР ВА СИМОИ ИҶТИМОӢ Дар осори адибон намунаҳои таҳлили муносибати мо ба зан-модар ва танқиди вазъи номатлуби иҷтимоии зан кам нестанд. “Модарнома”-и устод Лоиқ яке аз беҳтарин намунаҳои он аст. Ҳар як байти китоби ӯ “Дасти дуои модар” саршор аз меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба модар аст. Дар сурудаҳои ӯ дар баробари мадҳи мақоми олии модар гоҳо оҳанги гунаҳкории фарзандон дар назди модарон ба гӯш мерасад. Ба байтҳои зерин таваҷҷӯҳ кунед: Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон, Ангезаест шояд аз аллаҳои модар. Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ, Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар, Аз сатвату зи шӯҳрат гар бар фалак кашам сар, Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар... Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад, Гар дар замин набошад нуру зиёи модар. Дунё чӣ норасо буд, ҳастӣ чӣ носазо буд, Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар... Зан ҳамчун модар тамоми ҳастии худро барои фарзандон мебахшад, мафҳуми фарзанд барои модар бо мафҳуми зиндагӣ тавъам аст. Пас хидмате, ки модар барои фарзандони худ мекунад, ҷоннисориест барои ҷомеаи инсонӣ. Парастишу ситоиши ин мақоми модар низ дар ашъори шоирон мавқеи махсус дорад, онро метавон дар эҷодиёти ҳамаи шоирон ба ин ё он шаклу мазмун дарёфт. Барои мисол метавон боз ба ашъори рангини устод Лоиқ назар дӯхт: Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният, Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният. Ба он дастони ларзони ту бимирам ман! Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро, Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ, Валекин боз медӯзӣ ту дастурхони гулдӯзӣ, Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ. Чи дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар! Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ, Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болини кӯдак, Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад, Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак. Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд, Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ, Шабонгаҳ мижа таҳ нокарда пухтӣ кулчаи ширмол, Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ. Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон, Аё модар, аё модар! Бале, ситоиши модар, ситоиши қалби пурмеҳри ӯ, ситоиши ҷоннисориҳои ӯ чунин аст. Аммо биёед бубинем, ки вазъи зиндагии зан дар ҷомеа ва муносибати ҳамон фарзандони зодаи ӯ ба зан чӣ гуна аст? Дар ҳамон шеъри “Қасидаи модар”, ки порчаҳои онро дар боло овардем, ба муносибати ноҷавонмардонаи мардон нисбат ба модар ишораҳое ҳаст, ки намунаҳои он чунинанд: Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд, Як бор ношунида ҳарфи ризои модар... Дарду балои дунё бигрифт модари зор, Нагрифт лек дунё дарду балои модар... Дар ҳақикат, вазъи баду тоқатфарсои зан дар ҷомеа тамоман акси он муносибатест, ки мо бо модари худ раво медонем. Вақте ба зан на ҳамчун ба модар, балки ба махлуқи ҷомеа дар баробари мард баҳо медиҳем, вазъият ранги дигар мегирад. Ҷомеае, ки созандаи он мардонанд, ба зан бо чашми дигар менигарад, гӯё дар ин маврид фаромӯш мекунанд, ки зан ҳамон модар аст: Дар қиёси гӯри мардон пештар Гӯри занро жарфтар мекофтанд. Гӯйӣ ӯ дорад гуноҳони азим, Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд. Гӯри занро жарфтар мекофтанд, То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад, То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае – Боиси масъияти покон шавад. Бехабар аз он ки зан модар бувад, Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст. Бар чунин одатшиносони дурушт Ӯ насиби зиндагонӣ додааст. Бехабар аз он ки модар холиқ аст, Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо. Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо. Бехабар аз он ки зан – ҷони ҷаҳон Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст, Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад, К-он чунин ноқадрдонон зодааст... Дарки мақоми ҳақиқии зан дар ҷомеа, қадршиносии ҳақиқии хизматҳои зан ва дар айни замон муносибати баръакси мардони давронсоз ба шоир имконият додаанд, ки дар ҳамон даврони хуби шӯравӣ низ ҷуръат карда, аз вазъи риққатовари зани тоҷик соҳибмансабону сиёсатмадорон ва ҳама мардони майдонро огоҳ созад: Асири осмонӣ ту, Асири бадсиголиҳои пайдову нопайдоӣ ту. Асири тӯҳмату бӯҳтон, Асири ҳирси номардон, Асири ҳукми шавҳарҳо, Асири хонаву дарҳо, Асири нафси бедардону болинҳову бистарҳо, Асири дину имону худову паямбарҳо, Асири расму одатҳо, Асири фарзу суннатҳо, Асири қолаби ахлоқу найрангу ҷаҳолатҳо, Асири хонабандӣ ту. Асири макру фандӣ ту, Асири фахру нози мардҳои худписандӣ ту... Плони кори ту ҳар рӯз афзояд, Чӣ сон заҳдони ту “фахри замон” зояд? Чӣ гуна қаҳрамон зояд? Нишони қаҳрамонмодар ба рӯйи сина дорӣ ту, Ҷаҳони қаҳрамонмодар надорӣ ту... Чӣ дунёест, намедонам, Ки аввал обҳои софро бар пунбаҳо бидҳанд, Сипас бошад насиби ту пасоби заҳролуда. Валекин боз бешармона мегӯянд: Ҳалолат бод, эй озодаи даврон, бизан қанд! Миёни ҷӯяи пахта, Ки ҳатто шери нарро мекунад ахта, Нафасгардонӣ аз “дору”, Дилат меларзад аз сакта. Зи “тиллои сафед” эй бас шуда бахтат сиёҳ, афсӯс, Зи “тиллои сафед”-ат нест як пероҳани олампаноҳ, афсӯс. Дар айёме, ки бояд худкушоӣ кард, Ту гоҳо худкушӣ ҳам мекунӣ, дардо! Дар он аҳде, ки бояд даъвии модархудоӣ кард, Ту бунёди ҷаҳонро меканӣ, дардо! Дар он давре, ки оинаш худафрӯзист, Худафрӯзит худсӯзист. Гуноҳи мост, медонам, Гуноҳи чанд имрӯзигарони кӯри бефардост, медонам... Ту бояд роҳи миллат бошӣ, афсӯс, Чӣ гӯям, оҳи миллат ҳастӣ имрӯз. Ту бояд марди миллат бошӣ, афсӯс, Чӣ гӯям, дарди миллат ҳастӣ, имрӯз. Вале ман, зодаи ту, хуб медонам, Ки бо бадбахтият бисёр ҷонсахтӣ. Ҳамеша чашмаи нурӣ, Ҳамеша маншаи бахтӣ. Ту улёҳазратӣ, эй зан, Ниҳоди давлатӣ, эй зан, Туӣ фарру ҷалоли умр, Худои қисматӣ, эй зан. Туӣ сарманшаи хилқат, Туӣ сатват, туӣ нузҳат. Шавӣ озод то аз нав, Ҷаҳонро бояд аз нав кард! Бибояд инқилобе боз Дар фикру шуури мо. Бибояд инқилобе боз Дар мазмуни умри мо. Бибояд инқилобе боз Андар ишқи кӯри мо! Шароити вазнини модарони тоҷик, афзоиши марги кӯдак, ногувории вазъи саломатии модарон ва шароити иҷтимоии онҳо дар шеъри дигари устод Лоиқ бо номи “Суол аз модари тоҷик” боз ҳам дардноктар ба гӯш мерасад. Шоир масъалаи танзими оила, ба эътидол овардани таваллуди кӯдак ва муносибати дахлдорро ба саломатии модару кӯдак ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба хубӣ дарк карда буд: Модари тоҷики ман, Эй модари бисёрфарзанд. Дар мақоми аввалӣ дар силки зодан, Дар мақоми аввалӣ ҳам низ дар фарзанд мурдан... Зоданат оё барои дарду афғон кардан аст? Зоданат оё барои доғи қисмат бурдан аст? Зоданат оё барои хешро афсурдан аст? Зоданат оё барои мурдан аст? Шод будам ман, агар Кӯдаконат аз туфулият ба улвият расанд. Шод будам ман, агар Кӯдаконат то ба мурдан бар абадият расанд. Чашм накшуда ба рӯйи ин ҷаҳон, Чашм мепӯшанд бар рӯйи ҷаҳон... Зодани одам агар иди ҷаҳон нест, Пас ҷаҳон чист? Пас ҷаҳон нест! Ё ҷаҳони одамон нест!!! Қайд кардан бамаврид аст, ки шоираҳои муосир низ дар эҷодиёти худ ба ин мавзӯъ дахл кардаанд. Мазмуну мундариҷа, андешаҳо ва тарзи баёни онҳо гоҳе монанди шоирон (мардон) сурат мегирад. Масалан, шеъри шоираи хушсалиқаи тоҷик Шаҳрия “Навҳаи зан” ҳамон шеъри “Ту магар озодӣ, эй зан”-и устод Лоиқро ба ёд меорад: Надорад чу ман меҳнате ҳеҷ дил, Ки сангиниаш бишканад пойи пил. Дуто гашта болои мавзуни ман, Пури дарду дору бувад хуни ман. Ба ҷойи ҳиноям ба дастони реш, Тамоку бичаспад ба мисли ширеш. Ҳамели тамоку чу бар сар кунам, На бӯе зи мушку на з-анбар кунам. Магар пахтакорӣ бувад кори зан? Ки равшан равонам намонда ба тан!!! Зи пунба сафедӣ задам буму бар, Вале докае гаҳ наёбам ба сар. Набошад гаҳе равғани пахта ҳам, Ки шому пагоҳӣ таоме пазам. Ба ҷуз нону ҷуз об субҳона нест, Ки ҷуз обу нонам дар ин хона нест. Зи вазни каланду кашиши расан, Бимиранд дар батн тифлони ман... Чӣ боке, набудам ба даврон азиз, Валекин бимондам ба даврон каниз! Ё худ, шеъри зерини шоираи дигари тоҷик Зулфия Атоӣ баёнгари эҳсоси ботинии зан ва муносибати ноҷавонмардонаи мард нисбати ӯст: Эй, ки мекобӣ чуқуртар қабри зан, Эй, ки менолӣ мудом аз ҷабри зан, Эй сабукбори раҳи сахти ҳаёт, Бехабар ҳастӣ чаро аз сабри зан? Сабр ҷорӣ гашта андар хуни зан, Меваи сабру субот афсуни зан, Хонаи гарму сари болои мард, Ин ҳама аз сабри рӯзафзуни зан. Сабр чун бар ҷони зан пайванд шуд, Зан даруни гӯшае побанд шуд. Ӯ фурӯ биншонд эҳсоси баланд, Лаҳзае чун шери занҷирбанд шуд. Он замон ёди сару анҷом кард, Хештанро чун паланги ром кард. Баҳри тифлу баҳри сулҳи хонадон, Дил бурун аз шӯҳрати айём кард. Зоҳиран ором зан чун кафтар аст, Ботинан як бандаи исёнгар аст. Сабрро тан доданаш осон набуд, Ёд овард он замон, к-ӯ модар аст. Заминаҳои нобаробарии иҷтимоии зан аз ҳамон даврони ҷавонии ӯ, аз муносибати нобаробари волидайн ба фарзандон сар мешавад, ки таҷассуми онро дар осори адабӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар ашъори шоирони классики адабиёти форсу тоҷик, махсусан, дар достонҳо, қариб ҳамеша бо порчаҳои шеърӣ бо номи умумии «Насиҳат ба фарзанд» дучор омадан мумкин аст. Шоир дар симои падар, пеш аз ҳама, чун шахси насиҳатгўй падидор мешавад (зимнан, таҳлили гедерии образи падар дар муқоиса бо образи модар низ аз мавзӯъҳои ҷолиби гендершиносӣ хоҳад буд). Лозим ба ёдоварист, ки мафҳуми «фарзанд» дар ин маврид ҳамчун «писар» ҷилвагар мешавад. Падар касби илму ҳунарро ба писари худ насиҳат мекунад, на ба духтараш. Ин худ як навъ таҷассуми нобаробарии гендерӣ дар адабиёт ба шумор меравад. Чунин мисолҳоро аз эҷодиёти шоирон ва адибаҳои муосир низ овардан мумкин аст. Ба ақидаи комили мо, истифода аз чунин намунаҳои ашъору осори адибон метавонад дар шинохти вазъи зан, нақши зан, мақоми зан дар ҷомеа, паҳлӯҳои гуногуни зиндагии мардуми мо, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳу усулҳои беҳтар намудани шароити зиндагии занон, одоби муошират ва ғайра мусоидат намояд. Вобаста ба ин як масъалаи дигари усули таълими адабиёт ба миён меояд. Тавре ки ҳамагон медонанд, мо адабиётро аз рӯйи анъана, ба таври хронологӣ (тибқи давру замони зиндагии адибон) таълим медиҳем. Он аслан “Таърихи адабиёт” ва “Адабиётшиносӣ” аст, на худи он. Аввалан, дар ин маврид, дар бораи ҳамаи адибон маълумот додан аз имкон берун аст. Сониян, вақте ки дар бораи ин ё он нависанда ё шоир маълумот медиҳем, тақрибан тамоми эҷодиёти ӯро номбар мекунем, ҳатто дар бораи ин ё он асари ӯ, ки на он қадар машҳур аст, нақл мекунем. Аз ин ҷост, ки аксари мавзӯъҳо такрор мешаванд. Шояд беҳтар аст, ки аз ин усул даст кашида, адабиётро аз рӯйи мавзӯъ ва жанр таълим диҳем? Дар ин маврид роҷеъ ба мавзӯъ аз эҷодиёти шоирони гуногун мисолҳо оварда, онро ба тариқи муқоиса таҳлил кардан натиҷаи хубтаре хоҳад дод. 4.4. ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ГЕНДЕРӢ ДАР ФОЛКЛОР Дар таҳлилу таҳқиқи тасвири ҳолатҳои ҷудогонаи вазъи иҷтимоии зан дар хонавода фолклор низ аз манбаъҳои пурғановат буда, барои тарбияи наврасон маводи хубе дода метавонад. Дуруст аст, ки мо намунаҳои фолклорро доир ба рӯзгори бади иҷтимоӣ дар китобҳо ҷой додаем (ба ёд оред суруди дӯстдоштаро: Дилакам зардоб шуд аз чаҳ-чаҳи бофандагӣ, Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ), вале онро фақат барои танқиди вазъи занон дар гузашта ба кор бурдаем ва ҳанӯз ҳам намехоҳем эътироф кунем, ки чунин масъалаҳо дар замони муосир бештар шудаасту камтар не. Чи бадӣ дорад, агар чунин мавзӯъҳоро низ таҳлил намуда, барои он аз эҷодиёти халқ мисолҳо биёрем? Масалан, дар мавзӯи бисёрзанӣ, ки имрӯз аз нав ҷомеаи моро ба доми худ кашидааст, аз сурудаҳои мардумӣ чунин мисолҳоро овардан мумкин аст: Дар байни занони дузана буқубутоқ, Шавҳар хоб аст, дар руш пустаки қоқ. Шабои дароз ҷанҷол бари дегу табоқ, Гар руз шава, доимо қошу қавоқ. Ё худ: Гар ба як зан ҳарф гӯяд, дигаре душман шавад, Талхгӯю туршрӯю шахгардан шавад. Чун ду абрӯ афканад, пешонааш даҳ ман шавад, Нола кардан гираду андар пайи мурдан шавад, Рӯзу шаб масҷид бувад ҷою макони дузана. Мардаки бечора мегӯяд: чӣ кор кардам, дареғ, Зан гирифтам, дар ҷаҳон кори хато кардам, дареғ. Рӯйи худ дар ҳар ду олам сиёҳ кардам, дареғ, Дар даруни ҷӯраҳом кори хато кардам, дареғ, Бастааст зангор мағзи устухони дузана . Дар эҷодиёти даҳанакии халқ ҳамчунин метавон бисёр зарбулмасалу мақолҳоеро пайдо кард, ки инъикоси вазъи ногувори зан, муносибати ғайриинсонӣ нисбат ба ӯ ва ҳатто таҳқири шахсияти ӯст. Ба мисолҳои зер таваҷҷӯҳ кунед: • Зана мӯяш дароз, ақлаш кӯтоҳ. • Зана зан, намурад бо табар зан. • Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад. • Шӯяки ман сурхии рӯяки ман. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки намунаҳои чунин зарбулмасалҳоро дар дигар забонҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ба тариқи мисол, аз забони русӣ чунин намунаҳо овардан мумкин аст: • Добрая жена да жирные щи – другого добра не ищи. • Не та хозяйка, которая говорит, а та, которая щи варит. • Бабе дорога – от печи до порога . Намунаҳои дигари инъикоси муносибатҳои гендерии зану мардро дар дигар жанрҳои фолклорӣ, аз ҷумла, афсонаҳо, дубайтӣ ва рубоиёт низ ба таври фаровон пайдо кардан мумкин аст. 4.5. ИСЛОМ ВА ЗАН Аз сӯҳбат бо марди чилуҳафтсола: -Мебахшед, Шумо чандсола? -47-сола. -Шумо кор мекунед? -Албатта. Ман дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунам. -Оила, фарзанд доред? -Шукри Худо, зан ва панҷ фарзанд дорам. -Ҳамсаратон кор мекунад? -Не, ӯ хонашин аст. -Реҷаи рӯзи кории Шумо чӣ гуна аст? -Саҳарӣ барвақт аз хоб мехезам, занам ношто тайёр мекунад, пас аз тановули наҳор ба саҳро меравам ва то соати 12 кор мекунам. Баъд хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрам. -Мебахшед, Шумо дар хона хӯрок мехӯред? -Не. Занам хӯрок пухта, ба саҳро меорад ё бо духтари калониам дода мефиристад. -Баъд чӣ? -Баъд як-ду соат истироҳат мекунам, охир дар офтоби сӯзон кор кардан мушкил аст. Сипас боз корро давом медиҳам. Бегоҳӣ ба хона бармегардам. Бо зану фарзандон хӯрок мехӯрем. -Хӯроки шомро кӣ тайёр мекунад? -Чӣ хел кӣ? Албатта, занам. -Рӯбучини хона, шустани сару либос ба зиммаи кист? -Саволҳои аҷиб медиҳед, чӣ, ба фикратон ягон мард ин корҳоро мекунад? -Мебахшед, ин ҳамту сӯҳбат. Дар хона молу ҳол (чорво) доред? -Ду гов,панҷ сар гӯсфанд. -Онҳоро ҳам, албатта, янга нигоҳубин мекунад? -Ҳа. -Охир, Шумо гуфтед, ки занатон кор намекунад? -Албатта, ӯ хонашин аст. -Магар, он чи ӯ мекунад, кор нест? -Не, албатта. Кор чизест, ки маош дорад, ё фоида. Ин намунаест аз мусоҳибаҳое, ки соли 2003 дар доираи татбиқи лоиҳаи Таҳияи барномаи курси махсуси Масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт аз ҷониби муаллифи ин дастур сурат гирифта буд. Он намоёнгари мавқеи зану мард дар оилаи тоҷик, муносибати шавҳар ба заҳмати зан аст. Масъалаи мавқеи зан дар ҷомеаи исломӣ, муносибати ислом ба зан, танзими ҳуқуқҳои шаръӣ, танзими муносибати зану шавҳар дар оила аз муҳимтарин ва дар айни замон нозуктарин масъалаҳои доғи рӯз аст. Дар Тоҷикистон, ки дар баробари сохтор ва қонунгузории дунявӣ қонунҳои шариатии танзими оила ва расму оинҳо низ васеъ паҳн шудаанд, масъалаи озодии зан ва таъйини мақоми ӯ дар ҷомеа бидуни ғояҳои диниву фарҳангии мардум наметавонад баррасӣ ва ҳал гардад. Мутаассифона, ҳоло низ дар муносибати мардон нисбат ба занон ҳисси зӯрӣ, беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ, нодида гирифтани нақши зан дар оила ва ғайра мушоҳида мешавад. Ҳодисаҳои худкушии занону духтарон, таҳқиру маҳрумиятҳо ва зӯроварӣ нисбати онҳо, нодида гирифтан ва поймол кардани ҳуқуқҳои онҳо беш аз пеш мушоҳида мешавад. Мо барои равшанӣ андохтан ба мавқеи зан дар ҷомеа аз назари ислом андешаҳои яке аз бузургтарин мутафаккирони қарни бистум, шоир, файласуф, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва сиёсӣ Аллома Муҳаммад Иқболро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем . Зикр кардан бамаврид аст, ки Иқбол танҳо шоир ё файласуф набуд, ӯ дар тӯли умри пурбаракати худ дар радифи маҳбубтарин пешвоёне қарор дошт, ки дар пайи беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум тамоми донишу ақл ва нерӯи маънавии худро ба кор мебурданд. Ӯ ҳанӯз дар даврони зиндагиаш ба сифати беҳтарин донандаи ислом ва масоили дину шариат шинохта шуда буд. Қоиди аъзам Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар ин маврид гуфтааст: «Шахсияти Иқбол оламгир аст… Марҳум дар даври ҳозир хубтарин шореҳи ислом буд, зеро дар ин замон ҳеҷ кас исломро хубтару беҳтар аз Иқбол дарк накардааст… Ман касеро бештар аз ӯ рафиқи бовафо ва шайдои ислом надидаам». Ба гуфтаи нависандаи номии швейтсарӣ Ҳерман Ҳессе осори гаронбаҳои Иқбол аз се чашмаи мусаффо ғизо гирифтааст: ҷаҳони Ҳиндустон, ислом ва фалсафаи Аврупо. Дар айни замон лозим ба ёдоварист, ки тафаккуру ҷаҳонбинии Иқбол дар доираи ашъору осори фаровони илмии ӯ маҳдуд намешавад. Дар баробари сурудани ашъори пурмазмуну дилнишин ва анҷом додани тадқиқоту пажӯҳиш дар масоили гуногун ӯ дар маҳфилҳову маҷлисҳои мухталиф суханрониҳое анҷом медод, ки аз нуқтаи назари омӯзиши таҳаввулоти фикри шахсӣ ва муайян намудани нақши ӯ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Шарқ дорои аҳаммияти фавқулодда мебошанд. Хушбахтона, тақрибан тамоми мактубҳову суханрониҳои ӯ то ба имрӯз маҳфуз монда, борҳо мавриди омӯзишу таҳқиқи иқболшиносон қарор гирифтаанд. Иқбол аз зумраи он шахсиятҳои бузургест, ки тамоми ҷараёни зиндагӣ ва таҳаввулу такоммули фикриаш бо камтарин ва назарногиртарин ҷузъиёташон омӯхта шудаанд. Бо саъю кӯшиши фаровони писараш – доктор Ҷовид Иқбол зиндагиномаи Иқбол дар чаҳор ҷилд пешкаши хонандагон гардидааст, ки сарчашмаи беҳтарини илмиву ҳуҷҷатӣ барои дарки афкори пурмӯҳтавои ӯст. Яке аз масоили қобили назаре, ки Иқбол ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекард, масъалаи муайян намудани мавқеи зан дар ҷамъияти исломӣ, муносибати ислом ба зан, таҳаққуқи ҳуқуқҳои ӯ, баробарии зану мард ва дигар масоили марбут ба ин буд. Албатта, тавре ки муҳаққиқони эҷодиёти ӯ борҳо қайд кардаанд, ислом ва қавонини шариат, адабиёти ғании классикии форсӣ, ҳаёти мардуми Ҳиндустон, илми ҷадиди Аврупо ва истеъдоду ҷаҳонбинии шахсии Иқбол дар ташаккули афкору ақоиди ӯ нақши муҳимме доштанд. Вале, ба ақидаи мо, вақте сухан дар мавриди муайян намудани масъалаи ислом ва зан аз назари Иқбол меравад, метавон бо тамоми боварӣ гуфт, ки зиндагии шахсии хонаводагии ӯ низ яке аз авомили муҳим дар ташаккули афкори ӯ буд. Аз ин рӯ, хотирнишон сохтани муҳимтарин ҷиҳатҳои ҳаёти хонаводагии Иқбол аз аҳаммият холӣ нест. Бори аввал Иқбол дар синни 16-солагӣ ба духтаре бо номи Каримбӣ, ки аз оилаи сарватманд буда, аз ӯ 3 сол калонтар буд, издивоҷ намуд. Худи Иқбол ба чунин издивоҷ розӣ набуд, вале ба хотири эҳтироми фаровоне, ки нисбат ба волидайни худ дошт, ноилоҷ онро пазируфт. Каримбӣ дар ҷаҳони дигаре ба воя расида буд ва дар шароити нав, ки зиндагии маънавии инсон бартар аз вазъи иқтисодӣ пиндошта мешуд, наметавонист одат кунад. Аз ин рӯ, аз ҳамон рӯзҳои аввали хонадорӣ муҳиту муносибати байниҳамии зану шавҳар ва дигар аҳли оила хуб набуд. Иқбол пас аз хатми мадраса барои идомаи таҳсил ба Лоҳур рафт, вале Каримбӣ бо ӯ ҳамроҳӣ накард. Ӯ бештар дар оилаи худ – назди падару модараш ва баъзан дар хонаи волидайни Иқбол зиндагӣ мекард. Иқбол фақат дар таътилот ба Сиёлкут – зодгоҳи худ меомад ва муддати кӯтоҳе бо аҳли оила мезист. Ҳатто пас аз хатми Донишгоҳи Лоҳур ва каме беҳтар шудани вазъи иқтисодии Иқбол низ Каримбӣ бо ӯ зиндагӣ карданро напазируфт. Иқбол ва Каримбӣ соҳиби ду фарзанд шуданд, вале фарзандон дар муҳите ба воя расиданд, ки бо саъю кӯшиши Каримбӣ меҳри падарӣ дар дилашон ҷойгир нашуд. Духтари онҳо – Меъроҷбегим аз муносибати ногувори падару модар хеле азият мекашид ва ниҳоят дар синни 19-солагӣ аз бемории вазнин, ки бар асари чунин азоби рӯҳӣ гирифтори он шуда буд, вафот кард. Писари Иқбол – Офтоб Иқбол низ бо падараш муносибати хуб надошт. Дар чунин маврид Иқбол танҳо ду роҳ дошт: талоқ ё ба ӯҳда гирифтани махориҷи аҳли оила. Каримбӣ ба талоқ розигӣ надод. Аз ин рӯ, Иқбол ҳар моҳ махориҷи аҳли хонаводаро мунтазам ирсол мекард. Чунин вазъ ба ҳолати рӯҳии Иқбол низ бетаъсир намемонд. Бинобар ин бо маслиҳати дӯстони худ ӯ майл ба издивоҷи дуввум мекунад. Иқболу модараш ба хонаи Сардорбегим ном хонум ба хостгорӣ рафта, пас аз чанде ҳамон ҷо маросими ақди никоҳро ба ҷо меоранд, вале ӯ завҷаи худро ба хотири муҳайё сохтани манзилаш ҳамроҳ намеорад. Вале ҳамоно пас аз ақди никоҳ Иқбол чанд мактуби беимзо мегирад, ки дар онҳо дар бораи рафтори ношоистаи Сардорбегим сухан мерафт. Иқбол бори дигар ба вартаи ноумедиву яъс гирифтор мегардад. Порчаи зер маҳсули ҳамин рӯзҳои пуризтироби зиндагии ӯст: Нагирад лолаву гул рангу бӯям, Даруни синаам мурд орзуям. Ғами пинҳон ба ҳарф андар нағунҷад, Агар ғунҷад, чӣ гӯям, бо кӣ гӯям? Иқбол ба дӯстони худ дастур медиҳад, ки «ҷӯеду ҳақиқатро дарёбед». Се сол бад-ин минвол мегузарад ва яке аз дӯстонаш-Сайид Башир Ҳайдар духтареро бо номи Мухторбегим ба Иқбол муаррифӣ мекунад. Дар авоили соли 1913 маросими ақду издивоҷ ба сомон мерасад ва зиндагии заношӯии Иқболу Мухторбегим оғоз меёбад. Дар ҳамин даврон маълум мегардад, ки ҳамаи он номаҳои беимзоро падари ҷавоне навишта будааст, ки мехостааст Сардорбегимро ба писараш номзад кунад. Пас аз се соли хомӯшӣ худи Сардорбегим низ ҷуръат намуда, ба Иқбол номае ба мазмуни зер менависад: «Ин тӯҳматҳо ва бӯҳтонҳоро набояд бовар кард. Ман ки ба ақди Шумо даромадаам, бад-ин сабаб фикри издивоҷи дигареро дар сар надорам ва тамоми зиндагиамро бад-ин наҳв сипарӣ хоҳам карду дар рӯзи қиёмат домангири Шумо хоҳам шуд». Иқбол аз хондани ин нома ба иштибоҳи худ пай бурда, сахт пушаймон мешавад ва аз моҷаро ҳамсари худ – Мухторбегимро огоҳ месозад. Мухторбегим бисёр раҳмдилу дилсӯз буд. Ӯ аз фарти таъсир ба гиря меафтад ва Иқболро розӣ мекунонад, ки Сардорбегимро ба хонаи худ биёрад. Азбаски Иқбол замоне ӯро талоқ дода буд, бори дигар маросими ақдро ба ҷо меоранд. Мухторбегим муддате ба хонаи падару модараш меравад ва Иқбол Сардорбегимро ба манзили худ меорад. Пас аз чанде ҳар ду ҳамсари Иқбол бо ҳам мулоқот мекунанд ва мисли хоҳарони ҳақиқӣ риштаи дӯстиву муҳаббат мепайванданд. Бо вуҷуди он ки Иқбол аз ҳамсари аввали худ Каримбӣ ҷудо шуда буд, бо исрори хоҳару ҳамсаронаш ӯро низ ба манзили худ даъват мекунад. Каримбӣ як-ду бор ва фақат барои чанд рӯз ба манзили онҳо низ меҳмон мешавад. Дар тӯли солҳои дароз ҳар ду ҳамсари Иқбол соҳиби фарзанд нашуданд, вале авоили соли 1924 ҳарду тақрибан дар як вақт ҳомиладор шуданд. Занҳо ба хотири он ки пас аз таваллуди фарзанд низ риштаи дӯстияшон халалдор нашавад, аҳд мекунанд, ки пас аз таваллуд тифлони худро иваз намуда, ба тарбияти якдигар бидиҳанд. Аммо тақдир чунин буд, ки Мухторбегим ҳангоми таваллуди кӯдак фавт мекунад, Сардорбегим ба хотири нигоҳ доштани робитаи хешутаборӣ ба Иқбол пешниҳод мекунад, ки бо яке аз пайвандони Мухторбегим издивоҷ намояд, вале наздикони Мухторбегим ба ин розӣ намешаванд… ************************ Иқбол ҳамеша дастуроти Қуръони Маҷидро бо вазъи ҳақиқии ҷаҳони ислом муқоиса мекард ва аз риоя нашудани он сахт азият мекашид. Ӯро, махсусан, тафсироти уламои дин, ки дар ниҳояти ҷоҳиливу ноогоҳӣ сурат мегирифт, ба риққат меовард: Зи ман бар сӯфиву мулло саломе, Ки пайғоми Худо гуфтанд моро. Вале таъвилашон дар ҳайрат андохт Худову Ҷабраилу Мустафоро. Ӯ дар яке аз мақолоти худ таҳти унвони «Зиндагии миллӣ» менависад: …Вазъи уламои динии мо ин аст, ки агар ду олим дар як шаҳр ҷамъ шаванд, он гоҳ дар бораи мубоҳисаю мунозира дар мавриди ҳаёти Масеҳ ё оёт носуху мансух номаҳо навишта мешавад. Агар баҳс шурӯъ гардад (ки маъмулан шурӯъ мегардад), он гоҳ ба қадре ҷанҷолу хунрезӣ мешавад, ки паноҳ ба Худо! Илму фазли дониши қадим, ки уламои ислом дар он табаҳҳур доштанд, аслан дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад. Албатта, як феҳристи тӯлонии мусалмононе, ки дар назди онҳо кофир мебошанд, дар даст доранд. Ва ҳар рӯз бо дасти мубораки худашон ба он феҳрист изофа менамоянд. Достони айёшии сарватмандон аз ҳама аҷибтар аст. Масалан, як шахс чаҳор духтару ду писар дорад, вале ҳанӯз ҳам дунболи издивоҷи севвум аст ва дур аз чашми ду зани қаблӣ барои занон паём мефиристад. Ҳар гоҳ аз даъво ва низои хонаводагӣ фориғ мешавад, ҷаноби оқо бо як зани ҳарҷоӣ низ робита барқарор менамояд... Аз мардум, ки аслан ҳарф назанед. Гоҳе тамоми андӯхти зиндагии хешро барои хатнаи бачааш харҷ мекунад. Яке аз тарси муаллим бачаи нозпарвардаи худро ба мадраса намефиристад ва аз таълиму тарбият маҳрум мекунад, дигаре ҳар чӣ дар рӯз ба даст меоварад, дар шаб онро барбод медиҳаду мегӯяд: «Барои фардо Худо бузург аст!». Ва ин тавр қалби худро таскин медиҳад. Фарҳанг ба ин сурат аст, ки духтарони бесавод, навҷавонони ҷоҳилу бекор аз санъату кори дастӣ метарсанд. Кори дастиро ор медонанд. Теъдоди талоқ рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад, ҳароим изофа мегардад. Ин давра бисёр душвору хатарнок аст. То ҳамаи миллат бо якдигар дар роҳи ислоҳ қадам наниҳанд, коре аз пеш нахоҳад рафт. Ҳеҷ кори бузурге бидуни саъю кӯшиш анҷом нашудааст. Худои таоло низ сарнавишти ҳеҷ миллат ё шахсро иваз намекунад, магар ин ки худаш ба фикри тағйири ҳолати худ бошад». Ин пора низ тасдиқи ҳамин фикри ӯст: Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт, Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт. Ӯ бар таҳсилоти духтарону занон таъкид мекунад ва мегӯяд: «Таҳсилоти мард таҳсилоти фардӣ аст, вале таҳсил ва саводи зан ба ин маъно мебошад, ки як хонаводаро таълим дода бошем». Ин шеър низ ишора ба ҳамин мавзӯъ аст: Сирати фарзандҳо аз уммаҳот, Ҷавҳари сидқу вафо аз уммаҳот. Эй амини неъмати ойини Ҳақ, Дар нафасҳои ту сӯзад дини Ҳақ. Эй ридоят пардаи номуси мо, Тоби ту сармояи фонуси мо. Оббанди нахли ҷамъият туӣ, Ҳофизи сармояи миллат туӣ. Сипас, дар бораи ҳиҷоби зан мегӯяд: «Ин қонунро, агар дар ҷомеа аз байн бибарем, барои миллат музир хоҳад буд. Вале агар вазъи ахлоқиву иҷтимоии мардум тағйир ёбаду бештар шавад, он гоҳ метавон ба занон озодӣ дод, ки бо мардон табодули назар намоянд. Қонуни тааддуди заваҷот (бисёрзанӣ) низ бояд ислоҳ шавад ва тағйир ёбад». Ба назари вай, ҷоиз шумурдан ва умумӣ қарор додани ин қонун мабно бар як иллати дақиқи рӯҳонӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: «Дар садри ислом ба иллати авзои иқтисодӣ ва сиёсӣ ин кор зарурат дошт. Вале, то он ҷое ки ман медонам, дар ҳоли ҳозир мусалмонон ниёзе ба ин қонун надоранд. Агар дар авзои мавҷуд бар ин қонун таъкид шавад, мо аз вазъи бади иқтисодӣ ғофил хоҳем монд ва баҳона ба дасти сарватмандони қавм медиҳем, ки зинои шаръӣ анҷом диҳанд». Баъзе аз одобу одати қабеҳи арӯсӣ ва ақд, исрофкориву беҳудахарҷиро барои ин русум таҳти интиқоди шадид қарор дода, менависад: «Издивоҷҳои бидуни ризоият байни мусалмонон рӯз то рӯз бештар мешавад. Тақрибан дар 99% манозили мусалмонон ин шикоятҳо ҳамеша вуҷуд дорад, ки зану шавҳар бо якдигар созгорӣ надоранд». Ба назари вай, равишу тариқи хостгорӣ дар кам кардани ин ноҳамоҳангиҳо метавонад бисёр муассир бошад, ба шарте ки ба духтару писар қабули издивоҷ дода шавад, ки ба манзури шиносоӣ бо ахлоқу одати якдигар дар назду ҳамроҳ бо бузургони хонаводаи хеш рафтуомад кунанд. Иқбол ислоҳи тамаддун ва, аз ҷумла, қавоиди шариатиро яке аз муҳимтарин талаботи асри ҷадид медонад. Ӯ менависад: «Ман наметавонам аз гуфтани ин матлаб худдорӣ кунам, ки истидлолоти фуқаҳо, ки авомуннос онҳоро мутобиқи шариати ислом медонанд, акнун ниёз ба таҷдиди назар дорад. Ман ҳаргиз намегӯям, ки дар усули муслимиддин нуқсе вуҷуд дорад, балки мақсуди ман ин аст, ки тибқи Қуръони Маҷиду аҳодиси шарифа истидлолоте, ки фуқаҳо дар замонҳои мухталиф ироа додаанд, дар ҳамон замонҳо воқеан бисёр муносибу қобили амал будааст, вале барои замони ҳол ва эҳтиёҷоти он ҳаргиз кофӣ нест. Агар дар бораи авзои зиндагии мавҷуд фикре бикунем, он гоҳ маълум хоҳад шуд, ки ҳамон қадре ки имрӯз барои таъйиди усули мазҳабӣ ниёз ба илми каломи ҷадиде дорем, ба ҳамин тартиб, барои тафсири ҷадиди қонуни исломӣ фақеҳи олирутбае лозим аст, ки дорои қувои ақлия ва мутаҳаййилаи қавию васеъ бошад». Ҳангоми сафари Иқбол ба ҷануби Ҳинд, 7 январи соли 1929 дар Мадрас намояндагони Анҷумани занони мусалмон ӯро ба ҷаласаи худ даъват мекунанд ва ба ӯ сипосномае тақдим мекунанд, ки дар он дар баробари арзи сипос ба хадамоти илмӣ, динӣ ва адабии Иқбол чанд ҷумлаи зер низ буд: «Аз Шумо истидъо дорем, каме аз вақти гаронбаҳои худро барои мо, ки асирони қафас ҳастем, вақф кунед ва барои озодии шаръии табақаи занони мусалмон нағмасароӣ кунед. Вазъи мо – асирони қафас ногуфта равшан аст. Ба ҳамин ҷиҳат, барои ҷилавгирӣ аз ин масъала шеъре ҳаяҷонангез бисароед, то эҳсосоти хуфта бедор шаванд. Ҳоло ҳам хонаводаҳое ҳастанд, ки ҳатто номи озодӣ ба гӯшашон нарасидааст, дар сурате ки дар ҷаҳон умеду омоли зану мард яксон мебошад. Ва ислом низ таълими мусоват додааст (ояти 35, сураи «Аҳзоб»). Мутаассифона, мулоҳиза мекунем, ки аз тарафи мардон ҳуқуқи занон поймол мешавад. Мо аз Шумо тақозо мекунем, ки мавзӯъро равшан ва далоили ин корро баён кунед. Мо намехоҳем бигӯем, ки бародарони мо, ки зодаи модарон ҳастанд, бисёр золиму хунхор ҳастанд, балки аз ин масъала ранҷ мебарем, ки решаи беинсофӣ ва поймол кардани ҳуқуқи занон аз манозили волидайни худи онҳо оғоз мешавад. Падару модар дар робита бо ҳар ду - писару духтар роҳи ифроту тафритро пеш гирифтаанд ва ин фарқро бо мо парвариш медиҳанд. Дар баробари писар, духтарро илова ба маҳрум кардан аз хӯрду хӯрок, дар мавриди тақсими амлок низ маҳрум мекунанд. Агар аз бадшиносӣ духтаре бева шавад, падару модари ситамкор ба номи дифоъ аз шарафи хонаводагӣ ӯро аз издивоҷи нав маҳрум менамоянд ва ӯро мӯҳтоҷи бародарону амакҳо намуда, дар ҳақиқат, зинда ба гӯрашон мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳама ҷо садои озодии занон баланд аст, асари баҷову амиқи таълимоти ҷадид возеҳу равшан аст, ки занони мусалмон ба ҳуқуқи шаръиву ҷоизи худ, ки озодиву мусовот аст, даст ёбанд. Рӯҳи зиндаву содиқи ислом дар ҳиҷоби исломист ва ҷинси латиф зинда дар оташ месӯзад ва хокистар мешавад, то исори худро ба исбот расонад. Дар хотима, аз ин ки вақти Шуморо гирифтем, узр мехоҳем. Бо умеди ин ки дар ояндаи наздик барои беҳбудиву озодии табақаи занон назме бисароед ва бо ин амал барои ҳамеша занонро аз худ мамнуну муташаккир намоед». Ҷавоби Иқбол, ки, хушбахтона, маҳфуз мондааст, чунин буд: «Ақидаи ман ин аст, ки занон қодир ҳастанд кайфиятҳо (хислату хусусиятҳо)-ро беҳтар ҳифз кунанд… Гарчи дар даврони таназзулу инҳитот аз ҳуқуқи занони мусалмон ғафлат намуданд, вале занҳо бо вуҷуди ин ҳама зулм ба анҷоми вазифаи худ идома доданд. Ҳеҷ шахсе вуҷуд надорад, ки асароти тарбияти модари хешро дар худ наёбад ва ё муҳаббати хоҳаронаш бар дили вай ҷой надошта бошад. Он шавҳарони хушбахте, ки зани хубу порсо доштаанд, хеле хуб медонанд, ки вуҷуди зан барои иртиқоъ (болоравӣ)-и мард то чӣ ҳад муассир аст. Лозим нест як бори дигар бигӯям, ки дар ислом зану мард мусовӣ ҳастанд. Ман ин масоилро аз оятҳои Қуръони Карим дарёфтаам. Баъзеҳо бар ин ақида ҳастанд, ки мардҳо аз занон бартаранд. Ояте, ки ба шарҳи зер мебошад, мӯҷиби шак аст: «Ар-риҷолу қавомун ало ан-нисо». Аз назари муҳовараи арабӣ ин тафсир дуруст нест, ки мард аз зан болотар аст, аз нуқтаи назари дастурии забони арабӣ сифати тафсилӣ калимаи қоим ва қавом мебошад, ки маънои муҳофизатро медиҳад, яъне мардон муҳофизи занонанд. Тавре ки дар ҷойи дигар низ Қурони Карим мефармояд (ояти 183, сураи «Бақара»), ҳамон тавре ки либос барои маҳфуз нигоҳ доштани бадан аст, мард низ муҳофизи зан аст. Ва дигар ҳеҷ фарқе байни зану мард нест. Ҳоло тақозои ҷомеа ин аст, ки занҳо ҳаққи овоз додан дар интихоботро дошта бошанд. Зан нисбат ба мард ва мард нисбат ба зан вазоифи ҷудогонае доранд. Вале ин ба он маънӣ нест, ки зан поинтару мард болотар бошад. Ихтилоф бар асоси далоили дигаре аст. Хулоса ин, ки то он ҷое ки ба мусовот марбут аст, дар ислом фарқе миёни зану мард вуҷуд надорад. Ихтилофи байни онҳо ба далели ниёзҳои иҷтимоӣ аст. Қабл аз ҳар чиз ба ин масъала таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки модар ҳақ дорад, виросат (ворисият)-и фарзанди худро ба ӯҳда бигирад. Ислом инро низ эълом намудааст, ки зан метавонад ба таври ҷудогона молики ҳама чиз бошад. Ин эътироз низ вуҷуд дорад, ки мегӯянд: «Зан дар ислом монанди мард ҳаққи талоқ надорад». Шояд надонед, ки уламои мо ин масъаларо тавзеҳ додаанд: ҳангоми ақд зан метавонад бигӯяд, ки ҳаққе, ки ислом дар мавриди талоқ ба мард додааст, ҳамонро ба ман ё ба яке аз ақвоми наздики ман бидиҳед, то ба ақд мувофиқат кунам. Ислом дастури тааддуди заваҷот (бисёрзанӣ)-ро надодааст, балки фақат иҷоза додааст (ояти 3, сураи «Нисо»). Ин дуруст аст, ки мардони мусалмон аз ин иҷоза сӯиистифода мекунанд. Тақсири усул ва қавонин дар ин робита чист? Ҳангоме ки ба далели ҷанг теъдоди мардон коста мешавад, барои ҳифзи ояндагон лозим мешавад, ки мардон беш аз як ҳамсар ихтиёр кунанд. Қуръони Карим низ бо таваҷҷӯҳ ба ин масолеҳи иҷтимоӣ ин иҷозаро додааст. Ба ҳамин ҷиҳат, дар фиқҳ байни «фарз»-у «иҷоза» фарқ гузошта шудааст. Иҷозаро метавон тарк кард, вале фарзро ҳангиз наметавонем тарк кунем. Агар ҳангоми маросими ақд зан аз мард бихоҳад, ки иҷозаи тааддуди заваҷотро, ки Қуръон ба ӯ додааст, аз ҳаққи худ кам кунад, ҳаққи ин корро дорад. Дар ин робита гилае низ ба падарони духтарон баён мекунам. Он ин аст, ки онҳо ба ҳангоми маросими ақд ҳуқуқи занҳоро ба назар намегиранд. Шикояти дигари ман аз худи занҳо аст. Шумо дар сипоснома худро «асирони қафас» гуфтаед. Ногуфта намонад, ки чаро дар мавқеи лозим занҳо аз мардҳо ҳаққи худро аз роҳи қонун талаб намекунанд? Чаро аз бародарони худ саҳми моликияти худро талаб намекунанд? Мутаассифона, дар Ҳиндустон қавонини исломӣ иҷро намешавад, то ин навъ масоил бо кӯмаки шаръи исломӣ ҳал шавад. Аз 500-600 сол пеш шаръи ислом рокид (шахшуда) мондааст. Касоне, ки тобеи қавонини Инглистон ҳастанд, қодир ба дарки шаръи исломӣ намебошанд. Китобҳои фиқҳи машҳуре вуҷуд дорад, ки дар ҳудуди 500-600 сол пеш навишта шудаанд. Фатвоҳое, ки дар он замон содир шудаанд, бо авзои он замон низ созгор будаанд. Авзоъ имрӯз тағйир ёфтааст, ҳоло бояд бо таваҷҷӯҳ ба ин авзоъ диққати бештаре ба масоили шаръӣ дошта бошем… Агар занҳо омода шаванд, то ҳатталимкон аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд ва ҳаққеро, ки шаръи ислом барои онҳо қарор додааст, аз мардон бигиранд, ростӣ, зиндагии мардҳо талх хоҳад шуд. Хонумҳо метавонанд бобати тағзияи фарзандон бо шири худ ҳуқуқ дарёфт кунанд. Ҳатто бобати пухтупаз низ метавонанд тибқи қонун дастмузд талаб кунанд. Шумо ба мардҳо мегӯед «хато кардаанд», дар сурате ки оё худи шумо орӣ аз ҳар навъ хато ҳастед? Шумо бояд бо қотеият барои гирифтани ҳуқуқи худ кӯшиш кунед… Он ҳаққеро, ки зан бо инсофу ақл метавонад ҳар вақт ки хоҳад, талаб кунад, Қуръон ба ӯ додааст. Озодиро бо бебанду борӣ омехта накунед, башарият ҳаргиз ба бебанду борӣ иҷоза намедиҳад ва инсони боақл ҳаргиз онро намехоҳад. Мо бояд ин андешаро дар миёни ҳамаи мусалмонони кишвар ба вуҷуд биёварем, то вақте ҳуқуқи зан дар зиндагии ояндаи ӯ таъйин нашудааст, сиғаи ақд низ ҷорӣ нашавад. Ин ҳаракат бояд бо шиддати тамом оғоз шавад. Ҳамон тавре ки гуфтам, занони мусалмон метавонанд беҳтарин суннатҳои қавми мусалмонро ҳифозат кунанд, ба шарте ки роҳи оқилонаву дурусти ислоҳро ихтиёр кунанд, на ин ки аз занони Туркияву дигар кишварҳои Аврупо тақлид кунанд…»6 Ақидаи Иқбол дар мавриди издивоҷи духтарони хурдсол низ қобили таваҷҷӯҳ аст. «Ислом, - мегӯяд ӯ, - ба волидон иҷозат додааст, фарзандонашонро, ки хурдсол ҳастанд, ба ҳамдигар номзад кунанд, вале ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои вобаста ба бордоршавии духтарони камсин пешниҳод кардааст, ки ӯро пеш аз синни балоғат ба хонаи шавҳар нафиристанд». Ӯ мехост қонуне танзим гардад, то волидайне, ки духтарони худро пеш аз синни балоғат ба хонаи шавҳар мефиристанд, аз рӯйи қонун ҷазо гиранд. Ҳамин тариқ, андешаҳои Иқболро дар бобати муносибати ислом ба зан ба таври зайл метавон хулоса намуд: 1. Иллати асосии бад будани вазъи занон на дар нодурустии аҳкоми исломӣ, балки дар риоя нашудани он аст; 2. Сатҳи пасти саводнокии занон, бехабарии онҳо аз ҳуқуқҳои шаръии худ низ аз муҳимтарин сабабҳои бад будани вазъияти онон аст; 3. Аҳкоми динӣ бояд ҳамзамон бо дигаргун гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ таҷдиди назар гардад ва ба талаботи замони нав ҷавобгӯ бошад; 4. Худи занон низ бояд ба хотири комёб гардидан ба баробарии ҳуқуқ мубориза баранд ва риояи онро талаб намоянд. Табиист, ки ин андешаҳо аз доираи нуқтаи назари як фард берун омада, ифодагари орзуву омоли ҷомеа буда метавонад. 4.6. РАФТОРИ НОШОИСТАИ ЗАНОН: АДАБИЁТ ВА ҲАҚИҚАТ Адабиёт мунъакиси ҳаёт аст. Ин ҳақиқактро касе наметавонад инкор кунад. Аммо вобаста ба ҷаҳонбинии нависандаву шоир, замони зиндагии ӯ, муҳити иҷтимоӣ, сиёсати ҳукуматдорон дараҷаи инъикоси ҳаёти реалӣ дар асарҳои бадеӣ ба таври гуногун сурат мегирад. Бо вуҷуди ин ҳама, дар тамоми асру замонҳо адибон чун пешоҳангони маърифати инсонӣ бозгӯкунандаи дарду аламҳои иҷтимоӣ буданду ҳастанд. Падидаи дигари номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи моро ба доми худ кашидааст, масъалаи танфурӯшии занону духтарон ва оқибатҳои ногувори он аст. Солҳои мактабхонӣ китоби “Теҳрони махуф”- ро аз волидайну муаллимон пинҳонӣ мехондем ва байни худ “муҳокима” мекардем. Ин андешарониҳои мо дар партави “ширинӣ”- ҳои тасвири ҳолатҳои алоқаи шаҳвонӣ бисёр кӯдакона, нодуруст ва ҳатто зарарнок буд. Аммо агар он ба таври кушод, якҷоя бо калонсолону муаллимон таҳлил гардад, садҳо ҷавонон, махсусан духтаронро бо роҳи рост ҳидоят хоҳад кард. Зеро дар ин китоб дар мисоли сарнавишти талхи чор зани бадбахт тамоми сабабҳо ва гунаҳгорони ба ин роҳ рафтани онҳо – ҳам ҳасудии худи зан, ҳам номардии шавҳар, ҳам бепарвоии падару модар, ҳам сӯистифодаи пулдорону амалдорон ва ҳам заминаҳои иқтисодии он – камбағалӣ ва камбизоатии мардум ва ниҳоят, оқибатҳои бади он барои ҷомеа хеле хуб тасвир ёфтаанд. Барои муҳокима ва натиҷагирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби никоҳи барвақт, ки дарди дигари ҷомеаи мост, ҳикояти “Никоҳи духтари нӯҳсола” аз “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ мисоли хубу барҷаста шуда метавонад. Яке аз номатлубтарин падидаҳо дар ҳама давру замон паҳн шудани фисқу фасод ва фоҳишагӣ дар ҷамъият аст, ки дар навбати худ намунае аз нобаробариҳои гендерист. Таассуфовар аст, ки имрӯз ҳар яки мо дар зиндагии ҳамарӯза ин ҳодисаи номатлубро мушоҳида карда метавонем, дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон низ доир ба ин масъала мақолаҳои гуногун ба табъ мерасанд. Вале аксаран дар ин гуна мақолаҳо ва сӯҳбатҳои оддӣ мардуми мо санги маломатро фақат ба сари чунин занону духтарон мезананд, фақат онҳоро ба ин кор гунаҳкор мекунанд, ба онҳо лаънат мехонанд… ва бо ҳамин гумон мекунанд, ки «рисолат»-и худро анҷом додаанд. Дар ҳақиқат, оё фақат худи занон гунаҳкоранд? Оқибатҳои ин ҳодисаи номатлуб чӣ хоҳад буд? Барои ҷавоб додан ба ин саволҳо ва бисёр саволҳои дигари марбут ба он, таҳлили заминаҳои пайдоиш ва таъсири номатлуби ин падида ба ҷамъияти имрӯза таҳлили асари Муртазо Мушфиқ Козимӣ – «Теҳрони махуф» метавонад кӯмаки амалӣ расонад. «Теҳрони махуф» романи аввали нависандаи машҳури Эрон Муртазо Мушфиқ Козимӣ буда, соли 1922 дар рӯзномаи «Ситораи Эрон» ба табъ расидааст. Ин асарро соли 1941 нависандаи маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ барои хонандаи тоҷик ба чоп ҳозир кардааст. Таҳлили амиқи рӯзгори баду ҳаёти талхи занони ибтидои асри ХХ-и Эрон ба нависанда имкон додааст, асаре офарад, ки баъд аз гузашти солиёни зиёд низ на танҳо аҳаммияти адабию бадеӣ, балкиащаммияти иҷтимоии худро низ нигоҳ дорад. ...Дар охири қисми шимолии шаҳри Теҳрон, дар байни ду дарвозаи шаҳр - Давлат ва Шимрон хиёбоне буд, ки имрӯз бо номи Сипаҳсолор машҳур аст. Пас аз боғи Сипаҳсолор, тақрибан ду ҳазор қадам дуртар як маҳаллаи нимколаободе вуҷуд дорад, ки якчанд дӯкони баққолӣ, атторӣ ва шаробфурӯшӣ ҷойгир аст, ки бо номи хиёбони Оташкада машҳур аст. Хиёбони дигаре, ки ба тарафи шимолу ҷанубӣ ҷойгир аст, хиёбони Шенӣ ном дорад. Ана дар ҳамин маҳалла шабона овози тор, ғижжак ва хониши занона ба гӯши роҳгузарҳо мерасид. Дар пеши дарвозаҳои хонаҳо заноне дида мешуданд, ки сарашонро ба кӯча бароварда, бо имову ишора ва агар зиёдтар бешарму ҳаё бошанд, бо ҳаракатҳои махсус роҳгузаронро ба хона даъват мекарданд. Дар ҳамин маҳалла, дар ҳавлие, ки дар се тарафи он хонаҳои гуногун дида мешуд, чаҳор зан нишаста сӯҳбат мекарданд. Иморат дуошёна буда, дар рӯйи ҳавлии начандон калон ҳавзчае дида мещуд. Яке аз ин хонумҳо Ашраф ном дошт. Ин зан қомати баланд ва рӯйи сафед дошта, зулфони зардтобе дошт. Либоси лимӯранги остинҳояш хеле кӯтоҳ дошт, сараш ялаву мӯйҳояшро дар пушти сараш тӯб карда буд. Дуюмӣ, ки Ақдас ном дошт, кӯтоҳқад буда, мӯйҳояш сиёҳу чашмонаш хурду чуқур ва ранги рӯяш гандумӣ буд. Дар тан куртаи шоҳии осмониранг дошта, дар лаб папирос дошт. Сеюмӣ Иффат ном дошта, чашмонаш бодомӣ, абрӯвонаш кашида, биниаш нозук ва лабонаш сурх буд. Нисбати ду дугонаи дигараш хеле зебо буд ва аз шоҳии гулипуштӣ курта пӯшида буд. Чорумӣ Ахтар ном дошт. Вай хеле фарбеҳ буда, нисбати се зани дигар солаш калонтар буд. Вале бо вуҷуди ин зебо буд. Чашмони калон дошт, ба абрӯвонаш ӯсма молида буд, ки онҳоро зеботар нишон медоданд, бинниаш миёна, лабонаш андак ғафс буд, дандонҳои зебо ва бағбағаи дилкаш дошта, либоси зардранге ба бар дошт. Тасодуфан он шаб ба он хона касе наомада буд. Бинобар он ин чаҳор нафар набудани хӯҷаини худро ғанимат шумурда, даври ҳам нишаста, дарди дил мегуфтанд. Аз чеҳраи онҳо осори бадбахтӣ ва сиёҳрӯзгорӣ намоён буд ва сафедиву сурхиҳое, ки ба рухсораҳо молида буданд, ин осорро аз назари кунҷков пинҳон карда наметавонист. Яке аз онҳо аз ҳамхонаи чанд вақт пештарааш нафрат баён мекард. Дигаре аз бадгӯйӣ ва дашномҳои хӯҷаин шикоят мекард. Сеюмӣ ду рӯз пеш ба идораи политсия рафта, бисту чор соат ҳабс шудани худро ҳикоя карда дилтангии хешро баён мекард. Онҳо ба якдигар мефаҳмонданд, ки аз ин зиндагии сахт ва фисқу фуҷур ба танг омада, наҷот ва халосии худро орзу мекунанд. Ашраф аз болои гилем папиросе бардошта, даргиронд ва дуди онро пуф карда, ба шарҳи аҳволи худ сар карда, сабаби ба ин роҳ рафтанашро чунин баён кард: Касби падарам қассобӣ буд. Модарам, ки хоҳари хӯҷаини ҳозираи мо Ноҳидхоним буд, рӯзҳо дар хона ба ресмонресӣ машғул буд. Ҳар рӯз падарам панҷ-шаш қироне, ки ба даст медаровард, ману бародарамро базӯр мехӯронду мепӯшонд. Ман аз хурдӣ хеле ҳасадхӯр будам. Агар ба тани духтари ҳамсоя куртае медидам, маҷбур менамудам, ки ба ман ҳам аз ҳамон курта харида диҳанд. Дар хиёбони мо аъёну ашрофҳо зиндагӣ мекарданд, ки яке аз онҳо писари зебое дошт. Он ҷавон ба ман маъқул шуда буд. Аз ин рӯ, дар сари роҳи ӯ худнамоӣ мекардам ва ӯ гоҳе ба ман механдид. Он вақт дувоздаҳ сол доштам. Як бегоҳирӯзӣ ҳангоми бозӣ поям сахт лат хӯрд ва худро оҳиста ба зери деворе гирифтаму аз ҳуш рафтам. Якбора чашм кушодаму худро дар хонаи он ҷавон дидам ва пурсидам: «Ман дар куҷоям? Падару модарам куҷост?» Ӯ хандае кард ва маро бӯсида гуфт: «Хавотир нашав, модарат дар хонаатон аст. Ту имшаб ин ҷо хоб мекунӣ ва пагоҳ ба хонаатон меравӣ…» Саҳарӣ барвақт аз хоб бедор шудам ва ҳеҷ касро дар назди худ надидам. Дар кушода шуда, хизматгори ӯ - Ҳамида даромада, ба ман пакете дода ба хона гуселонид. Ба хона омадам, ки модарам маро меҷуст. Маро дида пурсид, ки дар куҷо будам. Ман бе ибо пакетро ба дасти модарам додам. Модарам ин ҳолро дид, сару мӯйканон ба гиря афтода гуфт, ки духтарамро беномус кардаанд. Модарам худро ба идораи политсия зад, вале натиҷае набахшид, зеро онҳо аллакай бо комиссариати политсия гуфтугӯ карда буданд. Модарамро тарсонида, ба ӯ сӣ туман дода, ба хона гуселониданд. Як ҷавони гилкор розӣ шуд, ки модарамро розӣ кунонда, ҳам сӣ туман ва ҳам маро ба занӣ гирад. Модарам дарҳол мулло оварда, моро никоҳ кард. Номи шавҳарам Аҳмад буд. Пас аз шаш моҳ модарам ва пас аз якуним сол падарам вафот карданд. Ман бо Аҳмад зиндагӣ мекардам, вале ҳеҷ гоҳ ёди он шаб маро ором намегузошт. Баъд аз чаҳор соли мурдани падарам ҳамин холаам омада, маро ба хонаи худ даъват карда овард. Ҳоло се сол аст, ки ин ҷоям ва ҳатто аз холаам 60 туман ҳам қарздорам ва медонам, ки ҳеҷ вақт ба адо кардани ин қарз бовар надорам». Пас Ашраф хомӯш шуду пас аз чанд лаҳза Ақдас ба гап сар кард: «Ман духтари баззозе будам ва мо дар оила ду духтар будем, ки ман хурдӣ будам. Хоҳари калониам бадафт буд ва чечак рӯяшро вайрон карда буд. Падару модарам тасмим гирифта буданд, ки то ӯро ба шавҳар надиҳанд, маро ба шавҳар намедиҳанд. Ниҳоят, хоҳарам шавҳар карду ман хотирҷамъ шудам, ки бахт ба рӯям механдад, вале ҳайҳот, хато карда будам. Як рӯз ду-се нафар зан ба хонаи мо омада, маро хуш карда, гуфтанд, ки домод ҷавони пулдори тамокуфурӯш аст. Падару модарам, ки ба хушбахтии ман дилбастагие надоштанд, розӣ шуданд. Шаби никоҳ ман як пири бадафтеро дидам, ки дандонҳояш зарду рехта буданд. Хуллас, бо ӯ тӯй шудаву зиндагӣ мекардам. Як рӯз баъд аз пешин барои баъзе майда чуйдаҳо ба бозор рафтам. Ногоҳ як ҷавони бистсола ба ман наздик омада, бе ибо гуфт: - Хонум, чӣ мешавад ягон соат маро сарфароз намоед? Азбаски қиёфа ва гуфтори ӯ ба ман писанд омад, бо шеваву ноз бо ӯ рафтам. Ӯ маро ба ҳамин хона овард ва бо ӯ ҳамхоба шудем. Ҳангоми хайрухуш ба ӯ ваъда додам, ки ҳар ҳафта ду маротиба бо ӯ вомехӯрам. Ногоҳ фаҳмидам, ки ба дарди сӯзок дучор шудаам. Шавҳарам ҳам ба ин дард дучор шуд, вале аз сабаби зиёд будани занҳояш намедонист, ки аз кадоми мо гирифтори ин дард шудааст. Ман аз ӯ талоқ гирифтам ва муддати ду сол аст, ки ин ҷо мондаам». Навбат ба Иффат расид. Иффат гуфт: «Ман духтари яке аз хонадонҳои калони шаҳри Теҳронам. Бинобар ягона фарзанд буданам падару модарам ба ман молу мулки зиёде медиҳанд, гӯён ҳар рӯз аз ҳар тараф завчиҳо меомаданд. Хуллас, маро бо ҷавоне фотиҳа карданд ва тӯйи калоне барпо намуданд. Шаби аввал нишаста мунтазир будам, ки домод меояд, вале, ҳайҳот, хато кардам. Пеш-пеши шавҳарам шахси пасти сабзинае аз дар даромада, аз паси он мард овози шавҳарам мебаромад, ки чунин мегуфт: — Марҳамат кунед, ҳазрати воло. Он мард рӯймоли маро аз рӯям боло карду гуфт, ки хеле зебо будааст ва ба шавҳарам гӯшакӣ чизе гуфт, ки ӯ сурху кабуд шуда, «ба чашм»-гӯён ӯро то зери дарвоза гуселонида, баргашта, ба ман гуфт: «Ин марде, ки дидед, раиси ман аст. ӯ баъд аз муддатҳои дароз, ки маро ба ин мартаба расонидааст, аз ман мехоҳад, ки имшаб шуморо ба ӯ ҳавола кунам». Ман фаҳмидам, ки бадбахтии ман аз ҳамин рӯз сар мезанад ва гуфти худам ҳам шуд. Ман ба ин шарти ӯ розӣ нашудам, вале бо сафсатаҳояш маро розӣ кунонд. Дили содаи ман ҳам ба ҳоли шавҳарам сӯхту розӣ шудам. Маро назди он бадсурату бадсиришт бурду соҳиби мансаби баландтаре гашт. Чанд вақт баъд шавҳарам гуфт, ки азбаски ҳазрати воло такрор шудани он шабро мехоҳанд, боз ба он ҷо рафтан лозим аст. Дидам, ки шавҳарам аз ман талабҳои беҷо мекунад ва ба ин восита мехоҳад ба мақомҳои олӣ расад. Ин суханашро рад кардам. Вале ӯ ба зорӣ афтода маро розӣ кунонд. Оҳиста-оҳиста ба ҳадде расид, ки бо кадом меҳмоне, ки меомад, маро бо онҳо ҳамхоба мекард. Шабе ӯ аз ман чунин хост, вале ба ӯ гуфтам, ки «Оқо, ҳеҷ шарм доред? Агар ин дафъа ҳам маҷбур созед, ба падарам аз Шумо шикоят мекунам.» Вале ӯ беибо хандида гуфт, ки ризо нашавам, маро шармандаву расво мегардонад. Ноилоҷ розӣ шудам. Ҳамсарам рӯзе омада гуфт, ки ӯро раиси идораи Исфаҳон интихоб кардаанд ва бояд ба Исфаҳон равем. Дар Исфаҳон рӯзам аз ин ҳам сиёҳ шуд. Доим маро дашном медод. Як рӯз ба ӯ гуфтам: - Чаро бад мегӯйӣ, агар бо ман зиндагӣ кардан намехоҳӣ, талоқ дода ба Теҳрон фирист. Вай дар ҷавоб гуфт: - Ту сода будаӣ, ман туро аз ҳамон шабе, ки ба парки ғарбӣ рафта будӣ, талоқ дода будам ва дар ин муддат барои иҷрои корҳо ва мақсадҳоям туро истифода намудам. Ва аз кисааш хате бароварда хонду гуфт: «Падару модарат аз баҳри фарзандиат кайҳо гузаштаанд». Пас аз хондани хат ман дувоздаҳ рӯз дар ҳолати таб беҳуш будам. Пас аз дувоздаҳ рӯз чашмонамро кушода, худро дар хонаи пиразане дидам, ки ба ман дору мехӯронд. Воқеаро ба ӯ гуфтам. Пиразан, ки дилаш ба ҳоли ман сӯхта буд, гуфт, ки «Ин ҷо ту ҳеҷ кор карда наметавонӣ, беҳтараш ба Теҳрон рав.» Ҳангоми баргаштан ба Теҳрон бо зане вохӯрдам, ки маро ба хонаи Арӯс Махсур бурда, аз он ҷо ба ин хонадон овард. Навбат ба Ахтар расид. Ӯ ба гап даромада, сабаби ба ин хонадони фисқу фуҷур омаданашро чунин ҳикоя кард: - Ман падару модарамро ҳеҷ ба ёд надорам. Ҳамин қадар медонам, ки баъзе одамони паст аз қабили шарбатфурӯш, аттор, баққол ва қазоқаскарҳо ба хонаи мо меомаданд ва бо ду зане, ки ҳамроҳи ман зиндагӣ мекарданд, дар як ҷо мехобиданд. Ба ман дар он хона ҳеҷ кас аҳамият намедод. Дар дувоздаҳсолагӣ хеле духтари зебо шуда будам. Як рӯз як нафар кафшдӯз ба хонаи мо омад. Аз омадани ин ҷавон Хонумбоҷӣ ва он ду зан хеле хурсанд шуданд, вале ҷавон ба онҳо эътиное накард ва ба Хонумбоҷӣ гуфт, ки ин ду зан ба ӯ маъқул нестанд, агар каси дигаре дорӣ биёр. Хонумбоҷӣ маро ба ӯ нишон дод. Ҷавон розӣ шуд ва ман он шабро бо ӯ рӯз кардам. Ҳоло бошад сенздаҳ сол аст, ки ба ин кор машғулам. ******************** Ин аст хулосаи мазмуни асари номбурда. Тавре ки мебинем, ин чаҳор зани раҳгумзада ба ин роҳи нопок бо сабабҳои гуногун рафтаанд. Агар яке аз роҳи ҳасаду ҳисси сангини камбағал будан ба ин роҳ рафта бошад, дуюмӣ аз сабаби беэътиноии падару модар ба духтари хеш ба ин чоҳ афтодааст. Сеюмӣ аз мансабпарастии шавҳари худ шӯрбахт гардидаву ба ин ҳолати ногувор гирифтор шуда бошад, чорумӣ аз сабаби бесарпаноҳ, яъне сағир будан ба ин ҳол афтодааст. Агар лаҳзае ҳодисаҳои дар асар тасвирёфтаро бо ҳаёти имрӯзаи мардуми худ муқоиса кунем, мутаассифона ва бадбахтона, монандиҳои зиёдеро хоҳем дарёфт. Имрӯз низ ҷамъияти мо ба ин дарди неш бар ору номус зананда рӯ ба рӯ гаштааст. Имрӯз ҳам ҳар инсони комилро саволҳое азоб медиҳанд, ки аз мушоҳидаҳои оддии ин гуна падидаҳо ба вуҷуд меоянд: Чаро падару модарон ояндаи фарзандони хешро андеша намекунанд? Магар молу чиз, сарват пеши чашмонашонро гирифта? Магар месазад, чунин падару модаронро падару модари меҳрубон хонд? Наход то андозае сарват онҳоро мадҳуш карда, ки ҳаёти фарзандони хешро андеша накунанд? Духтарони худро бо писаронашон баробар надониста, ба хушбахт будан ва набудани онон эътиное накунанд? Магар шавҳареро, ки мансабпарасту бешарму беномус асту ба ин восита занеро бадному нопок сохта, нақшаҳояшро амалӣ мегардонад ва ба ин роҳи бад равона мекунад, месазад, ки эҳтиромаш намуд ва шавҳари меҳрубонаш хонд? Ҳаргиз на. Аз як тараф, беаҳаммиятии падару модар ва бадсириштии шавҳару носозгориҳои зиндагӣ ба ин сабаб шуда бошанд, аз тарафи дигар, бесаводӣ ва содагиву хеле раҳмдил будани занону духтарон сабаб шуда, ки онҳоро ба ин рӯзгори баду нохуш ва заҳрогин гирифтор кардааст. Таърихи минбаъдаи Эрон ба мо боз як фоли дигареро илқо мекунад. Табиист, ки ба ҳар як падидаи номатлуб, агар сари вақт пеши роҳи он гирифта нашавад, ҷамъият роҳи дигари пурхатартареро ҳамчун аксуламал омода месозад. Тавре ки баъзе аз муаррихони Эрон қайд кардаанд, яке аз заминаҳои маънавии инқилоби исломӣ дар Эрон маҳз мубориза ба муқобили ҳамон фисқу фуҷуре буд, ки дар асар бо бадеияти том тасвир ёфтааст. Модоме ки чунин аст, мо низ бояд андеша кунем, ки ин ҳама носолимии ҳаёти зани тоҷик рӯзе чун силоҳи маънавӣ ба душманони сохти давлатдории демокративу дунявӣ хидмат хоҳад кард. Агар ба мазмун ва мӯҳтавои ин асар дақиқкорона назар андозем, он баробари ифшои ҳамаи носозгориҳои кору рӯзгор ҷанбаи неки ахлоқӣ низ дорад. Муҳимтар аз ҳама, занонро аз роҳи баду кори бад бозмедорад. Эҳсосе дар вуҷуди ӯ бедор мекунад, ки шарафу номусро муқаддас донаду аз ҳама боло гузорад. Аммо фақат бо талқину орзу ва насиҳатхониҳо кор ба сомон намерасад. Дар ин маврид ҳатто ҷорӣ кардани вазнинтарин ҷазоҳо барои занҳои бероҳа низ наметавонанд ин масъаларо ҳаллу фасл намоянд, зеро ҷазо додани зани бероҳа як навъи мубориза бо натиҷаи ҳодиса аст, на бо сабаби пайдоиши он. Агар хоҳем, ки ба таври ҷиддӣ ин падидаи номатлубро дар ҷамъият решакан кунем, мо бояд сабабҳои пайдоиши онро таҳлил намоем ва барои аз байн бурдани он сабабҳо кӯшиш ба харҷ диҳем. Муҳимтарин сабаби пайдоиши он ба итминони комили мо, фақру камбағалӣ аст. Маҳз сатҳи пасти зиндагии мардум аксари духтаронро ба ин роҳ андохтааст, падару модаронро маҷбур кардааст, ки духтарони худро ба маънои том чун мол фурӯшанд, маоши кам, набудани ҷойи кори муносиб занҳои бешавҳарро водор сохтааст, ки барои хӯрондани фарзандон танфурӯшӣ кунанд ва ё зани дуввуму севвум шаванд ва ғайраву ҳоказо. Ман намехоҳам, ки ин қабил духтарону занонро бо ин роҳ тарафдорӣ кунам, вале, он чи ба назари ман аҷиб мерасад, ин аст, ки дар ҷамъияти мо дар ҳаққи чунин гунаҳкорони бегуноҳ ҳар чӣ хоҳанд, раво мебинанд, ҳар чӣ сухани қабеҳе хоҳанд, мезананд, аммо дар ҳаққи мардоне, ки пули бедардимиёни худро бо ҳар роҳ барои қонеъ сохтани талаботи шаҳвонӣ ва ғайриинсонии худ истифода мебаранд, лаб ба хомӯшӣ мезананд. Духтарони синну солашон хурдро ба занӣ гирифтани мардони калонсол низ ба расмият даромадааст, ки нишоне аз сӯиистифода аз дорамиву сарватманд будани онҳост. Кор ба дараҷае расидааст, ки кордеҳу корчаллон дар симои коргардухтари ҷавон сайди худро ҷустуҷӯ мекунад, на маҳорати касбии ӯро. Солимии ҷамъият ба солимии зан вобаста аст. Пас, месазад, ки барои рафъи носозгориҳоиҳои рӯзгор ва ҳалли масоили гендерӣ якҷоя камар бандем. Бадбахтии занон дар маҷмӯъ бадбахтии мардон низ хоҳад буд. БОБИ ПАНҶУМ. ТАФОВУТҲОИ ЗАБОНИ МАРДУ ЗАН 5.1. АЗ МУШОҲИДАҲО Мо, агар мушоҳидакор бошем, дар ҳаёти ҳаррӯза намунаҳои зиёдеро аз муноқишаҳои марду зан мушоҳида карда метавонем, ки сабаби асосии пайдоиши онҳо нафаҳмидани тафовутҳои забонии марду зан аст. Барои мисол метавонам ду нақлро аз забони дӯстону ҳамкоронам орам. Боре яке аз дӯстонам чунин воқеаро ҳикоят кард: Бо занам маслиҳат карда, дар арафаи соли нави хониш ба бозори Корвон рафтем, то ки барои фарзандонамон як-ду либоси нав харид кунем. Баъди харидани либосҳои бачагона аз пайи интихоби пойафзол шудем. Дар як дӯкон як пойафзоли хуберо пайдо кардем. Фурӯшандаи он зани ҷавоне буд. Вақте фаҳмидам, ки нархи пойафзол сӣ сомонӣ аст, ба савдо кардан даромадам ва миёни ману он ҷавозан чунин гуфтугӯ ба амал омад: -Пойафзоли хуб, аммо нархаша бисёр баланд гуфтед, хоҳарҷон. -Сифаташ ба нархаш меарзад, акаҷон, не нагӯед, пушаймон мешавед. -Дуруст мегӯед, аммо камтар поинтар фуроред, як маслиҳат кунем. -Не, акаҷон, ман ҷойи шудашро гуфтам. -Наход ҳамин хел як духтари зебо гапи акаашро нагирад, бисту панҷ сомонӣ медиҳам, хоҳарҷон, ин ҳам пули бад не. -Бовар кунед, ки худаш қиммат омадааст, хайр, ана, ба хотири суханҳои ширинатон ду сомонӣ арзонтар мекунам. -Ба ҳаминаш ҳам раҳмат, лекин чӣ кунам, ки фақат бисту панҷ сомонӣ дорам, Шумо ҳам як бор илтифот карда, не нагӯед... Ҳамин тариқ, фурӯшандаро розӣ кунонда, пойафзоли дилхоҳро ба бисту панҷ сомонӣ харидам ва боварӣ доштам, ки занам маҳорати савдокунии маро қадр карда хурсанд мешавад. Аммо баръакс шуд. Аввал занам то чанд муддат хомӯш истод. Вақте сабаб пурсидам, гӯё мунтазири сухани ман бошад, якбора даргирифт: -Шарм намедоред, занатон дар баратону ба зани дигар луқмапартоӣ мекунед? -Чӣ кор кадам? – ҳайрон шудам ман. -Чӣ кор кардед? Айб не, ки «духтари зебо», «камтар поинтар фуроред», «як бор не нагӯед» мегӯед? -О, ман ин ҳамаро ба хотири камтар сарфа кардани маблағ гуфтам, на бо мақсади дигар! Мехостам илова кунам, ки агар ҳоло ақиб гардам ҳам, он дӯкону фурӯшандаро пайдо карда наметавонам, аммо маълум буд, ки занам маро шунидан намехоҳад. -Ман безор аз ин хел сарфакуниҳо! –нидо зад ӯ. Баъди ин ҳодиса мо як ҳафта ногап будем... Ҳодисаи дигарро ҳамкори дигарам баён кард: -Рости гап, ҳамин занҳоро ҳеҷ фаҳмида наметавонам. Соли гузашта, баъди беҳтар шудани вазъи иқтисодиам як компютер харида, дучанд заҳмат мекашидагӣ шудам. Ҳам дар идора кор мекардам, ҳам дар хона кори худ ва фармоишҳои дигаронро иҷро мекардам. Ҳатто худи занам боре ишора карда буд, ки бо харидани компютер вазъи зиндагиамон хеле беҳтар шудааст. Аммо дирӯз, яку якбора, бе ҳеҷ муқаддима ба ман эътироз карда гуфт, ки «Ман хуб фаҳмидам, ки зани дуввум будаам». Аз ростӣ, аз ин гуфтаҳои ӯ ҳеҷ чизро нафаҳмидам, дар ғазаб шудам, охир, дар ҳақиқат, ман як зан дорам ва аз ӯҳдаи таъмини оила базӯр мебароям! Тӯҳмати хушку холӣ ба кас чӣ хел таъсир мекунад, ҳама медонад. Бинобар ин ба сӯяш нигоҳи сахте карда, фарёд задам: -Агар ягон чизро медониста бошӣ, зани аввалам куҷост, бигӯ, худи ҳозир ба назди ӯ меравам! -Зани якумат ана ҳамин компютер! – нидо зад занам. Тамоми шаб на хоб карда тавонистам, на кор.... Хушбахтона, то ин вақт ман дар бораи фарқияти забони мардону занон маълумот доштам ва гузашта аз ин, китобҳои Ҷон Грей – «Мардон – аҳли Миррих, занон – аҳли Зӯҳра» ва Дебораҳ Таннен «Ту фақат маро намефаҳмӣ» -ро ба забони англисӣ мутолиа карда будам, бинобар ин сабабҳои роҳ додани чунин ҳолатро шарҳ дода тавонистам. Китоби яке аз муҳаққиқони барҷастаи ин соҳа – Ҷон Грей, дар ҳақиқат, хонданиву хеле муфид аст. Он бори дигар тасдиқ мекунад, ки мардону занон, сарфи назар аз мансубияти милливу нажодӣ, фарҳангиву динӣ ва забонӣ дар ҳама ҷо бо забонҳои гуногун сӯҳбат мекунанд. Тафовути забонии марду зан ба андозаест, ки фикр мекунед, гӯё ба забонҳои тамоман гуногун ҳарф мезада бошанд. Лозим ба ёдоварист, ки ба қалами ин муҳаққиқ китобҳои дигар, аз ҷумла, «Мард. Зан. Муносибат», «Чиро модари Шумо наметавонад ба Шумо гӯяд ва падари Шумо наметавонад донад?», «Миррих ва Зӯҳра дар рахти хоб» ва ғайра тааллуқ дорад. Хондани ин китобро ба хонандагону муҳаққиқон тавсия намуда, ба забони тоҷикӣ овардани як пораи онро, ки бевосита ба мавзӯи баҳси мо робитаи наздик дорад, зарур мешуморам. Иқтибоси овардашуда тарҷумаи таҳтуллафзии он набуда, бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва забонӣ ҷо-ҷо тағйироту иловаҳо дароварда шудаанд. Китоб на танҳо аз лиҳози баррасии илмии ин падида, балки аз нуқтаи назари тарзи нигориш ва услуби баён низ хеле ҷолиб аст. 5.2. ҶОН ГРЕЙ ВА КИТОБИ Ӯ «МАРДОН – АҲЛИ МИРРИХ, БОНУВОН – АҲЛИ ЗӮҲРА» Барои шавқовартар пешниҳод кардани матолиби мавриди назар нависанда кӯшиш кардааст, ки роҳи ҷолиби баёни фикрро пеш гирад. Тасаввур кунед, ки ватани бобоии мардон Миррих буду аз они занҳо Зӯҳра. Рӯзе аз рӯзҳо миррихиён аз дурбини худ нигоҳ карда, дар он зӯҳрагиёнро мебинанд ва ин манзара дар сокинони сайёраи сурх ҳиссиёти то ин дам ноаёнеро бедор менамояд. Ҳама саросар ошиқ мешаванд. Миррихиён зуд киштии кайҳонӣ ихтироъ менамоянд ва ба сӯйи Зӯҳра мешитобанд. Бонувони Зӯҳра онҳоро меҳрубонона пешвоз мегиранд. Дилашон кайҳо гувоҳӣ медод, ки ин рӯз ягон вақт мерасад, бинобар ин қалбашон ба пешвози ишқи то он вақт насанҷида боз гашт. Ишқи байни зӯҳрагиён ва миррихиён ба таври сеҳромез ҳаёти онҳоро дигаргун сохт. Онҳо аз якҷоя будани худ, аз сӯҳбати якдигар ва аз тамоми он корҳое, ки якҷоя карда метавонистанд, ҳаловат мебурданд. Фарзандони ду ҷаҳони гуногун як олам фарқияти байни худ мавҷударо кашф намуда, аз омӯхтани якдигар, омӯхтани талаботи гуногун, майлу рағбат, тарзҳои рафтор дар ин ва ё он ҳолат лаззат мебурданд. Солҳои дароз бо ишқу ҳамдигарфаҳмӣ гузаштанд. Вале яке аз рӯзҳо онҳо хостанд, ки ба Замин бикӯчанд ва ҳамин тавр ҳам карданд. Дар аввал дар ин ҷо ҳам ҳамааш хуб буд, вале… Дар зери таъсири обу ҳаво ва муҳити Замин рӯзе, пагоҳӣ, вақте ки мардону занон аз хоб бедор шуданд, дарк карданд, ки қисман хотираи худро гум кардаанд. Ҳам миррихиён ва ҳам зӯҳрагиён фаромӯш карданд, ки онҳо ба сайёрагони гуногун мансубанд ва аз ин рӯ онҳо худ гуногунанд. Танҳо як саҳар кифоя буд, ки тамоми он дигаргуниҳое, ки онҳо омӯхта буданд, аз хотираи онҳо нобуд гардад. Аз ҳамон вақт мардону занон байни худ ҷанҷолро сар карданд ва то ҳол ин корро идома медиҳанд... Гуногун, гуногун… Табиатан гуногун будани худро надониста, марду зан монда нашуда, ба сари якдигар кӯҳи аламу сарзанишро бор мекунанд. Мо аз якдигар ба ғазаб меоем ва дилсард мегардем, зеро ки ин ҳақиқати муҳимро аз хотир баровардаем. Мо аз ҷинси муқобил ҳамон аксуламалу рафтореро интизорем, ки худ чунон мехоҳем. Мо мехоҳем, ки «ӯ» чизе, ки мо худ мехоҳем, ҳамонро бихоҳад ва чизеро, ки мо худ ҳис мекунем, ҳамонро ва мисли мо ҳис кунад. Мо саҳван гумон мекунем, ки агар шарики мо моро дӯст дорад, ӯ ҳатман ҳамон тавре рафтор кунад, ки мо, худ агар касеро дӯст дошта бошем, рафтор мекунем. Чунин ақида моро дилсарду ноумед месозад ва, ба ҷойи он ки дақиқае оромона, босаброна, ҳамчун ду шахси ба дил наздик ба дигаргуниҳои худ сарфаҳм равем, мо худ ва маъшуқ(а)-и худро дар азоб мегузорем. Мардон саҳван андеша доранд, ки занҳо ба ин ё он чиз айнан мисли мардон фикр, эҳсос ва эътино мекунанд; занҳо саҳван фикр мекунанд, ки мардон ба ин ё он чиз айнан мисли занҳо фикр, эҳсос ва эътино мекунанд. Мо фаромӯш кардаем, ки мардону занон аз ибтидо аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Дар натиҷа муносибатҳои мо аз ихтилофу ҷанҷолҳои нодаркор фаровон аст. Дарку эҳтироми ин гуногуниҳо – маҳз ҳамин маҳаки асосиест, то ки муносибатҳо бо ҷинси муқобил занҷири беохири задухӯрд буданро бас кунад. Агар аз хотир набарорем, ки мардон аз Мирриханд ва занҳо аз Зӯҳра, он гоҳ қариб шарҳи ҳама чизро ёфтан мумкин аст. Танҳо нияти нек кофӣ нест Шумо ошиқ шудед… Ин, дар ҳақиқат, ҳиссиёти сеҳрнокест ва гумон мебаред, ки он абадист ва ҳамеша давом хоҳад кард. Мо содадилона бовар мекунем, ки бо ягон тарз метавонем аз проблемаҳои ҳаётӣ, ки хоси волидайни мо буданд, халос мешавем, зеро гумон мекунем, ки ишқи мо дигаргуна аст ва ҳеҷ гоҳ намемирад ва мо ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда хушбахт хоҳем шуд. Вале вақте ки ҷозибанокӣ бартараф мешавад ва аз миёни тумани тунуки он зиндагии ҳақиқии ҳаррӯза намудор мегардад, маълум мешавад, ки кор осон нест: мардон аз занҳо фикрронӣ ва аксуламали мардона интизор мешаванд, занҳо бошанд, дар мардон эҳсосоту рафтори ба занҳо тааллуқдоштаро меҷӯянд. Дарк накардани он, ки то кадом андоза мо гуногунем, моро водор намесозад, барои фаҳмидани ҳамдигарамон вақт ҷудо кунем. Мо дар баҳогузории шарики худ сахтгир, хашмгин, зудранҷ, дағал ва бесабру тоқат мешавем. Ва ҳамин тавр ҳам мешавад, ки бо вуҷуди тамоми ниятҳои неки мо барои хушбахтона умр ба сар бурдан, ишқи мо оҳиста-оҳиста хомӯш мегардад. Аз куҷо пайдо гаштани як кӯҳ проблемаҳо номаълум аст. Сарзаниш ва дилсардии тарафайн ҷамъ шудан мегиранд. Робитаҳо вайрон мегарданд. Нобоварӣ меафзояд. Дар натиҷа низоъҳо, дуршавӣ, бегонашавӣ ба миён меоянд. Ва рӯзе мефаҳмем, ки аз сеҳри ишқ ягон асаре ҳам намондааст. Мо бо азоби рӯҳӣ ба ин саволҳо ҷавоб меҷӯем: Чӣ тавр ба ин ҳол расидем? Чаро ин хел шуд? Барои чӣ ин чиз маҳз бо мо рӯй дод? Ба ин гуна саволҳо ҷавоб ҷуста, бузургони ҷаҳон моделҳои пуриқтидор, мураккаб, фалсафавӣ ва психологӣ таҳия кардаанд. Вале боз ҳам ин вазъият идома дорад. Ишқ мемирад. Ва ин чиз қариб бо ҳама рӯй медиҳад... Ҳар рӯз миллионҳо одамон дар Замин ҷуфти худро мекобанд, то ки ин ҳиссиёти тамоман ғайриоддӣ, бо ягон чиз муқоисанашаванда – ҳиссиёти ишқро аз сар гузаронанд. Ҳар сол миллионҳо ҷуфт бо ишқ мепайванданд ва баъд бо дард ҷудо мешаванд, барои он ки эҳсоси худро гум кардаанд. Аз байни онҳое, ки тавонистаанд муддати кофӣ бардошт кунанд, то ҳаёти оилавӣ барпо кунанд, танҳо понздаҳ фоизашон баъдан ҷудо намешаванд. Ва аз онҳое, ки ҳар чӣ бошад ҳам, бо якдигар умр ба сар мебаранд, эҳтимол нисфашон аз хонадории мукаммали худ чизе гуфта наметавонанд. Баъзеҳо хонадориашонро аз рӯйи ҳисси дилсӯзӣ ба шарики худ, баъзеҳо аз рӯйи амри виҷдон, баъзеҳо аз рӯйи тарси проблемаҳои нав ва зарурати ҳамаро аз сари нав оғоз кардан маҷбуран нигоҳ медоранд. Ва танҳо миқдори хеле ками одамон ишқи поку ҳақиқии худро на танҳо то охир нигоҳ медоранд, ҳатто бо гузашти умр онро меафзоянд. Ин дар сурате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳар дуи шарикон дар хотир дошта бошанд, ки дигаре ба ӯ монанд нест ва ӯро мисли оне, ки ҳаст, бо фаҳмишу эҳтиром ба гуногуниҳои мавҷуда қабул мекунад. Танҳо дар ин ҳол имконият ҳаст, ки ишқи онҳо бо ранги бошукӯҳ мешукуфад. Дарки ин гуногуниҳои байни худ ва ҷинси муқобил ба мо барои пурратар ба шахси наздикамон додани ишқи худ, ки дар дил ниҳон дорем ва ба ҳамон андоза пурратар ҳис намудани ишқе, ки ӯ ба мо тӯҳфа кардааст, кӯмак мекунад. Агар мо далели гуногунии байни худро ба таври бояду шояд баҳо дода қабул кунем, ёфтани ҳалли ҳар масъала ва ба мақсадҳои худ ноил гаштан осон мешавад. Муҳимтар аз ҳама, мо ба дараҷаи олӣ изҳор намудани ишқ ва дастгирии худро ба шахсони азизи худ ёд мегирем. Ҷаноби «Ҳамаро ҳал мекунам» ва «Кумитаи мушовара» дар хона Занҳо ҳангоми аз мардон шикоят кардан маъмулан чунин мегӯянд: «Ӯ маро тамоман гӯш намекунад». Ин «золим» ё пурра суханони занашро рад мекунад, ё ин ки каме ба гапҳояш гӯш дода, пас аз фаҳмидани маънои суханҳои ҳамсараш бовиқорона кулоҳи «Ҷаноби ҳамаро ҳал мекунам»-ро ба сар мекунад ва ҳалли вазъиятеро пешкаш мекунад, ки мақсад аз он ҳамсарашро ором ва ҳаёти ӯро осоишта кардан аст. Аммо вақте мебинад, ки занаш ин тазоҳури ишқро қадрдонӣ намекунад, зуд дар ҳайрат мемонад. Чи қадаре ки зан мардро барои ӯро гӯш накарданаш сарзаниш кунад, ҳамааш боз аз сари нав ва бо ҳамон тарзи пешина такрор мешавад. Зан таваҷҷӯҳ ва ҳамдардӣ мехоҳад, мард бошад, фикр мекунад, ки ба занаш ҳалли проблема даркор аст. Мардон ҳангоми аз занҳо шикоят карданашон маъмулан чунин мегӯянд: «Ӯ мехоҳад, ки маро аз рӯйи табъи дилаш тағйир диҳад». Вақте ки зан мардро дӯст медорад, ӯ худро барои мард вазифадор ҳис мекунад, барои ба мартабаи баланд расидан ва ба мавқеи беҳтар ноил шудани ҳамсараш вазифадор меҳисобад ва аз ин рӯ мекӯшад, ки ӯ беҳтару мукаммалтар шавад. Ӯ дар симои худ чизе монанди «Кумитаи мушовара»-ро дар хона бунёд мекунад ва дар маркази таваҷҷӯҳи ӯ, пеш аз ҳама, ҳамсараш қарор мегирад. Чи қадаре ки ӯ ба парасторӣ ва луқмадиҳии нопурсидаи зан зиддият нишон диҳад, ҳамсари бовафо ҳамеша вақтеро меҷӯяд, то ба ёрӣ ҳозир бошад, ё дар бобати он ки чӣ бояд кард, маслиҳатҳои пурарзиштарин бидиҳад. Зан фикр мекунад, ки бо ин тарз дӯстдоштаашро аз душвориҳои зиндагӣ муҳофизат мекунад, мард бошад, худро зердасти ҳамсараш ҳис мекунад. Ба ӯ бештар маъқул аст, агар зан ӯро, чи хеле ки ҳаст, ҳамон тавр қабул намояд. Чунин менамояд, ки инҳо проблемаҳои абадӣ мебошанд. Аммо онҳоро ҳал кардан имконпазир аст. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд фаҳмид, ки барои чӣ дар мардон ҳамеша чунин як хоҳиши сахти пешкаши ҳалли проблема ҳукмрон асту занҳо ба тағйирдиҳиву такмил ва маслиҳатдиҳӣ моиланд. Биёед, ба қафо, ба гузашта биравем ва ҳаётро дар Мирриху Зӯҳра мушоҳида намоем – ба давроне, ки аҳли онҳо бо якдигар вохӯрда, ба Замин омаданд. Ин имкон медиҳад, то ки мо бо хусусиятҳои равонии якдигар шинос гардем. Зиндагӣ дар Миррих Миррихиён қувва, кордониро қадрдонӣ мекунанд, озмоишро дӯст медоранд – кӣ киро мегузарад, кадоме аз дигаре дар ҳаёти худ ба муваффақияти бештаре ноил мегардад. Кори ҳамешагии онҳо – худсобиткунӣ дар чашми худ ва дигарон, исбот кардани он аст, ки онҳо аз дигарон беҳтар, зӯртар ва боистеъдодтаранд. Хештаншиносии мардон аз рӯйи он муайян мегардад, ки то чӣ андоза онҳо ба натоиҷи баланд ноил шуда метавонанд. Танҳо муваффақият ба онҳо ҳиссиёти ҳақиқии зиндагиро, мазмуни мавҷудияти худро дода метавонад. Афзалияти ин арзишҳо дар Миррих ба тамоми чизҳо паҳн мешавад. Инъикоси дараҷаи эътиборнокӣ ва комилҳуқуқии соҳиби худ будан ҳатто аз худи либоси миррихиён талаб карда мешавад. Милисаҳо, сарбозон, корчаллонҳо, олимон, ронандагони таксӣ, техникҳо, роҳбарон – ҳамаи онҳо либоси махсус, ё ҳеҷ набошад, фақат кулоҳе мепӯшанд, то нишон бидиҳад, ки шумо бо инсони махсус, соҳиби қудрату ҳуқуқҳои муайян сари кор доред. Онҳо маҷаллаҳое, мисли «Психологияи муосир», «Ман худам» ва ё «Инсоният»-ро намехонанд. Онҳоро бештар навъҳои фаъолияти беруназхонагӣ ҷалб мекунанд: шикор, моҳидорӣ, пойгаи автомобилронӣ. Онҳо ба иттилоот, обу ҳаво, варзиш шавқу рағбат доранд, романҳову китобҳое, мисли «Худат ба худат ёрӣ деҳ» бошанд, барои онҳо вуҷуд надоранд. Шавқи онҳо ба ашёву чизҳо нигаронида шудааст, на ба одамону ҳиссиёт. Ва дар замони мо дар Замин, вақте занҳо ишқро орзу мекунанд, мардон саргарми автомобилҳои пуриқтидор, компютерҳои баландсуръат, технологияи наву пешқадам, савдову корчаллонианд. Онҳоро танҳо он «чизҳое» ба ташвиш меоранд, ки барои ноил гаштан ба ин ё он натоиҷ, ё барои изҳори иқтидорашон ёрӣ мерасонанд. Ба натиҷа комёб шудан барои миррихӣ хеле муҳим аст: барои ӯ ин тарзи исботи он аст, ки ӯ кирои мард будан аст ва ин чиз ба ӯ қаноатмандии маънавӣ мебахшад. Аммо ӯ чунин эҳсосро танҳо ҳамон вақт ҳис мекунад, ки ба натиҷаи дилхоҳ бо қувваи худаш ноил гашта бошад, на бо ёрии касе. Миррихиён аз он мефахранд, ки ҳама чизро худашон мекунанд. Чунин «худидоракунӣ» барои онҳо рамзи хислатҳои кордонӣ, ихтиёрдорӣ, қобилияти ғалаба кардан аст. Занҳо ба чунин хусусияти миррихиён сарфаҳм рафта, метавонанд бифаҳманд, ки чаро ба мардон ин қадар маъқул нест, ки касе онҳоро ислоҳ кунад ва ё ба онҳо дар бобати чӣ кор карданаш луқмапартоӣ кунад. Ба мард маслиҳати нопурсида додан баробари дар зери шакку шубҳа гузоштани қобилияти мустақилона ҳал намудан ва амал кардани мард аст. Ана барои ҳамин низ онҳо чунин мудохиларо ба дил мегиранд: барои онҳо ҳамеша донистани он муҳим аст, ки онҳо метавонанд ҳама чизро худашон ҳал кунанд. Инак, миррихӣ ҳама проблемаҳои худро худаш ҳал мекунад, барои ҳамин ӯ дар мавридҳои хеле кам дар бораи онҳо сухан меронад – магар вақте ки ба ӯ маслиҳати одами ботаҷрибатар лозим бошад. Ӯ чунин ақида дорад: «Барои чӣ боз касеро бояд ташвиш дод, модоме ки ман бо қувваи худам инро ҳал карда метавонам?» Ва ҳамин тавр, тамоми проблемаҳояшро дар сари худ нигоҳ медорад, то маҷбур нашавад, ки барои ҳалли масъала ба ёрии касе мӯҳтоҷ бошад. Аз касе ёрӣ ҷустан, ҳангоме ки ҳамаро худ ҳал карда метавонӣ, баробари он аст, ки ба бебизоатӣ ва нотавонии худ иқрор шуда бошӣ. Аммо вақте ки ба ӯ, дар ҳақиқат, ёрии касе лозим бошад, ҷустани он маънои оқилона рафтор кардани мард аст. Он гоҳ мард касеро интихоб мекунад, ки ба ӯ эҳтиром дорад ва бо ӯ дар бораи проблемаи худ сухан меронад. Дар Миррих чунин сӯҳбат ҳамчун даъват ба иштирок, пурсиши додани маслиҳат фаҳмида мешавад. Барои ҳар як миррихӣ пешкаши чунин имконият шарафи бузург аст. Ӯ зуд ҳамон кулоҳи «Ҷаноби ҳамаро ҳал мекунам»-ро ба сар мекунад, каме гӯш мекунад ва баъд як қатор маслиҳатҳои муфидро ба забон меорад. Чунин одати миррихӣ яке аз он сабабҳое мебошад, ки мардро маҷбур месозад ҳангоми сухан рондани зан дар бораи проблемаҳои худ беихтиёр ҳалли вазъиятро пешкаш кунад. Вақте зан содадилона мепиндорад, ки ҳамту, ғаму алами худ ва ҳиссиёти бо он алоқамандро ба забон орад, мард саҳван инро ҳамчун дархости ҳалли вазъият ва додани маслиҳат дарк мекунад. Ва аллакай ӯ худро бо кулоҳи олиҳимматаш сарфароз намуда, маслиҳатро паси маслиҳат пешкаш намудан мегирад… Бо ҳамин тарз ӯ ишқи худро ба ҳамсараш изҳор намуда, мекӯшад, ба ӯ ёрӣ диҳад. Мард мехоҳад ҳаёти занро бо ҳал намудани проблемаҳояш осуда созад. Мехоҳад барои ӯ фоиданок бошад. Вақте ки хислату қобилиятҳои мард барои ҳалли проблемаи зан истифода мешаванд, ӯ ҳис мекунад, ки занро қадр мекунанд, ки ӯ сазовори ишқи азизаш аст. Аммо акнун ҳал пешниҳод гашт, вале зан ҳоло ҳам дар нолиш аст... ва бо гузашти ҳар як дақиқа барои мард гӯш кардани зан душвортар мегардад, зеро маслиҳати ӯ рад карда шуд ва ӯ худро боз ҳам беқадртар ҳис мекунад. Ба сари ӯ ҳатто намеояд, ки фақат бояд занро гӯш кунад, бо завқу ҳамдардӣ гӯш кунад, зеро фақат ҳамин он дастгириест, ки ба зан лозим аст. Охир ӯ намедонад, ки дар Зӯҳра, вақте ки бо ту дар бораи ягон проблема сӯҳбат мекунанд, ин маънои онро надорад, ки аз ту ягон маслиҳат ё ҳалли он хоста шуда бошад... Зиндагӣ дар Зӯҳра Барои зӯҳрагиён арзишҳои дигар мавҷуданд. Барои онҳо ишқ, сӯҳбат, зебоӣ ва ҷаҳони муносибатҳои инсонӣ аз ҳама волост. Вақти зиёди онҳо бо ғамхорӣ, дастгирӣ ва ёрии якдигар сарф мешавад. Худшиносии онҳо бо ҳиссиёт ва сифати муносибатҳояшон муайян мешавад. Махсусан, занҳо худро дар алоқаҳо бо дигарон, бо имконияти бо ҳам дидани ҳиссиёт ва таассуроти худ ва шарик шудан ба мусибату шодмониҳои дигарон мешиносанд. Аввалиндараҷа будани ин арзишҳо дар ҳама чиз эҳсос мешавад. Зӯҳрагиён на барои он ғам мехӯранд, ки роҳҳои мошингард беҳтар бошанд ва биноҳо баландтар, балки барои он ки дар зиндагии онҳо мавзунӣ, ишқ ва ёрии ҳамдигарӣ вуҷуд дошта бошад. Барои онҳо муносибатҳои ишқӣ аз кор ва технологияҳои баланд муҳимтаранд. Ҷаҳони онҳо қариб ки дар ҳама чиз аз ҷаҳони миррихиён фарқ мекунад. Бар хилофи миррихиён, зӯҳрагиён либоси расмӣ, ки аз касби онҳо ва ё ягон мавқеи махсуси соҳиби онҳо нишона бошад, намепӯшанд. Баръакс, барои онҳо аз рӯйи ҳолату рӯҳия ҳар рӯз либосҳои гуногун пӯшидан яке аз лаззатҳост. Барои онҳо баёни худ, махсусан ҳиссиёти худ хеле муҳим аст. Онҳо ҳатто метавонанд рӯзе чанд маротиба – чи қадаре ки рӯҳияашон тағйир ёбад – либос иваз намоянд. Сӯҳбатороӣ барои зӯҳрагиён аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Табодули ҳиссиёт ва таассуроти худ бо дигарон барои онҳо аз ноил гаштан ба муваффақият ва натиҷаҳои баланд муҳимтар аст. Онҳо худро дар сӯҳбат, дар муносибатҳо бо дигарон такмил медиҳанд ва бо ҳамин эҳсоси баланди қаноатмандӣ мекунанд. Барои мард ҳамаи ин чизро фаҳмидан душвор аст. Вале ӯ метавонад фарогирии он кайфиятеро, ки ӯ ҳангоми ғолиб омадан ба пойга, задани гол, ҳалли ягон масъала ҳис мекунад, ба ёд оварад ва он гоҳ барои ӯ чӣ ва чӣ гуна эҳсос кардани зан ҳангоми бо ҳамдигар сӯҳбат кардан, ҳамдардӣ кардан ва дар ҳамдардии дигар занҳо вуҷуд доштан фаҳмотар мешавад. Мардон табиатан «барои задани голҳо», яъне нишон додани афзалияти худ майл доранд, занҳо бошанд, ба муносибатҳои инсонӣ. Кори асосии зиндагии онҳо – ишқ, некӣ ва ғамхорист. Агар ду миррихӣ барои якҷоя хӯрок хӯрдан маслиҳат кунанд, инро бо мақсади сӯҳбат кардан дар бораи ягон кор ё проблема мекунанд. Ба ғайр аз ин, барои онҳо ба ресторан рафтан усули содатарин ва қулайтарини таомхӯрист: бе ягон мағозаравӣ, бе ягон хӯрокпазӣ ва шустушӯй. Барои ду зӯҳрагӣ мулоқот ҳангоми якҷоя хӯрок хӯрдан имконияти сӯҳбати маҳрамона, нигоҳдории муносибатҳои байни онҳо мавҷудбуда, эҳсоси дастгирии дугона ва дилбардорӣ кардани ӯ мебошад. Сӯҳбатҳои занона дар ресторан бисёр вақт аз самимиву ошкоро будани сӯҳбати духтуру бемор кам нест. Дар Зӯҳра ҳама психологияро меомӯзанд ва ё, ҳеҷ набошад, дар ин соҳа дараҷаи магистрӣ доранд. Соҳаи асосии шавқи зӯҳрагиён инкишофи шахсият, ҳаёти маънавӣ, ҳамаи он чизест, ки ба нигоҳдории ҳаёти ҳозира ва ба бунёди ҳаёти нав мусодиат мекунад, афзоиш, табобати ҳар гуна ҷароҳат, такмили ҳамаву ҳама чиз. Сайёраи онҳоро боғҳо фаро гирифтаанд, мағозаву ресторанҳо ҳама ҷо фаровонанд. Интуитсияи зӯҳрагиён хеле пурқувват аст. Онҳо асрҳои тӯлонӣ ин қобилиятро бо пай бурдани талаботу хоҳишҳои дигарон инкишоф медоданд. Онҳо бо он мефахранд, ки метавонанд меҳрубон ва ҳассос бошанд, ҳис кунанд, ки одам чӣ гуна ҳиссиёт дорад ва чӣ мехоҳад. Пешкаш кардани ёриву мадад, пеш аз он ки он пурсида шавад, дар Зӯҳра беҳтарин изҳори ишқ аст. Азбаски зӯҳрагӣ нисбат ба миррихӣ он қадар ғами онро намехӯрад, ки ба тамоми ҷаҳон салоҳияти худро исбот кунад, дар пеши назари ӯ пешкаши ёрӣ ҳаргиз таҳқиромез ва пурсидани ёрӣ нишони заифиву бебизоатӣ нест. Аммо мард дар чунин вазъият метавонад сахт биранҷад, зеро барои ӯ маслиҳате, ки зан медиҳад, ба изҳори нобоварии зан ба қобилиятҳои худи мард баробар аст. Зан бошад, тасааввуре надорад, ки мард дахолати занро то чӣ андоза ранҷурона қабул мекунад. Барои зан тайёрии касе барои мадади ӯ боз як парест дар кулоҳчаи ӯ: модоме ки ба кӯмак тайёранд, пас ӯро дӯст медоранд, нисбати ӯ ғамхорӣ мекунанд ва ин дар навбати худ ба ӯ бардамӣ ва боварӣ ба худ мебахшад. Вале чунин тариқи пешкаши ёрӣ, ки ба мард нигаронида шудааст, мардро маҷбур месозад худро каллавараму ҷоҳил, заиф ва ҳатто номаҳбуб ҳис кунад. Дар Зӯҳра маслиҳату пешниҳоди кӯмак ҳамчун изҳори ғамхорӣ баҳо дода мешавад. Зӯҳрагиён боварии қатъӣ доранд: агар чизе кор карда истода бошад, ҳамон «чиз»-ро боз такмил додан мумкин аст. Хоҳиши беҳтар намудан, такмили тамоми чизҳое, ки мумкин аст, аломати ҷудоинопазири табиати онҳост. Агар шумо ба зан боилтифот бошед, ӯ албатта, ба шумо нишон медиҳад, ки чиро беҳтар кардан лозим аст, ҳатто маслиҳати чӣ гуна беҳтар карданро ҳам медиҳад. Аммо дар Миррих вазъият тамоман дигаргун аст. Таваҷҷӯҳи миррихиён ба ҳалли масъалаву вазъият ба дараҷаи баландтарин нигаронида шудаанд. Агар ягон чиз кор карда истода бошад, шиори онҳо бетағйир аст: дахолат накардан, чизеро тағйир надодан. Завқи табиӣ ба онҳо мегӯяд: агар кор кунад – бигзор ҳамин тавр давом кунад. То вақте ки вайрон нашавад, ҳоҷати ислоҳ ё таъмир кардан нест. Психологияи онҳо чунин аст. Ва ҳамин тавр мешавад, ки вақте зан мардро ислоҳ карданӣ ё такмил доданӣ мешавад, мард чунин тасаввур мекунад, ки ӯро «таъмир карданӣ»-анд, гӯё ки дар ӯ чизе вайрон аст. Зан бошад, намефаҳмад, ки кӯшиши изҳори ишқу муҳаббату ғамхорӣ метавонад ба иззати нафси мард расад. Охир, ба фикри зан, ӯ кӯшиш мекунад ба мард барои ноил шудан ба натиҷаҳои баландтар ёрӣ диҳад. Аз маслиҳатдиҳӣ парҳез намудан Бехабар аз чунин хусусияти табиати мардон, зан ба осонӣ метавонад, тамоман ногаҳонӣ ва беғаразона, маҳбуби худро ранҷонида, ба иззати нафсаш бирасад. Як мисол меорем. Том ва Мэри ба шабнишиние равона мешаванд. Мошинро Том меронд. Пас аз он ки онҳо қариб бист дақиқа дар маҳаллаи ношинос байни ҳамон як хонаҳои истиқоматӣ чандин маротиба давр заданд, Мэри фаҳмид, ки Том роҳро гум кардааст ва оқибат маслиҳат дод, ки ӯ рафта, аз касе ёрӣ пурсад. Том зуд ба андеша фурӯ рафт, хомӯш шуд. То ҷойи лозима онҳо дер монда расида бошанд ҳам, дар муддати тамоми шабнишинӣ дилсардии байни онҳо нест намешуд. Мэри бошад, ҳатто намефаҳмид, ки барои чӣ шавҳараш ин қадар ғамгин аст. Охир ӯ ба шавҳари худ маслиҳат дода, мехост фақат бифаҳмонад: «Ман туро дӯст медорам, намехоҳам, ки ту ғамгин гардӣ ва барои ҳамин ёрии худро ба ту пешниҳод мекунам». Аммо мард чунин фаҳмид: «Ман бовар надорам, ки ту худ аз ин ҷо баромада метавонӣ. Ту махлуқи ноӯҳдабаро ва бефаҳм ҳастӣ». Дар бораи ҳаёт дар Миррих чизе надониста, Мэри наметавонист бифаҳмад, ки чӣ қадар барои Том «задани гол» бе ёрии ягон каси дигар муҳим аст. Ба миррихӣ маслиҳати нопурсида додан маънои таҳқири сахту бераҳмонаи ӯст. Чи хеле ки ба мо маълум гашт, миррихӣ ҳеҷ гоҳ ба дигаре бо маслиҳати нопурсида дахолат намекунад. Дар назари ӯ, муносибати эҳтиромона ба шахси дигар ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки худаш ба кӯмак мӯҳтоҷ буданашро изҳор кунад. Ӯро бояд ҳамеша ва бетағйир, ҳамчун чизи худ аз худ маълумбуда, қобили проблемаҳои худро танҳо худаш ҳалкунанда ҳисобанд. Ба сари Мэри ҳатто чунин фикр омада наметавонист, ки вақте Том раҳгум зада, гирди ҳамон як хонаҳо давр мезад, барояш имконияти махсуси изҳори муҳаббату дастгирӣ фароҳам омадааст. Дар он ҳолат Том хеле нозук буд ва аз ҳама бештар мӯҳтоҷи он буд, ки худро маҳбуб ҳис кунад. Қадами муносиби Мэри маҳз аз маслиҳатдиҳӣ худдорӣ кардан буд: худдорӣ аз маслиҳат барои Том дар он лаҳза чунин арзише дошт, ки он баробари ба Мэри як даста гули бодабдаба ё номаи гарми пур аз сухонанони навозишкорона додани Том бошад. Аз табиати миррихиён ва зӯҳрагиён хабардор гашта Мэри ёд гирифт, ки чӣ гуна дар ҳолатҳои душвори ҳаёти Том рафтор намояд. Бори дигар, вақте ки онҳо боз роҳро гум карданд, ба ҷойи он ки ба шавҳараш бо маслиҳаташ «кӯмак кунад», ӯ аз сухан гуфтан худдорӣ кард, як нафаси чуқур гирифт ва диққаташро ба он равона сохт, ки Том чӣ қадар кӯшиш мекунад, то зани маҳбубашро аз ҷойи ношинос зудтар барорад. Ва Том ин дастгирии хомӯшонаи занаш ва боварии ӯро нисбат ба шавҳараш хеле баланд арзёбӣ кард. Умуман, вақте ки зан ба мард маслиҳатҳои нопурсида медиҳад, ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонад, ки он барои мард чӣ гуна зарбаи сахт, чӣ гуна изҳори номаҳбубият буда метавонад. Зан маҳз кӯшиши «кӯмак» кардан, изҳори муҳаббат кардан мехоҳад, вале мард бошад, худро ранҷидаву озурда ҳис мекунад. Бинобар ин аксуламали мард дар ин мавридҳо метавонад хеле пурҷӯшу хурӯш гардад, хусусан, вақте ӯро дар кӯдакӣ бисёр сарзаниш карда бошанд, ё модараш дар назди ӯ падарашро бисёр «ҷигарреш» карда бошад. Барои бештари мардҳо исбот кардани он хеле муҳим аст, ки худашон қобили задани голҳо ҳастанд, ҳатто агар сухан дар бораи чунин майда-чӯйдае, ба мисли бурдани зани худ ба ресторан ё шабнишинӣ равад. Зиёда аз он, тибқи гардиши аҷоиби фалак, аксар вақт мардон нисбат ба чизҳои ҷиддитар маҳз ба ҳамин гуна майда-чӯйдаҳо ҳассостаранд. Ҳиссиёти мардонро тахминан чунин шарҳ додан мумкин аст: «Агар ӯ ба ман ҳатто дар ин кори ночиз, мисли то ресторан мошин рондан боварӣ надошта бошад, дар корҳои ҳақиқатан муҳим ман аз ӯ чӣ гуна бовариро бояд интизор бошам?» Мисли бобоёни миррихии худ мардон аз соҳибихтиёрии худ мефахранд, махсусан, дар корҳои таъмири ҳар гуна техника, дарёфти билетҳо ва ҳалли ҳар гуна проблемаҳо. Дар чунин мавридҳо ба онҳо на маслиҳату «ҷигаррешкунӣ», балки сабру тоқати хайрхоҳона лозим аст. Азхуд намудани гӯшкунӣ Бо мардон низ чунин аст. Марде, ки намефаҳмад, бо махлуқи тамоман сохти дигаргун сарукор дорад, метавонад ҳамаро маҳз ҳамон вақт вайрон кунад, ки мехоҳад ва кӯшиш мекунад, ки ёрӣ диҳад. Мардон бояд дар хотир дошта бошанд, ки занҳо дар ҳолати дар бораи проблемаҳои худ сухан рондан на ҳамеша инро барои шунидани ҳалли он мекунанд: аксар вақт чунин сӯҳбатҳо барои онҳо ба он хотир лозиманд, то ки наздикиву дастгириро аз ҷониби мусоҳиб ҳис кунанд. Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки зан беғаразона мехоҳад дар бораи чӣ тавр гузаштани рӯз сухан ронад, ҳиссиёташро бо ҳам бинад, аммо мард ба ӯ аз таҳти дил ёрӣ додан хоста сухани ӯро мебуррад ва ҳар гуна ҳалли вазъиятро пешниҳод мекунад. Ва тамоман намефаҳмад, ки барои чӣ занаш аз ин рафтори шавҳар изҳори норозигӣ мекунад. Масалан, Мэри баъди як рӯзи кории пурмашаққат ба хона бармегардад. Ба ӯ лозим аст, бо шавҳари худ фикру андеша ва ҳиссиёташро бо ҳам бинад. - Ман аз ҳамаи ин корҳо нафасгир шудаам, - мегӯяд ӯ. – Барои худам тамоман вақт намемонад. Том бошад ҷавоб медиҳад: - Бояд ин коратро партоӣ. Ба ту ин қадар азоб кашидан фоидае надорад. Ягон чизи дилписандатро интихоб кун. - Охир ба ман ин корам маъқул аст, - эътироз мекунад Мэри. – Вале онҳо мехоҳанд, ки ман ҳама чизро дар як он кунам: ҳамин ки гуфтанд, баъди як дақиқа ҳамааш бояд тайёр бошад. - Набошад ту ба ин чизҳо эътибор надеҳ, - маслиҳат медиҳад Том. – Аз сари худ болотар паридан чӣ даркор? Чи қадаре ки тавонӣ, ҳамон қадар кор кун. - Аммо ман ба ҳамаи ин эътибор надода наметавонам! – хитоб мекунад Мэри. – Аз пушти ин корҳо тамоман аз хотир баровардаам, ки ба аммаам занг занам. Ин ниҳоят бад аст! - Ғам нахӯр, - шавҳараш мехоҳад ӯро ором кунад, - ӯ хоҳад фаҳмид, ки ту бо кор банд будӣ. - Ту медонӣ, ки ӯ ҳоло чӣ вазъияти вазнин дорад? – мавқеи худро гум намекунад Мэри. –Ӯ бисёр ба ман мӯҳтоҷ аст! - Ту худат ҳама чизро ба дил наздик қабул мекунӣ. Шавҳараш сабру тоқатро гум мекунад: – Бо он эҳсосе зиндагӣ мекунӣ, ки гӯё дар ҷаҳон ҳама чиз бад аст. - На ҳама чиз ва на ҳама вақт, - ғуррида мегӯяд зан. –Ту бошӣ ҳатто наметавонӣ то охир маро гӯш кунӣ! - Охир ман гӯш карда истодаам. – Том меҷӯшад ва Мэри инро ҳис мекунад. - Аслаш, бо ту гап задан ягон маъное дошта бошад? – луқма мепартояд ӯ ва сарашро ба ҷониби дигар мегардонад. Дар натиҷа Мэри худро нисбат ба он, ки дар аввали сӯҳбат буд (ки мехост дастгирӣ ва иштироки шавҳарашро ҳис кунад), боз ҳам ғамгинтар шуд. Том ҳам ҳоли хуш надошт: ӯ мехост кӯмак кунад ва намефаҳмид, ки дар чӣ хато кард. Гап дар сари он буд, ки усули ёрӣ расонидани ӯ – пешниҳоди роҳҳои ҳалли проблема натиҷа надод. Дар бораи чӣ гуна будани ҳаёт дар Зӯҳра чизе надониста, Том дарк намекард, ки то чӣ андоза ором гӯш кардани занаш муҳимтар аз бадоҳатан пешниҳод кардани ҳалли проблемаи ӯ буд. Бо маслиҳатҳои худ Том ҳамаро вайрон кард. Сабаб ин аст, ки зӯҳрагиён ҳангоми сухан рондани ягон кас ҳаргиз ба додани ҳалли проблемаи ӯ шурӯъ намекунанд. Муносибати эҳтиромона ба ҳамсӯҳбат чунин талабот дорад: то охир босаброна ва бо изҳори ҳамдардӣ гӯш кардани ӯ, софдилона фаҳмидани ӯ ва ба ҳам дидани изтироби ӯ. Том ҳатто тасаввур намекард, ки агар ҳамту, оромона занашро гӯш мекард, ин ба ӯ таскин ва эҳсоси ҳаловати зиндагӣ мебахшид. Чӣ гуна будани табиати зӯҳрагиён ва ба чӣ андоза ба онҳо лозим будани холӣ кардани дилашонро фаҳмида ӯ оҳиста-оҳиста гӯш карданро ёд гирифт. Акнун, ҳар гоҳ агар Мэри ба хона мондаву ғамгин ояд, сӯҳбатҳои онҳо ранги дигар мегиранд, масалан, ба таври зайл: - Ман аз ҳамаи ин корҳо нафасгир шудаам, - мегӯяд Мэри. – Барои худам тамоман вақт намемонад. Том як нафаси чуқур мекашад, худро озод ҳис мекунад ва ҷавоб медиҳад: - Ҳмм, аз афташ имрӯз барои ту рӯзи вазнин буд. - Онҳо мехоҳанд, ки ман ҳама чизро дар як он кунам: ҳамин ки гуфтанд –баъди як дақиқа ҳамааш бояд тайёр бошад, - давом медиҳад Мэри. – Тамоман намедонам, ки чӣ кор кунам. - Ҳмм, - баъди як фосила садо мебарорад шавҳар. - Ман ҳатто аз хотир баровардам, ки ба аммаам занг занам, - ғамгин мешавад зан. Том абрӯвонашро баланд карда хитоб мекунад: - Наход? Ту чиҳо мегӯйӣ! - Охир маҳз ҳозир ӯ ба ман мӯҳтоҷ аст, - оҳ мекашад Мэри. – ман аз вай хиҷолат мекашам! - Чӣ хел ту хайрхоҳ ҳастӣ! – ҷавоб медиҳад Том. – Ин ҷо биё, азизам. Том занашро ба оғӯш мегирад ва ӯ як нафаси чуқури таскинбахшона кашида, сарашро ба китфи шавҳараш мемонад. - Ман бисёр бо ту сӯҳбат карданро дӯст медорам, - пас аз муддате мегӯяд Мэри. – Бо ту будан чӣ хел гуворост! Раҳмат, ки ба ман имкони холӣ кардани диламро додӣ. Зуд таскин ёфтам. Чунин сӯҳбат на фақат ба Мэри, балки ба Том ҳам таъсири мусбат дошт. Ӯ беҳад хушҳол буд, ки санъати гӯш карданро ёд гирифт ва акнун ҳамсараш худро дар ин гуна ҳолатҳо ҳамеша хушбахт ҳис мекард. Бо гуногуниҳо дар психологияи мардон ва занон ошно гардида, онҳо ҳар ду аз ҳикмати наве хабардор шуданд: Барои Том ин ҳикмат дар он зоҳир мегардид, ки занро ҳамеша, бе он ки роҳи ҳалли проблемаро пешниҳод кунад, гӯш кунад; барои Мэри ин ҳикмат чунин маъно дошт, ки ба Том барои ҳалли проблемаҳо мудохила накунад ва ба ӯ маслиҳати нопурсида надиҳад. Гуфтаҳои болоро хулоса карда, ду хатои маъмулиро дар рафтори марду зан мушоҳида кардан мумкин аст: 1. Мард мехоҳад, ки барои «ба худ овардани» зан ба ҷаноби «Ҳамаро ҳал мекунам» табдил ёфта, ба ӯ вариантҳои гуногуни ҳалли проблемаро пешниҳод кунад, дар ҳоле ки ин рафтори мард ба зан боз як зарбаи ҷонкоҳ мерасонад. 2. Зан барои тағйир додани ҳолату рафтори мард, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, ё мушкилие дар пеш дорад, нақши «Кумитаи беҳдошти оила»-ро ба худ мегирад ва ба маслиҳатгӯиву насиҳатхонӣ сар мекунад, ки аз он мард боз ҳам хашмгинтар мешавад. 5.3. МО БО ЗАБОНҲОИ ГУНОГУН ГАП МЕЗАНЕМ Ҳангоми шиносоӣ ва сар кардани ҳаёти якҷоя, миррихиҳо ва зӯҳрагиҳо ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуданд, ки бо аксарияти онҳо мо имрӯзҳо низ дучор меоем. Пас аз фаҳмидани гуногунӣ ва сарфаҳм рафтан ба ин тафовутҳо, онҳо тавонистанд ин мушкилотро ҳал кунанд. Яке аз асрори муваффақияташон ин буд, ки миррихиҳо ва зӯҳрагиҳо одоби муносибат ва ҳамдигарфаҳмиро ёд гирифтанд. Ин мушкилот бештар аз он сабаб рӯй медод, ки онҳо бо забонҳои гуногун гап мезаданд. Аммо ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини ихтилоф, ба ҷойи он ки ҳамдигарро дашном диҳанд ва ҷанҷол кунанд, писарони Миррих ва духтарони Зӯҳра луғат ва китоби гуфтугӯро пайдо мекарданд, то ки ба таври бояду шояд якдигарро фаҳманд. Дар ҳолатҳои муайян, агар истифодаи луғат ба онҳо ёрӣ надиҳад, зуд ба назди тарҷумон медавиданд. Шумо худ пай мебаред, ки калимаҳо дар забони миррихиҳо ва зӯҳрагиҳо якхелаанд, вале маънояшон баъзан мухталиф аст. Ибораҳо ва ҷумлаҳо байни худ хеле монанданд, аммо маънои ботинии гуногун ва тобиши наву гуногуни эҳсосот доранд. Аз ин рӯ, эҳтимоли ба вуҷуд омадани низоъ хеле зиёд аст. Бинобар ин, вақте ки проблемаҳо дар муошират зоҳир мешуданд, миррихиҳо ва зӯҳрагиҳо ба он, ҳақиқатан, ҳамчун иштибоҳи навбатӣ назар меандохтанд ва медонистанд: агар дар тарҷума ба онҳо каме ёрӣ диҳанд, аз ӯҳдаи ҳалли мусолиматомези он ба осонӣ мебароянд. Ҳангоми муносибати худро ба боварии тарафайн табдил додан онҳо якдигарро, чи хеле ки ҳастанд, ҳамон хел қабул карданд. Аз як тараф - ифодаи ҳиссиёт, аз тарафи дигар - мубодилаи ахбор Мо то ба имрӯз низ ба тарҷумон ниёз дорем. Ҳангоми истифодаи ҳамон як калима мардон ва занон гоҳ-гоҳ ҳамон як чизро дар назар надоранд. Масалан, вақте зан мегӯяд, ки: «Ман чунин ҳис мекунам, ки гӯё ту ҳеҷ гоҳ ба суханони ман гӯш намекунӣ», мард ба назар намегирад, ки калимаи «ҳеҷ гоҳ» ба маънои аслиаш истифода нашудааст. Зан ин калимаро танҳо барои ифодаи он ноумедие, ки айни ҳол эҳсос мекунад, истифода мебарад. Аз ин рӯ, чунин калимаро ба сифати паҳнкунандаи иттилооти муайяни воқеӣ қабул кардан лозим нест. Барои он ки ҳиссиёти худро пурра ифода кунанд, занон сӯйи озодии гуногуни пурэҳсос: муболиға, истиора, ташбеҳ, хулоса медаванд. Аммо мардон саҳван ин ифодаро дар маънои аслиаш қабул мекунанд. Ҳамин тариқ, тафовути асосӣ дар забони марду зан дар тарзу усул ва ҳадафи истифодаи забон аст. Забон барои мардон бештар ба сифати як воситаи гирифтан ва ё табодули ахбор истифода мешавад, бинобар ин, одатан, мардон ҳар калима ва ҷумларо дар маънои аслиаш қабул мекунанд. Аммо барои занон забон, пеш аз ҳама, воситаи баёни эҳсосоти ботинист. Бинобар ин онҳо ҳатто калимаи одитаринро бе эҳсосот гуфта наметавонанд. Онҳо одат кардаанд, ки маъниро бештар бо ифодаҳои маҷозӣ баён кунанд. Даҳ шикояти оддие, ки онҳоро нодуруст шарҳ додан осон аст Пай бурдан душвор нест, ки «тарҷумаи таҳтуллафз»-и сухани занон барои мардоне, ки нутқро танҳо ҳамчун воситаи мубодилаи фактҳо ва иттилоот истифода мебаранд, комилан маънои дигареро дода метавонад. Бинобар ин фаҳмидан осон мегардад, ки барои чӣ ҷавобҳои чунин ифодаҳо метавонанд байни шарикон низоъро ба вуҷуд оваранд. Муоширате, ки дар он бесарусомонӣ зиёд ва меҳрубонии ҳақиқӣ кам дида мешавад, яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар доираи муносибати байниҳамӣ ба шумор меравад. «Мегӯйӣ, мегӯйӣ, вале вай гӯё ки кар бошад»-ана, шикояти аз ҳама доимие, ки аз занон шунида мешавад. Вале ҳатто ҳамин калимаҳои оддӣ нодуруст қабул ва шарҳ дода мешаванд. Зан мегӯяд: «Ту, гӯё ки кар бошӣ, маро намешунавӣ». Марде, ки ҳиссиётро намефаҳмад, ҳангоми шунидани ин ибора ба ғазаб меояд ва эътироз мекунад. Вай чунин меҳисобад, ки ҳамаро шунидааст ва ҳар як сухани занро, агар хоҳад, такрор карда метавонад. Барои он ки вай ибораи «Ту маро намешунавӣ»-ро дуруст шарҳ диҳад, онро ба забони мардон тақрибан чунин тарҷума кардан лозим аст: «Ман чунин эҳсос мекунам, ки гӯё ту намефаҳмӣ, ки дар асл ман чӣ гуфтан мехоҳам, ё барои ту муҳим нест, ки ман чӣ эҳсосе дорам. Оё наметавонӣ шавқу ҳаваси худро нисбат ба суханҳои ман (яъне шавқу ҳаваси сӯҳбат карданро) бо ягон тарзе ифода кунӣ?» Ҳангоми дуруст фаҳмидани маънои ин шикоятҳо мард занро мефаҳмидагӣ мешавад. Дар сурати рӯй додани вазъиятҳои ихтилофӣ байни мардон ва занон ҳамдигарфаҳмӣ қатъ мегардад. Дар чунин лаҳзаҳо бори дигар фикр кардан, ё барои худ он чизеро, ки мард ё зан аз забони шарик шунидааст, тарҷума кардан хеле муҳим аст. Ҳангоми нафаҳмидани он, ки занон ҳиссиёташонро ба монанди худашон (яъне мардон) ифода намекунанд, аксарияти мардон шикояти онҳоро нодуруст баҳо медиҳанд, ё чунин меҳисобанд, ки онҳо ягон асос надоранд. Ин ба ҷанг оварда мерасонад. Ба миррихиҳои онвақта тез-тез муяссар мешуд, ки аз низоъ бо дӯстдоштаи худ дурӣ ҷӯянд, бинобар ин онҳо кӯшиш мекарданд, ки маънои аслии суханҳои шарики худро фаҳманд. Агар бо кадом сабабе ба онҳо шунидан ё фаҳмидан душвор шавад, онҳо «Китоби муҳовараи зӯҳрагӣ ба миррихӣ»-ро мегирифтанд ва дар он тарҷумаи ин ё он ифодаро меҷустанд. Вақте ки зӯҳрагиҳо ҳарф мезананд,... Дар ин қисмат иқтибосҳо аз «Китоби муҳовараи зӯҳрагӣ ба миррихӣ» оварда мешаванд, ки имрӯзҳо, мутаассифона, аз байн рафтааст. Ҳар яке аз даҳ шикояти овардашуда ин ҷо тавре тарҷума шудааст, ки мард маънои аслии онро фаҳмида тавонад. Ғайр аз ин, дар ҳар як тарҷума луқмае мавҷуд аст, ки кадом ҷавобро зӯҳрагиҳо гирифтан мехоҳанд. Шумо пай мебаред, ки зӯҳрагиҳои ранҷур ҳиссиёташонро на тавассути фаросат, балки тавассути эҳсосоташон ифода мекунанд, инчунин хангоми шикоят, хоҳиши дастгирии махфӣ мекунанд, яъне пӯшида сухан мегӯянд. Дар тарҷумаи ҳар кадом ҷумла ҳамон маънии ботинӣ фаҳмида мешавад. Агар мард ҳангоми гӯш кардани зан ишорат ё хоҳишро роҷеъ ба дастгирӣ нағз «шунида» тавонад ва ба таври мувофиқ мутаассир шавад, шарики вай, албатта, эҳсос мекунад, ки ба суханони ӯ гӯш мекунанд ва ӯро дӯст медоранд. 5.4. КИТОБИ МУҲОВАРАИ ЗӮҲРАГӢ БА МИРРИХӢ 1. «Мо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ куҷо намеравем» Дар тарҷума ба забони миррихиҳо ин чунин маъно дорад: «Ман бисёр мехоҳам, ки мо ҳамроҳ ба ягон ҷо равем, дам гирем ва хурсандӣ кунем. Охир, мо вақтамонро хуш гузаронида метавонем ва бо ту будан барои ман хеле гуворо аст. Ту дар бораи ин чӣ фикр дорӣ? Шояд маро ба ягон ҷо ба зиёфат мебарӣ? Охир, мо чанд рӯз аст, ки ба ҷое нарафтаем». Бе ин тарҷума, вақте ки мард аз забони зан «Мо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ куҷо намеравем»-ро мешунавад, онро барои худ чунин шарҳ медиҳад: «Ту чизеро, ки (ҳамчун шавҳар) бояд мекардӣ, намекунӣ. Ту на ҳамон тавре будаӣ, ки ман тасаввур мекардам. Зиндагии мо якрангу ҳузновар гаштааст, зеро ту танбалу дилбазанӣ, дар ту ягон ҳиссиёти баланд намондааст». 2. «Ба ман ҳама беътиноӣ мекунанд» Дар тарҷума ба забони миррихиҳо ин ҷумла чунин маъно дорад: «Имрӯз ба ман чунин менамояд, ки ба ман ҳеҷ кас кор надорад, ман барои ҳама беаҳамият ҳастам. Ман чунин эҳсос мекунам, ки гӯё маро ҳеҷ кас намебинад. Албатта, ман боварӣ дорам, ки касе ба ман таваҷҷӯҳ намекунад, аслан, ба ҳама вуҷуд доштан ё надоштани ман фарқе надорад. Шояд сабаби ин ҳолат он бошад, ки ту вақтҳои охир хеле бо кор банд ҳастӣ. Ман, ҳақиқатан, бисёр қадр мекунам, ки ту ин қадар бисёр кор мекунӣ, ба хотири ҳар дуи мо саъю кӯшиш мекунӣ, вале баъзан ба ман чунин менамояд, ки барои ту вуҷуд доштану надоштани ман аллакай муҳим нест. Ман чунин тасаввур мекунам, ки барои ту кор назар ба ман муҳимтар аст ва маро даҳшат фаро мегирад. Шояд ту маро ба оғӯш гирию гӯйӣ, ки ман ба ту даркорам?» Бе ин тарҷума ҷумлаи «Ба ман ҳама беэътиноӣ мекунанд»-ро мард чунин шарҳ дода метавонад: «Ман худро бад ҳис мекунам. Ман ҳеҷ наметавонам таваҷҷӯҳи туро ба даст оварам, ки ба он хеле ниёз дорам. Ҳама комилан бетараф шудаанд. Ҳатто ту ба ман диққат намедиҳӣ, шубҳа дорам, ки ту маро дӯст дорӣ. Шарм намедорӣ! Ту чунон бераҳмӣ! Ман ҳеҷ вақт чунин муносибатро аз ту интизор набудам». 3. «Ман чунон хаста шудаам, ки ҳеҷ кор карда наметавонам» Дар тарҷума ин чунин маъно дорад: «Ман имрӯз кори хеле зиёд доштам. Дар ҳақиқат, пеш аз он ки ба ягон кори дигар боз машғул шавам, ба ман дам гирифтан лозим аст. Шояд ту маро ба оғӯш гирию тасдиқ кунӣ, ки ман аз ӯҳдаи вазифаи худ хеле хуб мебароям ва ман, ҳақиқатан ҳам, лаҳзае дам гирифтанро сазовор гардидаам?» Бе ин тарҷума мард шикояти «Ман чунон хаста шудаам, ки ҳеҷ кор карда наметавонам»-ро чунин шарҳ дода метавонад: «Ҳама корро фақат ман мекунам, вале ту ҳеҷ кор намекунӣ. Ту бояд вазифаи зиёдтаре ба дӯши худ мегирифтӣ. Ман дар танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳама кор баромада наметавонам. Ман, ҳақиқатан ҳам, маъюсам. Ба ман «марди ҳақиқӣ» лозим аст, на ту барин мард. Чӣ хел ман дар интихоби ту хато кардам?!» 4. «Ман мехоҳам, ки ҳама касу ҳама чизро фаромӯш кунам» Тарҷума шарҳ медиҳад: «Ман мехоҳам, ту донӣ, ки ман кори худамро дӯст медорам ва бо ту будан бароям хеле хуш аст, вале имрӯз бароям хеле мушкил буд. Пеш аз он ки боз ба иҷрои вазифаҳои худ пардозам, ба ман камтарак меҳрубонӣ ва дилгармӣ зарур аст. Барои чӣ ту намепурсӣ, ки «Азизам, ба ту чӣ шуд?» ва маро гӯш намекунӣ, бари ман ором нишаста ба ягон қарор намеойӣ? Ба ман ҳоло чунин эҳсосот зарур аст, ки ту донӣ, ки чӣ хел бароям ҳоло душвор аст ва ба ман ғамхорӣ кунӣ. Ҳамаи ин ба ман барои ба дил нагирифтан, бемадор нашудан ёрӣ мерасонад. Ва пагоҳ ман боз бо қувваи нав аз пайи кор мешавам». Мард бидуни тарҷума ҷумлаи «Ман мехоҳам, ки ҳама касу ҳама чизро фаромӯш кунам»-ро чунин шарҳ дода метавонад: «Ман бо корҳои зиёде машғул ҳастам. Ман хоҳиши иҷрои ақаллан ягон чизро надорам. Бо ту будан бароям ногувор аст, ман худро бадбахт ҳис мекунам. Мехоҳам, ки дар барам шахси дигареро дошта бошам, ки назар ба ту то андозае кордонтар бошад, мисли ту гарданғафс набошад». 5. «Хона доимо он қадар бетартиб аст, ки...» Дар тарҷума ба забони миррихиҳо ин ифода чунин маъно дорад: «Имрӯз ман мехоҳам камтар роҳат кунам, вале дар хона чунон бетартибӣ аст, ки мондан гир! Ман хаста шудаам, ба ман ҳоло дам гирифтан лозим аст. Умед дорам, ки ту ба тартиб овардани хонаро имрӯз ба гардани ман бор намекунӣ. Чӣ мешуд, ки ту аз чунин бетартибӣ шикоят намекардӣ ва розӣ шуда, дар рӯбучин ба ман каме ёрӣ мерасондӣ?» Бе шунидани ин тарҷума мард ифодаи «Хона доимо он қадар бетартиб аст, ки...»-ро барои худ чунин шарҳ дода метавонад: «Аз касофати ту хона доимо бетартиб аст. Ман он чиро, ки метавонам, мекунам, то ки хонаамон ҳамеша тоза бошад, вале фурсати ба охир расонидани рӯбучинро надорам. Ту одами бетартибу бекораӣ ва, то вақте ки ту чунин ҳастӣ, ман дигар хоҳиши бо ту давом додани зиндагиро надорам. Эҳтиёт кун, ё худат дафъ шав!» 6. «Ҳеҷ кас маро дигар гӯш намекунад» Дар тарҷума ба забони миррихиҳо ин чунин маъно дорад: «Ман метарсам, ки ту бо ман зиқ ҳастӣ. Метарсам, ки ман дигар табъи дили ту нестам. Ба назарам, имрӯз ман беҳад мутаассир шудаам. Оё ман метавонам сазовори таваҷҷӯҳи ту бошам? Ман инро чунон мехоҳам, ки! Имрӯз бароям рӯзи хеле душвор буд ва ба назарам чунин менамояд, ки ҳеҷ кас ба гапи ман кор надорад. Шояд ту маро гӯш кунӣ, ягон саволе диҳӣ, ки аз он ман меҳрубонӣ ва дастгирии туро эҳсос кунам, масалан, пурсӣ, ки «Имрӯз ба ту чӣ шуд? Ва боз чӣ буд? Дар ин ҳол ту худро чӣ хел ҳис мекунӣ?» Ва боз дигар гапҳоро гӯйӣ, то ман эҳсос кунам, ки ту дили маро мефаҳмӣ ва мисли ман чунин ҳиссиёт дар сар дорӣ. Масалан, бигӯ: «Суханатро давом деҳ», «Ҳа-ҳа», «Ман медонам, ки ту чиро дар назар дорӣ». Ҳатто метавонӣ чизе нагӯйӣ, вале баъзан, ҳар гоҳ ки ман фосилаи такрори «о», «ҳм», «аҳа», «умм»-ро мешунавам, ин ба ман қувва ва боварӣ мебахшад». Бе ин тарҷума ҷумлаи «Ҳеҷ кас дигар маро гӯш намекунад» барои мард чунин маъно медиҳад: «Ман тамоми диққатамро ба ту мебахшам, вале ту фурсат намеёбӣ, ки ҳатто ба ман гӯш диҳӣ. Ту ба чунин вазъият одат кардаӣ. Маро бо ту будан душвор ва ғамангез шудааст. Ман мехоҳам, ки дар барам одами бомаънӣ, зиндадил бошад, на чунин одами дилбазан, монанди ту. Ту маро дилхунук кардаӣ. Ту худбини дилсарду бераҳмӣ». 7. «Ҳеҷ кор ба таври дилхоҳ нест» Дар тарҷума ба забони миррахиҳо ин чунин маъно дорад: «Имрӯз бароям рӯзи хеле душвор буд ва аз ту чунон минатдорам, ки метавонам ба ту ҳиссиёту ҳолатҳои аз сар гузарондаи худро изҳор кунам. Аз афташ, имрӯз кори ман омад намекунад. Шояд аз он сабаб бошад, ки дар пеш чунон кори бисёр дорам, ҳатто фикр кардан даҳшатовар аст. Оё ту наметавонӣ маро ба оғӯш гирию гӯйӣ, ки ман барои ту ягона ҳастам? Ту ҳатто тасаввур намекунӣ, ки чӣ хел ман ба ин калимаҳои сеҳрнок мӯҳтоҷам». Бе ин тарҷума шикояти: «Ҳеҷ кор ба таври дилхоҳ нест»-ро мард метавонад чунин шарҳ диҳад: «Ту ҳеҷ гоҳ кореро, ҳамон тавре ки табъи дили ман аст, анҷом намедиҳӣ. Ман ба ту дигар бовар карда наметавонам. Агар ман дар вақташ туро интихоб намекардам, шояд ҳоло вазъият ин хел намешуд. Бо дигар кас зиндагиям беҳтар мешуд, аммо бо ту фақат мушкилот домангирам аст». 8. «Ту дигар маро дӯст намедорӣ» Дар тарҷума ин таъна-шикоят чунин фаҳмида мешавад: «Ба назарам, имрӯз ту маро дӯст намедорӣ. Метарсам, ки худам шояд туро бо кадом рафтори ноҷоям аз худ дур кардаам. Ман медонам, ки ту ҳақиқатан ҳам маро дӯст медорӣ ва барои ман корҳои зиёде мекунӣ. Вале имрӯз ман худро, аз чӣ бошад, дудила ҳис мекунам. Оё ту наметавонӣ, ки боварии маро нисбатиба муҳаббати самимӣ таҳким бахшида, ин ифодаи мафтункунандаро бигӯйӣ: «Ман туро дӯст медорам!» Вақте ки ту ин калимаҳоро талаффуз мекунӣ, ман хеле хурсанд мешавам!» Бе огоҳӣ аз ин тарҷума, шарҳи мардонаи «Ту дигар маро дӯст намедорӣ» чунин буда метавонад: «Ман солҳои беҳтарини ҳаётамро ба ту бахшидам, вале ту ба ман ҳеҷ чиз надодӣ. Ту маро танҳо барои ҳаловат бурдан истифода мебурдӣ. Ту худпарасти худхоҳӣ. Чизеро мекунӣ, ки фақат ба худат лозим аст, доимо дар фикри худ ҳастӣ. Парвои дигарон надорӣ. Ман иштибоҳи бузурге кардам, ки туро дӯст доштам. Афсӯс, ҳозир аз ман ҳеҷ чиз намондааст». 9. «Мо ҳамеша ба ким-куҷо шитоб мекунем» Дар тарҷума ба забони миррихиҳо ин ифода чунин маъно дорад: «Имрӯз барои мо рӯзи муқаррарӣ нест, балки сар то сар даводав дорем. Ва ин ба ман чандон маъқул нест. Ман мехостам, ки ҳаёти мо то андозае муназзам бошад. Ман медонам, ки барои ин ҳеҷ кас айбдор нест ва ба ҳеҷ ваҷҳ туро гунаҳкор намекунам. Медонам, ки ту ҳама корро барои он мекунӣ, ки ба он ҷо сари вақт расем ва ғамхории туро хеле қадр мекунам. Оё ту наметавонӣ, ки ҳамдардиатро ба ман баён кунӣ ва ба монанди: «Имрӯз ҳақиқатан ҳам рӯзи фавқулодда аст. Бо мурури замон ман ҳам мехоҳам, ки оромона, бе шитоб зиндагӣ кунам» чизе гӯйӣ?» Ҳангоми набудани тарҷума мард бо шунидани «Мо ҳамеша ба ким-куҷо шитоб мекунем» фикр мекунад, ки занаш чунин гуфтан мехоҳад: «Ту ниҳоят одами бемасъулият ҳастӣ. Ту ҳамеша то лаҳзаҳои охирин вақтатро беҳуда мегузаронӣ. Ман ҳеҷ вақт бо ту хушбахт шуда наметавонам. Ҳар дафъа, вақте ки ман бо ту ба ягон ҷо равам, ту фақат халал мерасонӣ. Бароям ба ҷойҳои гуногун рафтан бе ту хуштар аст». 10. «Ман мехостам, ки дар ҳаёти мо ҳиссиёти баланд зиёдтар бошад» Тарҷумаи ин ибора ба забони миррихиҳо чунин маъно дорад: «Азизам, ту вақтҳои охир кори зиёд мекунӣ. Биё, камтарак вақтро барои худамон сарфа кунем. Охир, вақте ки ҷидду ҷаҳдро як сӯ гузошта, танҳо, яъне бе кӯдакон бошем, дар бораи кор ва проблемаҳо фикр накунем, чӣ қадар ҳаловатбахш аст! Ту аз они манӣ, яктои манӣ! Барои чӣ ту дар ҳамин рӯзҳо ба ман дастагуле тӯҳфа намекунӣ ва ё ҷое мулоқот барпо намекунӣ? Ман, бемҳобот, хеле дӯст медорам, вақте ки аз паҳлӯям қадам мезананд, ба ман илтифот мекунанд». Бе ин тарҷума маънои «Ман мехаҳам, ки дар ҳаёти мо ҳиссиёти баланд зиёдтар бошад» дар шарҳи мардон чунин шуда метавонад: «Бо ту будан бароям риққатовар аст. Ман аз ту дилхунук шудаам. Дар ту заррае ҳам ҳиссиёти баланд вуҷуд надорад. Аслан, ман ҳеҷ вақт худро бо ту хуб ҳис намекардам. Оҳ, агар ту монади дигар мардоне мебудӣ, ки ман то шинос шудан бо ту медонистам!» **************** Баъди чанд соли истифода аз чунин луғат барои мард дигар эҳтиёҷе намемонад, ки ҳангоми ба вай «таъна задан» ё «гунаҳкор кардан» ба чунин ҳолати ногувор дучор ояд. Вай аллакай мефаҳмад, ки занон чӣ хел фикр мекунанд, чӣ гуна ҳиссиёт доранд. Вай мефаҳмад, ки ҳамин гуна ибораҳои драммавиро бо маънои аслиашон қабул кардан лозим нест: занон ҳиссиёташонро бо ҳамин тарз, аз рӯйи одат пурратар ифода мекунанд. Ҳамин тариқ, инро бояд ҳам зӯҳрагиҳо ва ҳам миррихиҳо дар назар дошта бошанд! Вақте, ки миррихиҳо ба сукут мераванд Яке аз масъалаҳои муҳимтарин барои мардон он аст, ки занонро, вақте ки онҳо дар бораи ҳиссиёти худ гапзаниро сар мекунанд, дуруст фаҳманд ва дастгирӣ кунанд. Дар баробари ин, масъалаи муҳим барои занон он аст, ки мардонро, вақте ки онҳо ба сукут мераванд, низ дуруст фаҳманд ва дастгирӣ кунанд. Хусусан, хомӯширо занон метавонанд ба осонӣ нодуруст шарҳ диҳанд. Ҳолатҳое зуд-зуд ба мушоҳида мерасад, ки мард ногаҳон гӯё аз гуфтугӯ бозмемонад ва муддати дуру дароз ором мешинад. Барои духтарони Зӯҳра ин як чизи гӯшношунид аст. Аввал занон чунин фикр мекунанд, ки вай кар шудааст. Онҳо фикр мекунанд, ки шояд ӯ он чизеро, ки ман мегӯям, мутлақо намешунавад, бинобар ин ҷавоб намедиҳад. Вале пай бурдан душвор нест, ки масъала дар сари он аст, ки мардон ва занон ҳар хел, ба тарзи хеле гуногун андеша меронанд ва иттилоотро «ҳазм» мекунанд. Агар занон дар ҷараёни гуфтугӯ шарики худро ба иштирок ҳавасманд карданӣ шаванд, бо овози баланд гап мезананд. Ва то ба имрӯз зан аксаран пешакӣ дарк мекунад, ки дар вақти гуфтугӯ чӣ гуфтан мехоҳад. Ифодаи озоди фикр бо сухан ба ӯ барои он лозим аст, ки ҷараёни сӯҳбати дар пеш бударо дар ғаризаи худ санҷад. Ин ҷараён комилан оддӣ буда, баъзан ногузир ва хеле зарур мегардад. Аммо барои мардон ҳазми иттилоот тамоман бо тарзи дигар сурат мегирад. Онҳо, пеш аз он ки худашон гап зананд, ё ба гуфтаи ҳамсӯҳбат мутаассир шаванд, дар бораи он чизе, ки шуниданд ва эҳсос карданд, бодиққат фикр мекунанд. Мардон хомӯшанд, вале майнаи онҳо дар ин вақт бо коркарди қарори дуруст, ё ба мақсади мувофиқе банд аст. Дар аввал онҳо ин қарорро бо овози паст (дар дилашон) месанҷанд, танҳо баъд онро бо овози баланд баён мекунанд. Баъзан ин ҷараён, ҳақиқатан, як-ду дақиқаро дар бар мегирад, аммо гоҳе он соатҳои дароз тӯл мекашад. Ва илова бар ин, гӯё дидаву дониста ва қасдан барои гаранг кардани занон бошад, мардон то вақте ки ахбори ба даст омада барои коркарди ҷавобҳо кифоя набошад, метавонанд тамоман мутаассир нашаванд ва аксуламале нишон надиҳанд. Занон бояд дуруст фаҳманд, ки хомӯшии мардон чунин маъно дорад: «Ҳоло ман намедонам, ки чӣ гӯям, вале дар бораи ин фикр мекунам». Вале ба ҷойи ин ба гӯши занҳо чунин мерасад: «Ман барои он ҷавоб намедиҳам, ки ба ту ва проблемаҳои ту кор надорам. Барои ман фарқ надорад, ки ту ин қадар ғур-ғур мекунӣ, бинобар ин ҷавобро интизор нашав». Аз хомӯшии мард мутаассиршавии зан Занон одатан хомӯшии мардонро нодуруст шарҳ медиҳанд. Вобаста ба ҳолати рӯҳии зан дар ҳамон вақту ҳолат ба сари ӯ фикрҳои гуногуни бад меоянд: «Вай маро дӯст намедорад, вай маро бад мебинад, вай нияти аз ман ҷудо шудан дорад». Ва аз ин ҷо зан аллакай ба хулосае меояд, ки ба дилаш беҳад наздик аст: «Агар вай аз ман ҷудо шавад, он гоҳ маро ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ дӯст намедорад. Ман сазовари дӯст доштан нестам». Вақте ки мард хомӯш меистад, зан маҳз худро аз ҳама бад тасаввур мекунад, зеро ӯ медонад, ки худаш танҳо дар ду ҳолат хомӯш мешинад: ё вақте дарк мекунад, ки шахси дигарро тавассути суханаш хафа мекунад, ё вақте ки ба он шахс бовар надорад ва бо ӯ на танҳо хоҳиши гап задан, балки, умуман, муносибат кардан надорад. Бинобар ин ҷойи тааҷҷубе нест, ки зан дар ҳолати хомӯшии мард худро дилпур ҳис намекунад ва ба сад фикру хаёли бад меравад. Зан ҳангоми шунидани сухани зани дигар, гоҳ-гоҳ ба ҳамсӯҳбаташ мефаҳмонад, ки ба суханҳои ӯ бо диққати том гӯш карда истодааст ва ҳамдилию ҳамдардӣ дорад. Вақте ки фосилаи байни суханҳои ҳамсӯҳбат наздик мешавад, шунаванда беихтиёр чизе мегӯяд. Агарчи он маънои муайяне надошта бошад ҳам, онро далерона ва бо овози баланд мегӯяд, масалан: «ой», «вой-вой-вой», «ҳм», «оҳ», «аҷиб», «не-е» ва ғайра. Хомӯшии мард нидои канда-кандае мебошад, ки дастгирӣ ва ҳисси таваҷҷӯҳро ифода намекунад, бинобар ин чунин хомӯшӣ таҳдидомез ба назар мерасад. Ба занон лозим меояд, ки барои худ он чизеро, ки ба ғори машҳур дахл дорад, равшан кунанд ва дуруст қабул кардани хомӯшии мардонро ёд гирифта, ба таври мувофиқ ба вай муносибат кунанд. Бояд фаҳмид, ки ғор чӣ маъно дорад Пеш аз он ки муносибати байни шарикон қаноатмандии ҳақиқии ҳар дуро ба миён оварад, занонро зарур аст, ки дар бораи мардон бисёртар дониста бошанд. Онҳо бояд фаҳманд: вақте мард ғамгин аст, ё дар ҳолати фишори рӯҳӣ (стресс) қарор дорад, вай худ ба худ гапзаниро қатъ мекунад ва ба «ғор»-и худ фурӯ меравад, то ки дар танҳоӣ доир ба ҳамон масъала чуқуртар фикр кунад. Зиндагӣ дар Миррих чунин буд. Бинобар ин занҳо бояд донанд, ки даромад ба он ҷо ба ҳама, бе истисно, манъ аст, ҳатто ба дӯстони аз ҳама наздик. Зан ҳаргиз аз ҳеҷ чиз набояд тарсад ва ҳама гуна фикри бади имконпазирро ба сар оварад. Фақат худро ба чунин фикр кардан одат кунонидан лозим аст, ки ту ба вай барои рафтан ба ғор имконият додӣ, бинобар ин каме тоқату интизорӣ лозим аст: баъди чанд вақт вай аз он ҷо худаш мебарояд ва аз нав ҳамааш хуб мешавад. Барои занон ёд гирифтани чунин рафтор душвор аст, зеро барои зӯҳрагиҳо яке аз қоидаҳои тиллоӣ чунин буд, ки ҳеҷ вақт дугонаро танҳо гузоштан мумкин нест, агар ӯ ғамгин бошад. Албатта, зӯҳрагиҳо ин қоидаро дар муносибат бо ошиқонашон-миррихиҳо низ ҷорӣ карданд: магар шахси наздикро дар лаҳзаи барояш душвор партофтан мумкин аст? Хусусан, муҳаббат ва ғамхорӣ занонро маҷбур мекунад, ки ба ғор ворид шаванд ва мадади худро расонанд. Илова бар ин, зан саҳван гумон мекунад, ки ҳангоми ба шарик додани миқдори зиёди саволҳо (ба монанди «Ба ту чӣ шуд, азизам?») ва бо ҷидду ҷаҳд гӯш кардани онҳо гӯё ба мард барои ба худ омадан ёрӣ мерасонад. Ҳол он ки чунин муносибат дар ин маврид вазъиятро боз ҳам бадтар мекунад. Зан тибқи одати ғаризии худ кӯшиш мекунад, ки дӯстдоштаашро дастгирӣ кунад – айнан ҳамон тавре ки, агар худи ӯ дар чунин ҳолат мебуд, ба дастгирӣ эҳтиёҷ медошт. Мақсадҳои зан неканд, вале натиҷа аксар вақт баръакси назардошт мешавад. Ба ҷойи он ки ба шарик чунин дастгирӣ ва ёриро, ки худашон мехостанд дар чунин вазъият ба даст оранд, пешниҳод кунанд, онҳо бояд фаҳманд, ки намояндаи ҷинси дигар тарзи дигар фикр мекунад, эҳсос мекунад ва мутаассир мешавад ва кӯшиш мекунад, ки худро ба таври мувофиқ идора кунад. Чаро мардон ба ғор фурӯ мераванд? Мардон ба ғор фурӯ мераванд, ё бо чанд сабаб гап заданро қатъ мекунанд: 1. Барои мард доир ба проблема фикр кардан ва ҳалли амалиро ёфтан зарур аст. 2. Вай ҳеҷ наметавонад ба саволи душвор ҷавоб ҷӯяд. Ба мард ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ чунин гуфтанро ёд надодааст: «Азизам, ба ман ба як савол ҷавоб ёфтан зарур аст, вале намешавад. Ба ман зарур меояд, ки ба ғор рафта, он ҷо дақиқкорона рӯйи ин масъала фикр кунам». Дигар мардон, вақте мебинанд, ки шарики онҳо ба хомӯшӣ ғарқ шудааст, ҳамаро дуруст мефаҳманд: он шахс ҳатман доир ба ким-кадом проблема фикр мекунад. 3. Вай ғамгин аст, ё дар ҳолати фишори рӯҳӣ (стрессӣ) қарор дорад. Дар чунин лаҳзаҳо ба вай танҳо будан лозим аст, то ки ором шавад ва худро аз нав ба даст гирад. Вай, ҳақиқатан, намехоҳад, чизе гӯяд ва ё кореро анҷом диҳад, ки баъдан мумкин аст пушаймонӣ орад ва аз гуфтаву кардаи худ афсӯс хӯрад. 4. Ба мард зарур аст, ки худии худашро ёбад. Ин сабаби чорум, вақте ки мардон ошиқ мешаванд, аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Дар лаҳзаҳои ошиқӣ баъзан онҳо бо кадом роҳ худро аз даст додан ва фаромӯш карданро сар мекунанд. Мард эҳсос мекунад, ки наздикии аз ҳад зиёд бо зан вайро тобеи зан мекунад, бинобар ин барои мард ба танзим овардани ин наздикӣ зарур аст. Вақте ки фосилаи байни мард ва дӯстдоштааш ба андозае наздик мегардад, ки мард «Ман»-и худро гум мекунад, аломати ба ҳаяҷон омадан зуҳур меёбад ва мардро водор месозад, ки ба ғор назар андозад. Дар натиҷа, баъди чанде мард аз он ҷо тамоман дигар шуда, ҳамчун марди дӯстдор, бо боварии бештару зиёдтар ба худ берун меояд. Барои чӣ занон ҳарф заданро дӯст медоранд? Занон низ бо якчанд сабаб гап заданро сар мекунанд. Чор сабаби асосии ба гуфтор омадани занон чунин аст: 1. Барои додан ё гирифтани иттилоот. (Одатан ин сабаби ягонаест, ки мардро низ барои кушодани даҳон маҷбур месозад). 2. Барои ин ки худаш фаҳмад ва дониста гирад, ки умуман мард чӣ гуфтан мехоҳад. (Мард маҳз барои он хомӯш менишинад, ки инро танҳо ба танҳо бо фикраш иҷро кунад. Зан ҳама чизро бо овози баланд фикр мекунад). 3. Барои ин ки дар лаҳзаҳои душвор қадре беҳтар шавад, барои ин ки фикрҳояшро ҷамъ кунад ва худро ба даст гирад (Мардро дар чунин ҳолатҳо хомӯшӣ фаро мегирад. Ғор ба вай имконияти аз одамон дур шудан, танҳо мондан ва ба худ омаданро фароҳам месозад). 4. То ки ба наздикшавӣ мусоидат кунад. Ҳангоми тақсими ҳиссиёти самимӣ зан худро дар оғӯши муҳаббат мебинад. (Миррихӣ боварӣ надорад, ки боз аз нав худро меёбад. Вай метарсад, ки дар сурати наздикшавии аз ҳад зиёд «Ман»-и хусусӣ гум мешавад). Фаҳмидани ин тафовутҳо, дар ҳақиқат, дар ҳаёт заруранд. Охир, дар пеши ҳар яки мо мисолҳои зиёди воқеӣ мавҷуданд, вақте ки муносибати байниҳамии ҷуфтҳо бо ду калима шарҳ дода мешавад: муборизаи ҳаррӯза. Аз аждари оташгун тарсед! Хеле муҳим аст, ки занон бифаҳманд: дар ҳеҷ сурат набояд кӯшиш кард, ки мардро, пеш аз он ки худи ӯ ба ин тайёр шавад, барои ба гап даровардан маҷбур кунанд. Дар вақти муҳокимаи чунин мавзӯъ дар яке аз семинарҳои ман шунаванда – ҳиндуи амрикоӣ нақл кард: дар қабилаи зодгоҳи вай ҳангоми тайёр намудани духтарон ба шавҳардорӣ модарон ба онҳо насиҳат мекунанд: ҳама вақт бидонанд, ки дар лаҳзаҳои барои мард нобарор ва ғаму андӯҳ ба хомӯш истодану тоқат кардан одат кунанд. Ва ин рафтори мардро ба дил гирифтан лозим нест, зеро ин ҳолат тез-тез рӯй медиҳад. Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки шавҳар занашро дӯст намедорад: вай ҳатман аз ғори худ бармегардад. Вале аз ҳама муҳиммаш –ҳеҷ гоҳ кӯшиши аз паси вай ба ғор рафтан накунад. Агар зан кӯшиши санҷидани инро кунад, аждари даҳшатнок, пуштибони ғор ӯро бо нафаси оташини худ мехӯрад. Кӯшишҳои занон барои даромадан ба ғори мардон борҳо сабаби ихтилофҳои беҳуда гардидаанд. Занон то ҳол одат накардаанд, ки дар лаҳзаҳои душвор барои мард танҳо будан ё, ақаллан, хомӯш мондан лозим аст. Вақте ки вай ба ғор медарояд, зан намефаҳмад, ки чаро вай чунин кард, бинобар ин барои фаҳмидани сабаб кӯшиш мекунад, ки вайро ба гап дарорад. Зан гумон мекунад, ки бо ин кор ба вай муҳаббат ва ғамхории худро нишон медиҳад, вайро маҷбур мекунад, ки аз ғор баромада, рози дили ӯро дар бораи проблемаҳое, ки ӯро ба ташвиш овардаанд, шунавад. -Ягон гап шудааст?-мепурсад ӯ. -Не, ҳеҷ чиз,-ҷавоб медиҳад мард. Вале зан ҳис мекунад, ки мард ранҷур аст ва намефаҳмад, ки барои чӣ вай ҳиссиёти худро пинҳон медорад. Ба ҷойи он ки ба вай имконияти самарабахши кор кардан дар ғорро диҳад ӯ худаш нафаҳмида ҷараёни фикркунии вайро қатъ мекунад. Ва зан боз аз нав савол медиҳад: -Ман медонам, ки туро чизе азоб медиҳад. Чӣ ҳодиса шудааст? -Ҳеҷ чиз,-ҷавоб медиҳад мард. -Вале, охир ин нодуруст аст!-бо исрор мегӯяд зан.- Ман мебинам, ки бо ту чӣ гапе ҳаст. -Ҳамааш нағз, - овози мард тезу баландтар шудан мегирад. -Маро ба ҳоли худам мегузорӣ ё не? -Виҷдонат чӣ хел мебардорад? -бонг мезад зан. -Ту тамоман бо ман гапзаниро бас кардӣ. Агар ту худат хомӯш истӣ, ман аз куҷо медонам, ки ба ту чӣ шудааст? Дар ҳақиқат, ту дигар маро дӯст намедорӣ. Маро ба гӯшаи хона танҳо гузоштию халос! Ин ҷо зан аллакай аз худ рафта, суханҳое мегӯяд, ки баъдтар аз гуфтани онҳо пушаймон мешавад. Аждари оташфишони вай сахт хашмгин шуда, аз банд канда мешавад ва ба ӯ сахт таъсир мерасонад. Вақте ки миррихиҳо сухан мегӯянд Занон на танҳо он вақт месӯзанд, ки кӯшиши ба ғор даромадан кунанд, ки дар он ҷо мардон ба фикр фурӯ рафтаанд. Онҳо дар ҳолате низ мушавваш мешаванд, ки рафтори мардро нодуруст шарҳ медиҳанд ва намедонанд, ки мард аллакай дар ғор аст, ё дар роҳи бозгашт ба сӯйи ӯ. Ба саволи «Чӣ гап шудааст?» миррихӣ, аз рӯйи одат, кӯтоҳакак ҷавоб медиҳад: «Ҳеҷ чиз» ё «Ҳамааш нағз аст». Гуфтан мумкин аст, ки ин аломати ягонае мебошад, ки ба зӯҳрагиҳо имконият медиҳад, ки фаҳманд: ба мард барои дарк кардани ҳиссиёти худ дар танҳоии ғор вақт додан зарур аст. Мард намегӯяд: «Ман ғамгин ҳастам ва мехоҳам, ки якчанд вақт танҳо бошам». Ба ҷойи ин вай хомӯширо ихтиёр мекунад. Дар поён шаш аломати дигари кӯтоҳи пешгирикунандае, ки тез-тез истифода мешаванд (вале, мутаассифона, занон ба онҳо ҷавоби тамоман номувофиқ медиҳанд), шарҳ дода мешаванд. Ҳангоми зоҳир кардани яке аз чунин аломатҳо мард, одатан, мехоҳад, ки зан аз пурсуҷӯйи минбаъда худдорӣ кунад, ё умуман, ба вай имконияти хомӯш истоданро диҳад. Зӯҳрагиҳое, ки ба чунин вазъият дучор шудаанд, барои он ки аз низоъ ва аз воҳимаи зиёдатӣ дурӣ ҷӯянд, «Китоби муҳовараи миррихӣ ба зӯҳрагӣ»-ро истифода мебаранд. Бо ёрии он занон, одатан, аломатҳои мухтасари ҳолати мазкурро ба таври бояду шояд фаҳмида мегиранд. 5.5. КИТОБИ МУҲОВАРАИ МИРРИХӢ БА ЗӮҲРАГӢ 1. «Ҳама кор нағз аст» Дар тарҷума ба забони зӯҳрагиҳо ин чунин маъно дорад: «Ҳамааш нағз аст, ман худам аз ӯҳдаи ҳалли ин проблема мебароям, раҳмат, ман ба кӯмаке эҳтиёҷ надорам». Бе ин тарҷума зан ифодаи «Ҳама кор нағз аст»-ро метавонад ба таври зерин шарҳ диҳад: «Ман асло ғамгин нестам, чунки ба ҳеҷ чиз парво надорам», ё «Ман намехоҳам ба ту фаҳмонам, ки барои чӣ ғамгинам. Ман бовар надорам, ки туро ҳақиқатан ҳам проблемаҳои ман ташвиш медиҳанд». 2. «Ба ман ҳеҷ чиз нашудааст» Дар тарҷума ба забони зӯҳрагӣ ин чунин маъно дорад: «Ҳамааш нағз аст, ман худам бомуваффақият аз ӯҳдаи ҳалли мушкилотам мебароям. Ба ман ёрӣ лозим нест. Вале, агар лозим шавад, ман худам мепурсам». Бе ин тарҷума зан ҳангоми шунидани «Ба ман ҳеҷ чиз нашудааст» маънои онро барои худ чунин шарҳ медиҳад: «Барои ман ҳеҷ фарқе надорад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Ман парвои ин проблемаро надорам. Ҳатто, агар ту барои ин масъала дар ташвиш бошӣ, барои ман фарқе надорад». 3. «Ҳеҷ гап не» Тарҷума мегӯяд: «Ин проблемае нест, ки ман худам аз ӯҳдаи ҳалли он баромада натавонам. Илтимос, дигар дар ин мавзӯъ савол надеҳ». Бе тарҷума ҳангоми шунидани «Ҳеҷ гап не» зан метавонад онро чунин шарҳ диҳад: «Ман худам низ намедонам, ки чӣ маро ташвиш медиҳад. Ман мехоҳам, ки ту бо саволҳои худ ба ман барои фаҳмидани он, ки гап дар сари чист, ёрӣ расонӣ». Ва он гоҳ зан бо саволҳои додааш мардро гаранг мекунад, дар сурате ки аслан мард мехоҳад, ки вайро ба ҳоли худаш гузоранд. 4. «Ҳамааш нағз» Тарҷумаи ин ибора чунин маъно дорад: «Ҳа, ин ҳақиқатан ҳам проблема (масъалаи ҳалталаб) аст, вале маро безобита кардан даркор нест. Ман комилан онро худам ҳал карда метавонам, ба шарте ки ту ба ман дар вақти фикр кардан халал нарасонӣ, савол надиҳӣ, ё нафаҳмонӣ, ки чӣ бояд кард. Фақат тавре рафтор кун, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст. Дар он сурат ҳалли дурустро тезтар меёбам». Бе ин тарҷума ҳангоми шунидани «Ҳамааш нағз», зан онро чунин шарҳ дода метавонад: «Чи хеле ки бошад, ҳамон хел бояд бошад. Ҳеҷ чизро иваз кардан лозим нест. Ту чи тарзе ки мехоҳӣ, ҳамон тавр бо ман рафтор кардан гир». Ё: «Ин дафъа ҳам бидон, ки ту гунаҳкор ҳастӣ. Як бори дигар ман инро мебахшам, вале Худо накунад, ки боз аз нав мисли ин ягон кори дигар кунӣ». 5. «Ҳамту, ягон чизи муҳим нест» Дар тарҷума ба забони зӯхрагиҳо ин чунин маъно дорад: «Ягон чизи даҳшатнок рӯй надодааст, барои он ки ман ҳамаро аз нав дуруст ба роҳ монда метавонам. Илтимос, дигар дар бораи ин масъалаи ҳалталаб фикр накун ва аз ин хусус гап назан. Аз ин ҳолам боз бадтар мешавад. Ман барои ҳалли ин масъала ҷавобгариро бо дӯши худ мегирам. Ман худам ин масъаларо ҳал мекунам». Бе ин тарҷума ҳангоми шунидани ҷавоби «Ҳамту, ягон чизи муҳим нест» зан онро чунин тавр шарҳ дода метавонад: «Ту доимо аз пашша фил месозӣ. Тамоми эътирози ту ба як пули сиёҳ намеарзад, воҳимаи ту бефоида аст». 6. «Э, ҳамааш майда-чуйда» Тарҷумаи он ба забони зӯҳрагӣ чунин мешавад: «Иҷрои ин кор ё ҳалли ин мушкилот бароям тамоман душвор нест. Иҷрои ин кор туро хушҳол хоҳад кард». Бе тарҷума ҳангоми шунидани «Э, ҳамааш майда-чуйда» зан ҷавоби мардро чунин шарҳ дода метавонад: «Ин ҳамааш сафсатта аст. Ба хотири чӣ ту аз ин проблема месозӣ ва имдод металабӣ?» Дар чунин ҳолат (тамоман бемавқеъ) зан ба таври худаш ба мард шарҳ дода метавонад, ки барои чӣ «ин», дар ҳақиқат, проблема ба шумор меравад. Ҳангоми истифодаи «Китоби муҳовараи миррихӣ ба зӯҳрагӣ» ба занон фаҳмидан осон мешавад, ки дар ҳақиқат, вақте ба назди дӯстдоштаашон медаванд, мардонро дар назар доранд, на ҳамҷинс (дугона)-и худро. Баъзан калимаҳое, ки аз тарафи мардон талаффуз мешаванд, барои занон маънои гуногунро ифода мекунанд. Вақте ки мард ба ғор медарояд, чӣ бояд кард,? Вақте ки дар семинарҳоям ман дар бораи ғор ва аждар гап заданро сар мекунам, занон доимо диққаташонро ба он ҷалб мекунанд, ки чӣ тавр вақтеро, ки мард дар паноҳгоҳи худ мегузаронад, кӯтоҳ кардан мумкин аст. Дар ин маврид ман ба мардон ин саволро медиҳам ва онҳо, одатан, чунин ҷавоб медиҳанд: чӣ қадаре зан кӯшиш кунад, ки вайро аз ғор зудтар барорад, ё ба гуфтугӯ ҷалб кунад, ҳамон қадар ин гӯшанишинии ихтиёрӣ тӯлонитар мешавад. Ва ана боз як эзоҳе, ки онро тез-тез аз забони мардон шунидан мумкин аст: «Аз ғор баромадан хеле душвор аст, агар ҳис кунӣ, ки ин гӯшанишинии ту ба ҳамсарат маъқул нест». Марде, ки ба ғор медарояд, одатан қурбони таассурот ё фишори рӯҳӣ мегардад ва кӯшиш мекунад, ки дар танҳоӣ ҳалли проблемаҳои худро худаш ёбад. Дар ин вақт пешниҳод намудани дастгирӣ, ҳақиқатан, ғайри қобили қабул аст. Шаш усули асосӣ вуҷуд дорад, ки ба марди дар ғор пинҳоншуда ёрӣ мерасонад (дуруст ёрӣ додан ҳамчунин вақти дар ғор буданро кӯтоҳ мекунад). 1. Норозигии худро дар бобати танҳо мондани вай изҳор накунед. 2. Кӯшиш накунед, ки ба вай барои аз ӯҳдаи ҳалли проблемаҳо баромадан роҳи ҳаллашро нишон дода, ёрӣ расонед. 3. Кӯшиши зоҳир намудани ғамхориро бо саволҳое монанди «Баъди ҳамаи ин ту худро чӣ хел ҳис мекунӣ?» ба харҷ надиҳед. 4. Вайро барои баромадан аз ғор маҷбур накунед, балки ба вай имконият диҳед, ки худаш аз он ҷо барояд. 5. Аз боиси вай ташвиш накашед ва ба вай раҳм накунед. 6. Ба ягон кори дигар машғул шавед, ки ба шумо хурсандӣ оварад. Агар дар шумо, албатта, хоҳиши «муошират кардан» пайдо шавад, ба вай мактубе нависед, ки вай метавонад онро баъд, берун аз хона хонад, вале агар боз ба шумо ҳамдардӣ кардан зарур бошад, бо дугонаатон сӯҳбат кунед. Шарикро ба сарчашмаи ягонаи диққати худ табдил надиҳед. Мард мехоҳад, зӯҳрагии дӯстдоштаи вай бовар кунад, ки вай худаш аз ӯҳдаи ҳалли проблемаҳояш баромада метавонад. Ин боварӣ барои ору номус, иззати нафс ва худэҳтиромкунии вай хеле муҳим аст. Бо вуҷуди ин барои зан ташвиш накашидан аз ҳолати шавҳари худ душвор аст. Охир, ӯ муҳаббат ва ғамхории худро нисбат ба шахси дигар бо ташвиш ифода мекунад. Аз рӯйи ақидаи зан, дар танҳоӣ хушбахт будан ношоиста аст, дар сурате ки шахси ба вай наздик ғамгин ва бадбахт бошад. Албатта, мард мехоҳад, ки аҳволи шарики вай хуб бошад, вале на барои он ки аҳволи вай бад аст. Агар зан хушбахт бошад, як ғамхории вай камтар мешавад. Вақте ки зан хушбахт бошад ва ба ҳеҷ чиз ниёз надошта бошад, беташвиш бошад, барои мард аз ғор баромадан осонтар мешавад. Боз як муаммои зиндагӣ: мардон муҳаббати худро бо ташвиш накашидан барои шахси дӯстдошта нишон медиҳанд. Мантиқи онҳо дар ин сурат чунин аст: «Чӣ хел барои касе, ки ту дил додӣ ва бовар мекунӣ, ташвиш кашидан мумкин аст?» Мардон, одатан, дастгирии худро ба якдигар ба воситаи чунин ибораҳо ифода мекунанд: «Хавотир нашав, ту аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ», «Ин проблемаи онҳо аст, на проблемаи ту», «Ман бовар дорам, ки ин натиҷаи хуб медиҳад». Мардон якдигарро тавре дастгирӣ мекунанд, ки гӯё, умуман, барои рафиқашон хавотир нестанд, ё ба ҳар ҳол, ба проблемаҳои вай кам аҳаммият медиҳанд. Мард ба ғор медарояд, то ки барои ҳалли проблемаи пайдошуда кӯшиш кунад. Агар дар ин муддат бо шарики вай ҳама кор созгор бошад, ӯ бораи ягон чиз ташвиш намекашад, ба ягон чиз эҳтиёҷ надорад. Ин чунин маъно дорад, ки як проблемаи вай кам шудааст. Бо дарки он ки зан бо вай хушбахт аст, мард худро боқувваттар ҳис мекунад ва бо қувваи бузургтаре ба масъалаи ҳалнашуда мечаспад. Дар ин ҳолат ҳамаи он чизе, ки шарикашро аз проблемаҳо дур мекунад, ё ба ӯ хурсандӣ меоварад, ба вай хеле ёрӣ мерасонад. Миррихиҳо инчунин ба зӯҳрагиҳо тавсия медоданд, ки дар ин ҳолатҳо бо ягон чизи дилписанд машғул шаванд. Ба зӯҳрагиҳо, вақте ки аҳволи шахси наздик бад бошад, худро хушбахт ҳис кардан душвор буд, вале онҳо, ба ҳар ҳол, роҳи ҳалро ёфтанд. Ҳар дафъа, вақте ки яке аз миррихӣ ба ғори худ даромада мерафт, шарики вай ба «экскурсия» ба мағоза мерафт, ё бо ягон кори дигаре машғул мешуд, ки ба ӯ хурсандӣ меоварад. Зӯҳрагиҳо мағоза ба мағоза гаштанро нағз медиданд. Чӣ гуна ба миррихиҳо метавон имконият дод, то дастгирии худро эҳсос кунанд? Ҳатто ҳангоми берун аз ғор будан низ мардон мехоҳанд, ки ба онҳо бовар кунанд. Онҳо маслиҳатҳои номатлуб ва дилсӯзонаро нағз намебинанд. Дар онҳо талаботи худсобиткунӣ дида мешавад. Қобилияти бе ёрии бегонагон аз ӯҳдаи проблемаҳо баромадан як навъ худшиносии ӯст (вале барои занон чунин худшиносӣ ёрӣ ва дастгирии шахси бегона ба шумор меравад). Мард дастгирии занро вақте ҳис мекунад, ки ӯ бо сухану рафтори худ фаҳмонда диҳад: «Ман бовар дорам, ки ту метавонӣ худат аз ӯҳдаи проблемаҳоят бароӣ, вале агар, ҳақиқатан, ҳам ёрии ман лозим шавад, ту ошкоро хоҳиш кун». Дар аввал бо ин тарз ёд гирифтани «дасти ёрӣ дароз кардан» хеле бо мушкилӣ ба даст меояд. Аксари занон бар он ақидаанд, ки усули ягонаи ба даст овардани чизи дилхоҳ аз мардон ҳолатест, ки шартан бо истилоҳи «пилеж» ифода меёбад. Ин чунин ҳолатест, ки мард ба иштибоҳ роҳ медиҳад ва зан чӣ тавр ислоҳ кардани онро пешниҳод мекунад. Занҳое, ки нақши модариро дар хотир надоранд ва намедонанд, ки аз мардон ба кадом роҳ кӯмаки зарурӣ гирифтан мумкин аст, ба хотирашон ҳам намерасад, ки бо роҳи бисёр осон эҳсоси кӯмак карданро дар шарики худ бедор кардан мумкин аст. Барои ин кофист, ки аз онҳо чунин кӯмакро ошкоро хоҳиш намоянд. Ғайр аз ин, агар кори мард ӯро қонеъ нагардонад, зан метавонад ба таври ошкоро ба вай гӯяд: «Ин ба ман маъқул нест». Аммо ҳеҷ гоҳ ба киноя, аз қабили «умуман ту шахси сусткорӣ, ё шахсияти манфӣ ҳастӣ» набояд роҳ дод. Чӣ тавр метавон мардро дуруст сарзаниш кард, ё маслиҳат дод Ҳангоми нафаҳмидани он, ки то чӣ андоза маслиҳатҳои номатлуб ба мардон нафрат меоваранд, бисёрии занон роҳҳои ба даст овардани чизи лозимаашонро намедонанд. Нэнси борҳо дар муносибатҳои худ ба мардон ноумедиро ҳис кардааст. Ӯ шикоят мекард: «Ман то ҳол намедонам, ки чӣ хел ба мард бо сарзаниш ё маслиҳат наздик шавам. Тасаввур кунед, ки вай худро дар сари дастурхон идора карда наметавонад, чунон нафратангезона либос мепӯшад, ки ҳақиқатан ҳам бад аст. Ё, фарз кунем, ки вай марди нағз аст, вале ту мебинӣ, ки ӯ бо одамон тавре муносибат мекунад, ки вайро ҳеҷ кас писанд намекунад ва ин ба вай сахт таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Ҳар чӣ гӯям, вай ба ғазаб меояд, худро ҳимоя мекунад, ё маро писанд намекунад». Ҷавоб чунин аст: бо вуҷуди ин, то худи вай напурсад, маслиҳат набояд дод. Ба ҷойи ин фаҳмондан лозим аст, ки вайро дӯст медоранд ва, чунон ки ҳаст, ҳамон хел қабул мекунанд. Ана, он чизе, ки ба вай даркор аст, на бо оҳанги насиҳатомез хондани лексия. Бо эҳсоси он, ки шарикаш вайро бо тамоми хусусиятҳои мусбату манфиаш қабул мекунад, вай ба назар гирифтани фикру андешаҳои ӯро сар мекунад. Аммо агар ӯ дарёбад, ки зан хоҳиши исроркоронаи тағйир додани вайро дорад, мард ягон маслиҳат, ягон луқмаро қабул намекунад. Ба мардон, хусусан, дар сатҳи муносибатҳои наздик (заношӯйӣ) боварии зиёд ба худашон лозим аст, то ки барои хоҳиши дастгирӣ худашон як қадам пеш гузоранд. Бинобар ин кӯшиш кунед, ки сабру тоқатро зоҳир намоед, бовар кунед, ки дӯстдоштаи шумо худаш хатояшро мефаҳмад ва тағйир меёбад. Вале, агар вай бо вуҷуди ин ҳама талаботу хоҳишҳои шуморо қонеъ нагардонад, метавонед ва ҳатто бояд худатон дар бораи ҳиссиётатон гап кушоед, хоҳишҳои муносибро баён кунед, аммо боз ҳам бе кинояву масхара. Ин маҳорати беҳамтоест, ки ҳақиқатан ҳам муносибати ғамхоронаю эҷодкоронаро ба шарик талаб мекунад. Ана, чор варианти амали дуруст доир ба ин масъала: 1. Зан метавонад бе насиҳат ба мард гӯяд, ки ба ӯ тарзи либоспӯшии вай маъқул нест. Масалан, вақте ки вай либос мепӯшад, бо ягон тарзе, зимнан, ишора кардан мумкин аст: «Ба фикрам, ин курта ба Шумо намезебад. Шояд имрӯз дигарашро мепӯшед?» Агар зан ҳис кунад, ки шарҳаш ба вай маъқул нашуд, бахшиш пурсидан лозим, масалан, ин тавр: «Мебахшед, ман ҳаргиз намехостам, ки ба Шумо доир ба тарзи либоспӯшӣ лексия хонам». 2. Агар мард, дар ҳақиқат, ин қадар ба чунин тарзи мулоҳиза ҳассос бошад (аксари мардон чунинанд), кӯшиш кардан лозим аст, ки ин мавзӯъро ба тарзи дигар ба миён гузорем. Масалан: «Дар ёдатон ҳаст, Шумо дафъаи гузашта куртаи кабудро бо шими сиёҳ пӯшида будед? Рости гап, он вақт ба ман каме маъқул набуд. Шояд имрӯз хокистаррангашро санҷем?» 3. Рӯйирост пурсидан мумкин аст: «Намехоҳед, ягон рӯз ҳамроҳ ба мағоза равем? Ман мехоҳам ба Шумо ягон чизи нав интихоб кунам». Агар вай ҷавоби «не» диҳад, ин маънои онро дорад, ки вай намехоҳад, ки шумо модарона ба вай ғамхорӣ кунед. Агар вай ҷавоби «ҳа» диҳад, метавонед бовар кунед, ки бо маслиҳатҳо ва луқмаҳоятон ба дили вай назадед. Дар ёд дошта бошед: мардон махлуқи зудранҷанд. 4. Ниҳоят, сӯҳбатро чунин сар кардан низ мумкин аст: «Медонед, ман мехостам бо Шумо дар бораи чизе гап занам, вале шурӯъ намудан ба ин мавзӯъ ба ман хеле душвор аст (як лаҳза ист кунед). Аз як тараф, метарсам, ки Шуморо хафа кунам, аз тарафи дигар, барои ман, дар ҳақиқат, ин мавзӯъ муҳим аст. Ман мехоҳам, ки Шумо маро аввал гӯш кунед ва баъд чӣ тавр беҳтар ифода намудани онро ба ман гӯед». Чунин муроҷиат ба шарик барои тайёр шудан ба фишори рӯҳӣ ёрӣ мерасонад, вале баъд ӯ бо камоли хурсандӣ дармеёбад, ки сухан дар бораи кори на он қадар муҳим меравад. Як мисоли дигар: Агар ба зан тарзи нишастан (хӯрок хӯрдан)-и мард дар сари дастурхон маъқул набошад ва шарикон дар ин лаҳза танҳо, бе одами бегона бошанд, ӯ ҳақ дорад, ки гӯяд: «Шояд бо панҷа (вилка) хӯрок хӯред?» ё «Шояд чойро ба пиёлаи худатон резам?». Аммо дар ҳузури бегонагон хомӯш истодан ва вонамуд кардан, ки гӯё ҳеҷ ҳодисае нашудааст, беҳтар аст. Вале рӯзи дигар ба хотир овардан беҳтар аст: «Шояд дар ҳузури кӯдакон бо қошуқ (ё панҷа) хӯрок мехӯрдед, охир онҳо Шуморо дӯст медоранд ва мехоҳанд дар ҳама кор ба Шумо тақлид кунанд.» Ё «Рости гап, ба ман он қадар маъқул нест, вақте ки Шумо бо даст хӯрок мехӯред. Шояд дар назари Шумо ин масъалаи ночиз бошад, аммо ба ман он сахт таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки ҳамаамон якҷоя дар сари дастурхон хӯрок мехӯрем, наметавонед бо қошуқ ё панҷа хӯрок хӯред?» Агар ба шумо ягон рафтори шарикатон маъқул набошад, мунтазир шавед, то вақте ки дар наздатон ягон кас набошад, танҳо он вақт гӯед, ки чӣ хел ин ба шумо таъсир мерасонад. Ба ӯ ҳаргиз фармон додан даркор нест, ки чӣ гуна бояд рафтор кунад ва ӯро бо такрори хоҳишҳо «безор кардан» низ лозим нест. Ҳамту, аз рӯйи виҷдон ва ошкоро, вале мухтасар ва бе хашмгинӣ дар бораи эҳсосоти худ гап занед. Масалан: «Медонед, азизам, дина дар шабнишинӣ Шумо чунон баланд гап задед, ки гӯшҳоям ҷарангос заданд. Ҳангоми дар паҳлӯятон буданам наметавонед пасттар гап занед?» Агар ба вай рӯйӣрост хоҳиши шумо маъқул нашавад, оромона барои танқид бахшиш пурсед ва мавзӯъро тағйир диҳед. Вақте ки мард ба ёрӣ эҳтиёҷ надорад Ҳангме ки зан ба тасаллои мард сар мекунад, ё кӯшиш мекунад, ки ба вай барои ҳалли проблема ёрӣ расонад, мард, одатан, худро беандоза «эҳтиёт мекунад»: ба ӯ бовар намекунанд, чунин мешуморанд, ки ӯ худаш аз ӯҳдаи ҳалли проблемаҳояш намебарояд, ӯро назорат мекунанд, бо вай мисли кӯдак муносибат мекунанд. Шояд ба мард чунин менамояд, ки зан кӯшиши вайро дигаргун кардан дорад. Дар ҳақиқат ҳам, ба мард, хусусан, чунин муҳаббати ғамхорона зарур аст. Аммо зан фаҳмиданаш лозим аст, ки муҳаббат ва ғамхорӣ дар муносибат бо мард танҳо он вақт аҳамият дорад, ки ба тарзи маслиҳатҳои номатлуб ва луқма ифода нашавад. Вай ба дастгирӣ эҳтиёҷ дорад, вале на ба тарзе, ки зан фикр мекунад. Даст кашидан аз кӯшиши дигаргун кардани мард бо роҳи сарзаниш хеле зарур аст. Маслиҳат додан ҳам зарур аст, вале танҳо агар вай худаш дар бораи ин хоҳиш кунад. Мард маслиҳат ё ёриро танҳо баъди он меҷӯяд, ки ҳамаи имкониятҳои шахсиаш барои ҳалли проблема тамом шуда бошад. Ҳангоми мушоҳидаи дастгирии пешазвақтӣ ё аз ҳад зиёди шитобкорона вай бовариро ба қувваи худ гум мекунад. Ё зонуҳои вай ба ларзидан медароянд, ё танбал ва ғайрифаъол мегардад. Мардон беихтиёрона якдигарро тавре дастгирӣ мекунанд, ки бо ёрӣ ва маслиҳат мудохила намекунанд, то вақте ки аз онҳо чунин хоҳиш накунанд. Ҳангоми сарфаҳм рафтан ба ин ё он проблема мард медонад, ки, аввалан, бояд роҳи муайянро худаш тай кунад ва танҳо баъд, агар бе ёрии дигарон аз ӯҳдааш баромада натавонад, метавонад, бе зарар расондан ба кордонӣ ва қадру қиммати шахсии худ, дар он бобат хоҳиш кунад. Вале пешниҳоди нобаҳангоми ёриро вай метавонад ҳамчун таҳқир қабул кунад. Масалан, агар мард машғули реза кардани гӯшти мурғи марҷон бошад ва шарикаш вайро бо маслиҳатҳояш безор кунад, ки чиро ва чӣ тарз реза кардан лозим аст, мард эҳсос мекунад, ки ба вай бовар намекунанд. Ва табиист, ки ба ғазаб меояд, зеро қатъиян мехоҳад, ки нимаи роҳашро худаш тай кунад. Аз тарафи дигар, агар мард ин машғулиятро ба ӯҳда гирифта бошад, зан табиатан мехоҳад, ки ғамхорӣ кунад ва ба ёрӣ додан тайёр бошад. Агар зан ба шавҳараш маслиҳат диҳад, ки ягон шахси таҷрибаноктарро ба ёрӣ даъват кунад, вай ҳатман меранҷад. Ӯ бояд бовар кунад, ки мард худаш медонад, ки кадом корро чӣ тарз иҷро кунад! Ҳамин тариқ, мардон ба боварӣ эҳтиёҷ доранд, занон – ба ғамхорӣ. Вақте ки мард аз шарикаш мепурсад: «Азизам, чӣ шудааст?», ин суханон ва қиёфаи ба ҳаяҷон омадаи ӯ ба зан таъсири хуб мерасонанд. Вале, агар худи ҳамон савол ва худи ҳамон қиёфаи ба ҳаяҷон омадаро зан ба мард нишон диҳад, вай озурда мешавад ва худро мусибатзада ҳис мекунад: шарикаш, аз афташ, ба маҳорати ӯ дар бобати баромадан аз ӯҳдаи ҳалли мушкилот бовар намекунад. Ба мард ҳадду ҳудуд гузоштан байни дилсӯзӣ ва ғамхорӣ хеле душвор аст. Вай бад мебинад, ки ба вай раҳм кунанд. Агар зан гӯяд, ки: «Ман чунон афсӯс мехӯрам, ки Шуморо ранҷонидам», вай, саҳеҳтараш, чунин ҷавоб медиҳад: «Ҳамааш нағз» ва дастгирии ба вай пешниҳод шударо рад мекунад. Ҳол он ки ба зан, баръакс, шунидани чунин суханон аз забони мардон бениҳоят фораму дилкаш аст, зеро дар ин маврид зан ҳис мекунад, ки мард ба ӯ, ҳақиқатан ҳам, ғамхорона ва меҳрубонона муносибат мекунад. Мардон бояд ба таври мувофиқ зоҳир намудани ғамхории худро ёд гиранд, занон бошанд – боварии худро. Мувозибати беандоза мардро қимоб мекунад Дар аввали ҳаёти якҷояи мо, вақте ки пагоҳӣ ман барои баргузор намудани семинарҳои навбатии шанбе-якшанбегӣ бояд аз шаҳр берун мерафтам, Бонни бегоҳирӯзӣ ҳар дафъа мепурсид, ки соати чанд ман бояд аз хоб хезам. Баъд донистан мехост, ки кай бояд тайёр шавам. Ниҳоят, пешакӣ огаҳ мекард, ки вақти кам мондааст ва метарсад, ки ман дер накунам. Ӯ чунин меҳисобид, ки ҳамин тавр маро дастгирӣ мекунад. Вале барои ман ҳамааш маҳз баръакс менамуд. Ман ба хашм меомадам ва меранҷидам: охир, то ин вақт ман аллакай 14 сол гирдогирди ҷаҳон гашта, лексияҳоямро хондаам ва ягон бор ба тайёра дер накардаам. Вале ҳар саҳар, пеш аз он ки аз хона бароям, ӯ айнан маро аз ҳад зиёд саволборон мекард: «Ту чиптаро фаромӯш накардӣ? Ҳамёнатро гирифтӣ? Пулҳоят кифояанд? Ту ҷӯробҳоятро ба ҷомадон гузоштӣ? Ту аллакай медонӣ, ки дар куҷо меистӣ?» Ба назари ӯ чунин менамуд, ки ӯ ба ман муҳаббаташро нишон медиҳад, вале ман ба ғазаб меомадам. Ва рӯзе ба ӯ гуфтам, ки ман мақсади ӯро қадр мекунам, вале нағз намебинам, ки маро монанди кӯдаки хурдсол ғамхорӣ кунад. Ман таъкид кардам, ки агар ӯ хоҳад, ки ба ман ғамхорӣ кунад ва ин ғамхорӣ ба ман маъқул шавад, бояд он дар муҳаббати бечуну чаро ва боварӣ зоҳир шавад. Ман гуфтам: «Агар ман ба тайёра дер кунам, баъд ба ман гуфтан фоида надорад, ки «Охир, ман туро огоҳ карда будам!» Бовар кун, ки ман худам ин дарсро азхуд мекунам ва минбаъд ба таври мувофиқ рафтор хоҳам кард. Агар ман чӯткаи дандон ё асбоби риштароширо фаромӯш кунам, бигузор ин гуноҳи худи ман бошад. Вақте ки ман занг мезанам, ба ман дар бораи ин гап назан». Вақте Бонни фаҳмид, ки ман чӣ мехоҳам ва худашро дар ҷойи ман тасаввур кард, дастгирӣ намудани ман ба ӯ осонтар гашт. Дар бораи фоидаи баъзе тағйироти ночиз Боре ман ба он диққат додам, ки ҳар вақт кӯдаке аз ман хоҳиш кунад, ки кореро барои ӯ анҷом диҳам, ман одатан ҷавоб медодам: «Ҳеҷ мушкил нест». Аз рӯйи фаҳмиши ман ин чунин маъно дошт, ки ба ман иҷро намудани хоҳиш хеле хуш аст. Аммо боре духтари угайи ман - Ҷули пурсид: «Барои чӣ Шумо доимо мегӯед, ки «Ҳеҷ мушкил нест»? Ман натавонистам, ки чӣ ҷавоб диҳам. Ҳаматарафа фикр карда фаҳмидам, ки сухан дар бораи аломати навбатии одати маъмултарини миррихиҳо меравад. Баъди фаҳмидани ин матлаб шакли дигари ҷавобро интихоб кардам: «Бо камоли майл!». Ин ибора он чизеро ифода мекард, ки духтарам-зӯҳрагӣ ҳангоми шунидани он ба дараҷаи хеле зиёдтар эҳсос кард, ки ӯро дӯст медоранд. Ин мисол ҳамчун нишонаи сирри бой гардонидани муносибатҳои байниҳамӣ хизмат карда метавонад. Худро тағйир надода маҷбуран гузашт кардан комилан мумкин аст. Сирри муваффақияти миррихиҳо ва зӯҳрагиҳо низ дар ҳамин буд. Ҳеҷ кадоми онҳо намехостанд, ки табиати азалии худ, ҷавҳари худро қурбон кунанд, вале онҳо бо тайёрии пешакӣ ва бо майлу хоҳиши худ тағйироти ками гуногунро дар рафтору гуфтори худ ворид мекарданд ва дар муошират истифода мебурданд. Онҳо медонистанд, ки муносибат метавонад хеле бой шавад ва ҳатто беҳтар гардад. Ин ҷо муҳим он аст: каме гузашт кардан метавонад комилан ба муносибатҳои байниҳамии хуб мусоидат кунад. Тағйироти ҷиддӣ, одатан, талаб мекунад, ки мо то дараҷае «Ман»-и худро паст занем. Дар чунин ҳолат ягон беҳбудӣ нахоҳад буд. Агарчи мардон табиатан намехоҳанд худро тағйир диҳанд, пеш аз ба ғор даромадан ягон чизи дилгармкунандае ба шарики зиндагӣ гуфтан хеле муҳим аст, зеро он, умуман, аз мардон тағйир додани табиати худро талаб намекунад. Барои он ки мард ба чунин тағйироти ҷузъӣ ба хотири интихоби роҳи мақбули ҳодисаҳо розӣ шавад, ӯ бояд фаҳмад, ки барои зан, дар ҳақиқат, ба даст овардани нишонаи умедворӣ, хусусан, агар мард хоҳад, ки зан ӯро бо саволҳои «беҷо» безобита накунад, зарур аст. Ҳангоми надонистани фарқи байни идроки мардона ва занона мард намефаҳмад, ки барои чӣ хомӯшии ногаҳонии вай дар шарикаш чунин ташвишро ба вуҷуд меоварад. Вале ханда, имову ишора, сухани хуб метавонад вазъиятро ислоҳ кунад. Надонистани ин тафовутҳо метавонад ба он оварда расонад, ки ҳангоми занро мушаввашхотир дидан мард ба ғори худ нарафта, дар берун монад ва кӯшиш кунад, ки дӯстоштаашро бо ин роҳ дилбардорӣ кунад. Ин хатои калон аст, зеро дар сурати даст кашидан аз рафтан ба ғор мард беҳад зудранҷ, заиф, ғайрифаъол мегардад, ҷавоби нешдор доданро сар мекунад, дурӯғгӯй мешавад. Ва аз ҳама бадаш он аст, ки мард худаш намедонад, ки барои чӣ чунин шудааст. Вақте ки зан аз равонашавии шарик ба ғор фақат каме андӯҳгин мешавад, вай ба ҷойи он ки аз мақсади худ даст кашад, худро камтар тағйир медиҳад ва вазъият низ ба куллӣ дигаргун мешавад. Аз ҳама муҳиммаш, ин ба иззати нафси мард намерасад, ӯ худро мағлуб ҳис намекунад. Чӣ хел ба зӯҳрагиҳо метавон имкон дод, ки дастгирии худро ҳис кунанд? Мо аллакай дар бораи он сӯҳбат кардем, ки бо рафтани худ ба ғор ё кунҷи хомӯшӣ мард гуфтан мехоҳад: «Ба ман якчанд вақт лозим аст, ки дар бораи ин масъала фикр кунам, барои ҳамин, илтимос, дар айни ҳол бо ман гап назан. Ман бармегардам». Вай дар айни ҳол намедонад, ки ба назари зан ин кори ӯ тамоман маънои дигар дорад: «Ман туро дӯст намедорам, ман меравам ва дигар ҳаргиз барнамегардам!» Барои он ки мард пеши роҳи чунин каҷфаҳмиро гирад, матлаби худро дуруст фаҳмонад, вай бояд талаффуз кардани ду калимаи мафтункунандаро ёд гирад: «Ман бармегардам». Агар мард ҳангоми ба паноҳгоҳи дӯстдоштаи худ рафтан бо овози баланд гӯяд: «Ба ман якчан вақт лозим аст, ки дар бораи ин масъала фикр кунам, вале ман бармегардам» ё «Ман мехоҳам, ки камтар танҳо монам. Ман баргашта меоям», ин ба шарики вай сахт таъсир мерасонад. Занон ба аломати умедворӣ баҳои баланд медиҳанд. Агар мард фаҳмад, ки то кадом андоза ин ба зан муҳим аст, онро дар лаҳзаи зарурӣ фаромӯш намекунад. Агар зан дар кӯдакӣ худро бесоҳиб ҳис карда бошад, масалан, падар ё модараш ӯ ва андешаҳои ӯро писанд намекарданд, он гоҳ ҳангоми ба воя расидан ӯ, хусусан, ба изҳори ками нописандӣ низ ҳассос мешавад. Бинобар ин ӯро ҳеҷ гоҳ барои талаботи табиияш дар мавриди гирифтани аломатҳои дилгармкунандаи мазкур маҳкум кардан (таъна задан) лозим нест. Айнан ҳамин тарз мардро низ барои эҳтиёҷи баъзан ба ғори худ рафтан маҳкум кардан лозим нест. Дар ёдам ҳаст, боре вақте ки ман ин мавзӯъро дар яке аз семинарҳоям матраҳ мекардам, яке аз иштирокчиён аз байни занон эътироз кард: «Ба ман хомӯшии шавҳарам сахт таъсир мекунад, вале ман дар кӯдакӣ ҳеҷ гоҳ худро бепарастор, аз муҳаббат ва таваҷҷӯҳ маҳрумшуда ҳис намекардам. Падарам ҳеҷ гоҳ дар муносибатҳо бо модарам низ ба бепарвоӣ роҳ намедод. Ҳатто вақте ки онҳо ҷудо шуданд, ҳамааш ба хубӣ гузашт». Ва ин ҷо зан хандид. Ӯ фаҳмид, ки чӣ хел ӯро ахмақ кардаанд. Баъд ба гиря даромад. Табиист, модари ӯ дар ниҳояти кор худро бесоҳиб ҳис кардааст. Ва ӯ низ. Охир, волидайни ӯ ҷудо шуданд! Ва монанди волидон ӯ низ чунин ҳисобид ва тасдиқ кард, ки гӯё ҳамааш хуб аст. Дар он синну сол, вақте ки одамон зиёдтар майли ҷудошавӣ доранд, аломатҳои умедворие, ки аз тарафи мардон дода мешаванд, боз ҳам аҳаммияти зиёдтар касб мекунанд. Вале на танҳо мард метавонад занро ҳангоми ба ҳаёти онҳо ворид шудани тағйироти ҷузъӣ дастгирӣ кунад, балки зан ҳам бояд ҳамин тавр рафтор кунад. Чӣ гуна метавон бе сарзанишу озор муошират кард Вақте ки зан дар бораи ҳиссиёти худ гап мезанад, мард эҳсос мекунад, ки вайро таъна мезананд, ба вай эрод мегиранд. То чӣ андоза гуногун будани мардону занонро нафаҳмида мард худро дар нақши объекти розгӯйи зан хеле бад ҳис мекунад ва дарк намекунад, ки барои зан то охирин нукта муҳокима кардани ҳамаи ҳиссиёташ то чӣ андоза зарур аст. Мард саҳван тасаввур мекунад, ки шарикаш ба вай ҳамаи инро барои он мегӯяд, ки вайро барои чизе гунаҳкор меҳисобад ва мехоҳад сарзаниш кунад. «Ӯ ғамгин аст, вале дар бораи ғами худаш маҳз бо ман гап мезанад, - фикр мекунад мард, - пас маълум мешавад, ки ӯ барои чизе аз ман озурда аст». Зан шикоят мекунад, вале ба гӯши мард маломат мерасад. Бисёрии мардон баён кардани чунин талабот-таассуроти худро ба шахси аз ҳама наздик, ки хоси зӯҳрагиҳост, намефаҳманд. Ҳангоми фаҳмидани тафовути байни миррихиҳо ва зӯҳрагиҳо ва санҷидани он дар таҷрибаи ҳаётии худ зан метавонад ифода намудани ҳиссиёташро тавре ёд гирад, ки он аломати сарзаниш надошта бошад. Барои он ки мардро бовар кунонад, ки дар суханаш ҳеҷ аломати таънаю маломат вуҷуд надорад, масалан, ӯ метавонад баъзан қиссахонии худро қатъ кунад, то ба мард фаҳмонад, ки чӣ хел ӯ (зан) таваҷҷӯҳи вай (мард)-ро нисбат ба суханҳояш қадр мекунад. Чанд эзоҳоте, ки метавонанд дар чунин вазъият даркор шаванд: • «Ман чунон хурсандам, ки дар бораи ин бо Шумо гуфтугӯ карда метавонам». • «Чӣ хел хуб, ки дар ин бора метавонем бо ҳам гуфтугӯ кунем!» • «Аз он ки дар ин мавзӯъ гуфтугӯ карда метавонам, худамро хеле сабук ҳис мекунам». • «Ман чунон хурсандам, ки дар наздатон гиря карда метавонам. Аз ин ман худро хеле сабук ҳис мекунам». • «Ана, ман диламро холӣ кардам ва худамро беҳтар ҳис карда истодааам. Раҳмат ба Шумо». Ин ислоҳи ночизу хурд вазъиятро ба куллӣ иваз мекунад. Чанд мисолм дигар. Ҳангоми тавсифи проблемаи худ зан метавонад шарикашро чунин дастгирӣ кунад: Ӯ ҳамаи корҳои шавҳарашро қадр мекунад, зеро тамоми кори мард ба хотири сабуктар шудани бори зиндагиашон аст. Ё худ, ҳангоми аз проблемаҳои корӣ шикоят кардан зан метавонад, дар омади гап, ёдовар шавад: «Чӣ хел нағз, ки дар бари ман Шумо ҳастед! Чӣ хел нағз, ки вақти ба хона омадан ҳис мекунам, ки Шумо интизори манед!» Чаро, масалан, ҳангоми дар бораи ташвишҳои хона сӯҳбат кардан нагӯем, ки мард чӣ хел тез ва босифат деворро таъмир кард? Ё худ, ҳангоми муҳокимаи корҳои молиявӣ гуфтан мумкин аст: «Шумо он қадар кор мекунед, ки мо ҳама чизро дошта бошем!» Ҳангоми шикоят кардан аз корҳои ношоистаи кӯдакон қайд кардан хеле бамаврид аст: «Чӣ хел нағз, ки ман дар ҳама ҳолат ба ёрии Шумо умед баста метавонам!» Тақсимоти дуҷониба (қарсак аз ду даст) Барои муоширати муқаррарии хуб иштироки ҳар ду тараф талаб карда мешавад. Мард бояд дар хотир дошта бошад, ки номбар кардани проблема ҳаргиз маънои сарзаниш надорад ва шарик, одатан, ба он хотир дар бораи онҳо сухан мегӯяд, ки дилашро холӣ кунад, сабук шавад. Вале зан низ дар навбати аввал бояд кӯшиш кунад, ки шикоятҳояшро ба ширикаш тавре расонад, ки чӣ хел ӯ вайро дӯст медорад, қадр мекунад ва ба ҳамин хотир маҳз бо ӯ (на бо каси дигар) ибрози ақида мекунад. Вақте ки ман ин боби китобро менавиштам, завҷаам ба наздам даромада пурсид, ки кор чӣ хел пеш рафта истодааст? - Боб қариб тайёр аст, -ҷавоб додам ман. Рӯзи ту чӣ хел гузашт? - Корҳо ниҳоят зиёд, -гуфт ӯ ва бо андаке таваққуф илова кард: -Имрӯз мо қариб ки ҳамдигарамонро надидем! Вақтҳои пеш ман дар чунин мавридҳо мӯйҳоямро сих мекардам ва занамро сарзаниш карда, хотиррасон мекардам, ки чӣ қадар вақт мо якҷоя будем, ё ақаллан исбот карданӣ мешудам, ки барои ман дар вақташ ба охир расонидани навиштани китоб хеле муҳим аст. Ҳам ину ҳам он ҳатман вазъиятро тезу тунд мекард. Вале ҳозир, баъди фаҳмидани он ки байни мо гуногунӣ вуҷуд дорад, ман дарк кардам, ки ба ӯ на далел ва баёнот, балки таҳсин ва фаҳмидан лозим аст. Ва барои ҳамин гуфтам: -Дуруст мегӯйӣ, ҳардуи мо имрӯз хеле зиёд кор кардем, ба қадре ки қариб буд ҳамдигарро фаромӯш карда бошем. Биё, ба зонуям нишин, ман туро ба оғӯш гирам. Имрӯз чунон рӯзи дароз буд, ки...! Ҷавоби завҷаам тӯл накашид: -Ман ба ту қоилам! Занон дар бораи чунин тарзи баҳодиҳӣ фикр намекунанд: аз рӯйи ақидаи онҳо мард медонад, ки таваҷҷӯҳи вай ва тайёр будани вай ба гӯш кардани суханҳояш барои зан чӣ қадар гаронбаҳост. Вале мард инро ҳатто пай намебарад. Бинобар ин, вақте ки зан дар бораи проблемаҳояш гап мезанад, ба ӯ исботи он чиз лозим аст, ки вайро дӯст медоранд ва қадр мекунанд. Мавҷудияти масъалаҳо ба мард фишори рӯҳӣ меоварад, агар худи ӯ дар бораи онҳо фикр накарда истода бошад. Бо нишон додани он, ки вай (мард)-ро қадр мекунанд, зан метавонад ба мард фаҳмонад, ки гӯш кардан, ҳамту гӯш кардан ҳам як навъ дастгирист. Барои зан ҳаргиз лозим нест, ки ҳиссиёти худро, умуман, нишон надиҳад, ё ҳатто ба хотири шарикашро дастгирӣ кардан онҳоро иваз кунад. Вале ӯ онҳоро тавре бояд зоҳир намояд, ки мард худро объекти ҳуҷум, гунаҳкор ва зери таънаю маломат ҳис накунад. Ҳамин тариқ, бо ёрии тағйироти ҷузъӣ натиҷаи дилхоҳро ба даст овардан мумкин аст. Чор калимаи мафтункунанда барои дастгирӣ Чор калимаи мафтункунандае, ки барои дастгирии мард заруранд, чунин аст: «Ин гуноҳи Шумо нест». Ҳангоми баёни таассуроташ зан метавонад дастгирии худро ба вай ба таври зерин ифода кунад: «Ман аз Шумо хеле миннатдорам, ки маро гӯш мекунед! Вале агар он чизеро, ки ман мегӯям, ҳамчун таънаю маломат ё гуноҳ қабул карданӣ бошед, бидонед, ки ман, умуман, чунин фикр надорам. Ин гуноҳи Шумо нест». Зан метавонад ҳассос буданро нисбат ба ҳамсӯҳбат ёд гирад, ба шарте фаҳмад, ки дар бораи проблемаҳои сершумор гап заданро мард ҳамчун зарба ба шахсияти худ қабул мекунад. Ба қарибӣ хоҳарам ба ман занг зад ва проблемаҳои ҷории худро баён кард. Вале ман ҳама вақт кӯшиши фаҳмидани чизи асосиро мекардам: барои он ки ӯро дастгирӣ кунам, ман бояд зуд ба ӯ роҳи ҳаллашро пешниҳод накунам. Ба хоҳарам ҳамту шунаванда зарур шудааст. Муддати даҳ дақиқа ман суханони ӯро набуридам, танҳо баъзан луқма мепартофтам: «Аҳа», «Наход?». Дар охир худи хоҳарам хайрухуш карда гуфт: «Майлаш, раҳмат ба ту, акаҷон. Ман камтар сабук шудам». Ба суханҳои хоҳарам аз ин сабаб гӯш кардан бароям осон буд, ки ман медонистам: ӯ маро сарзаниш намекунад. Мумкин шахси дигарро, вале маро не. Вақте ки ман занамро парешонхотир бинам, бароям душвортар мешавад: охир дар чунин вазъият аз куҷо эҳсос мекунӣ, ки шахсан маро маломат мекунад, ё каси дигарро? Вале вақте ки завҷаам тавассути ягон сухани таҳсинкунанда ҷалби диққатамро нисбати суханонаш таъриф кунад, ба ман гӯш кардан осонтар мешавад. Чӣ кор бояд кард, агар шумо «ғинг-ғинг» кардан хоҳед? Шакли боварибахши «Ин гуноҳи Шумо нест» ё «Ман, умуман, Шуморо сарзаниш намекунам», танҳо то вақте таъсири мусбат мерасонад, ки зан, дар ҳақиқат, аз таънаю маломат, гуноҳкор кардан ё танқид парҳез кунад. Аммо агар ӯ, дар ҳақиқат, майли ҳуҷум кунад, он гоҳ беҳтараш ҳиссиёташро ба каси дигар гӯяд. Ё интизор шавад, то ҳолати хуруҷиаш (агрессивияш) гузарад ва танҳо он вақт гуфтугӯяшро бо оҳанги дӯстона аз нав барқарор кунад. Ин боз як варианти дигари он аст, ки ҳиссиёти худро ба касе баён кунад, ки нисбат ба вай хашму ғазаб надорад ва ӯ қодир аст, ки занро дар ин ҳолат дастгирӣ кунад. Он гоҳ баъдтар боз аз нав метавонад ба шарикаш ҳиссиёташро муваффақонатар баён кунад. Чӣ хел метавон маҳорати наранҷида гӯш карданро ёд гирифт Агар зан беихтиёрона дар бораи проблемаҳои худ ба ҳар кас овоза кунад, мард ҳар замон барои кӯшиши мазаммат кардани вай аз зан ранҷидахотир мешавад. Ин ҳолат дар муносибати байниҳамии онҳо зарари ҷиддӣ ворид месозад, зеро имкони муоширатро хеле маҳдуд мекунад. Тасаввур кунед, ки зан мегӯяд: «Мо ҳамеша фақат кор мекунем, кор мекунем ва кор мекунем. Дар ҳаёти мо дигар ягон хурсандӣ, ягон хушвақтӣ нест. Ту чунон беҳиссу ҷиддӣ шудаӣ, ки гӯё ба робот табдил ёфта бошӣ». Табиист, ки дар ин ҳол мард худро объекти таънаю маломат ҳис мекунад. Дар сурати рӯй додани чунин вазъият ман пешниҳод менамоям, ки мард ба шарикаш бо сарзаниши ҷавобӣ дарафтода нагӯяд: «Ба фикрам, ту маро таъна мезанӣ (зада истодаӣ)». Ба ҷойи ин, ба назарам, беҳтараш чунин гуфтан лозим аст: «Ба ман маъқул нест, вақте ту мегӯйи, ки ман аз ҳад зиёд ҷиддӣ шудаам. Оё ту гуфтан мехоҳӣ, ки фақат ман гунаҳкор ҳастам, ки мо хурсандӣ карданро бас кардем?» Ё худ: «Ба ман аламовар аст, вакте ту мегӯйӣ, ки ман беҳад ҷиддӣ шудаам ва барои ҳамин мо дигар хурсандӣ намекунем. Магар гуфтан мехоҳӣ, ки ин фақат гуноҳи ман аст?» Ғайр аз ин, мумкин аст ба вай имкон диҳем, ки ба таҳлили гуфтаҳояш бори дигар баргардад. Барои ин чунин пурсидан беҳтар аст: «Ба назарам, ту фақат маро гунаҳкор меҳисобӣ, ки мо чунин зиёд кор мекунем. Ин дар ҳақиқат чунин аст?» Ё худ: «Вақте ту мегӯйӣ, ки мо дигар хурсандӣ намекунем ва ман беҳад ҷиддӣ шудаам, ман чунин эҳсос мекунам, ки ту тамоми гуноҳро ба ман бор мекунӣ. Ҳамин тавр аст?» Ҳамаи ин ҷавобҳо дар худ оҳанги эҳтиром доранд ва ба зан имконият медиҳанд, ки ҳар кадом таънаю маломатро, ки шарик дар суханони ӯ ҳис карда буд, гашта гирад. Агар зан дар ҷавоб гӯяд, ки: «Не-не, ман чунин намешуморам, ки фақат Шумо гунаҳкоред», мумкин аст, ки мард каме сабук шавад. Як методи дигари хеле муфид чунин аст: фаромӯш набояд кард, ки зан доимо ба он ҳуқуқ дорад, ки ғамгину мутаассир шавад ва агар аз ин вазъият барояд, сабукии бузургеро ҳис мекунад. Донистани ин ба ман имконият медиҳад, ки вазнину оромтар шавам ва фаҳмам, ки ҳангоми гӯш карданро ёд гирифтан ҳеҷ чизро ба дил нагирам, он гоҳ, ҳар боре ки шарикам майли шикоят кунад, ман баҳои сазовар медиҳам. Ва ҳатто агар ӯ, дар ҳақиқат ҳам, маро барои чизе сарзаниш карда бошад, минбаъд кӯшиш мекунад, ки ба ин роҳ надиҳад. Гӯш кардан ҳам санъат аст Вақте ки мард гӯш кардан ва шарҳ додани ҳиссиёти занро дуруст ёд мегирад, бо шарик муошират намудан осонтар мешавад. Мисли ҳар санъати дигар ба шунидан одат кардан ҳам тарҷрибаро талаб мекунад. Ҳар рӯз, ҳангоми ба хона омадан, ман чун қоида завҷаамро мекобам ва мепурсам, ки рӯзи ӯ чӣ хел гузашт. Ҳамин гуна ман дар санъати гӯш кардан таҷрибаомӯзӣ мекунам. Агар ӯ ғамгин бошад, ё рӯзи ӯ беҳад душвор гузашта бошад, ман дар аввал, одатан, худро дар ин гунаҳкор меҳисобам. Ва аз ҳама муҳиммаш дар ин ҳолат ба дил нагирифтан ва кӯшиши дуруст фаҳмидани зан мебошад. Ман инро доимо бо ёд овардани он, ки мо бо забонҳои гуногун гап мезанем, иҷро мекунам. Агар ман пурсиданро давом диҳам, ки «Боз чӣ шуд?», маълум мешавад, ки проблемаҳое, ки ӯро ташвиш медиҳанд, хеле зиёданд. Оҳиста-оҳиста ман дарк мекунам, ки сабабгори ягонаи проблемаҳои ӯ ман нестам. Аз чунин рафтори ман ӯ миннатдориро ҳис кардан мегирад ва баъди лаҳзае чун пештара меҳрубон, пурсабру тоқат мешавад ва майли бахшиданро мекунад. Гарчанде ки санъати гӯш кардан муҳим аст, мард баъзан беҳад ранҷур мешавад, ё хомӯш меистад, то ки бо овози паст суханони шарикашро дар дил таҳлил кунад. Дар чунин лаҳзаҳо ба вай ҳатто беҳтараш гӯш кардан лозим нест, балки ба ҷойи ин хайрхоҳона гуфтан даркор аст: «Ҳозир ман дар лаҳзаи ногуворам. Биё, баъдтар гап мезанем». Баъзан мард намефаҳмад, ки айни ҳол вай барои гӯш кардани зан тайёр нест. Агар ошкоро дар бораи ҳиссиёти ногувораш гап задан вайро то андозае ранҷур созад, зан бояд ба суханҳои худ давом надиҳад, зеро ҳар қадар ӯ бисёр гап занад, вазъият ҳамон қадар бадтар мешавад. Ин ба ҳеҷ кадоми шарикон фоида намеоварад. Ана, ин ҷо оромона ва бо эҳтиром гуфтан мумкин аст: «Ман, ҳақиқатан ҳам, мехоҳам, ки туро гӯш кунам, вале ҳоло ин бароям хеле душвор аст. Фикр мекунам, ки ба ман фурсате лозим аст, то дар бораи гуфтаҳои ту андеша кунам». Ҳамзамон бо он ки шарикон бо эҳтиром муошират кардан ва ҳамдигарфаҳмиро ёд мегиранд, ҳаёти якҷояи онҳо беҳтар мегардад. Муносибатҳо дар ду ҳолат инкишоф меёбанд: 1) Муошират мазмуни тайёр будан ба фаҳмидан ва қабули шарикро дошта бошад; 2) Дар муошират фарқи марду зан ба эътибор гирифта шавад. Агар байни шумо ягон нофаҳмӣ пайдо шавад, дар ёд дошта бошед, ки мардон ва занон бо забонҳои гуногун гап мезананд. Ба худатон вақт ҷудо кунед, то ба забони худ он чизе, ки шарики шумо, дар ҳақиқат, дар назар дорад, ё гуфтан мехоҳад, тарҷума кунед. Табиист, ки дарки ин ҳақиқат муддати дароз ва таҷрибаи зиёдро талаб мекунад, аммо фоидаи он ба андозаест, ки ба заҳмат кашидану вақт сарф кардан меарзад. Зимнан, замони донишҷӯйӣ, ҳам аз лиҳози фурсат ва ҳам аз лиҳози хусусиятҳои синнусолӣ, ба андешаи мо, аз беҳтарин давраест барои ҳосил намудан ва таҳким бахшидани маҳорату малакаи гӯш карда тавонистан, ҳамдигарро фаҳмидан, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан, тафовутҳои забониро пай бурдан ва омода шудан ба ҳаёти якҷоя ва мустақилона. Хушбахт бошед! Аммо бидонед, ки хушбахтӣ худ аз худ намеояд! Пас, хишти пухтаи бинои бахти худро имрӯз гузоред! ХУЛОСА Ҳамин тариқ, таълими масоили гендерӣ барои донишҷӯён ду ду ҳадаф дорад: яке ворид намудани донишҷӯён ба соҳаи нави илм бо номи гендершиносӣ, шиносоии онҳо бо муҳимтарин масоил ва мавзӯоти ин соҳа ва ба роҳ мондани фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар байни донишҷӯён барои ба воя расонидани мутахассисони соҳибистеъдоди соҳаи гендершиносии лингвистӣ ва назарияи адабиёти феминистӣ, дигаре ба роҳ мондани тарбияи гендерии ҷавонон бо ёрии истифодаи маводи гаронбаҳои адабиёти форсу тоҷик ва забоншиносӣ, ки дар ниҳояти кор ба рафъи нобаробарии гендерӣ дар ҷомеа кӯмак хоҳад кард. Мусаллам аст, ки ҷорӣ намудани курси махсуси гендершиносӣ дар забон ва адабиёти тоҷик бо матолибе, ки дар дастури мазкур ҷой дода шудааст, маҳдуд намешавад. Устодону муҳаққиқон ва донишҷӯён имкон доранд, ки барои фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва таҳқиқотӣ аз осори шоиру нависандагони дигар, жанрҳои гуногуни адабӣ ва на-мунаҳои фолклори мардуми форсизабон истифода баранд ва дар ин ҷода таҳқиқоти сотсиологӣ низ анҷом диҳанд. Мушоҳидаҳои ҳама-рӯза, мутолиаи маводи марбут ба ин мавзӯъ дар нашрияҳои гуногуни даврӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти таҳлилӣ ва муқоисавии масоили ген-дерӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар метавонад барои беҳтар намудани сифати таълим ва ноил шудан ба ҳадафҳои таълим мусо-идат намояд. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки маводи ин китоб ҳамчун намунае барои ҷорӣ намудани таълими курсҳои махсус дар факул-тетҳои филология, журналистика ва шарқшиносии мактабҳои олии кишвар метавонад хидмат намояд. Ташкили таълими ин курс бо назардошти усулҳои фаъоли таъ-лим, ки истифодаи маводи аз мушоҳидаҳои шахсӣ ба даст омада ва до-ир намудани саҳначаҳои эҷодиро дар бар мегирад, ба фароҳам овар-дани шароити хуб ба хотири шавқовартар намудани ҷараёни таълим мусоидат хоҳад намуд. Ҷалби донишҷӯён ба соҳаи таҳқиқоти гендерӣ бо роҳи пешниҳоди рефератҳо ва корҳои курсиву рисолаҳои дипломӣ низ аз роҳҳои дигари беҳтар намудани сифати таълим дар ин ҷода аст. Табиист, ки машғул шудан ба таҳқиқоти гендерӣ дар шароити кунунӣ монеаҳои сунъӣ ва объективӣ дорад, зеро он таҷдиди назарро ба самтҳои таҳқиқоти илмии кафедраву факултетҳо тақозо мекунад. Вале тақозои замон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта намоёнгари онанд, ки гендершиносӣ ба махзани илми ҷаҳонӣ ҷасурона ва устуворона қадам мениҳад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунӣ таҳқиқоти гендериро дар алоқамандӣ бо илмҳои дигари гуманитарӣ - таъриху равоншиносӣ, ҷомеашиносию сиёсатшиносӣ, забону адабиёт, ҳуқуқу рӯзноманигорӣ ва ғайра ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқтар ба назар мерасад. ФЕҲРИСТИ МАНОБЕЪ 1. Cameron D. Verbal Hygene. London: Routledge, 1995. 2. Eglanton Mary. Feminist Literature Theory. –New-York, 2004. 3. Gray John. Men Are from Mars, Women Are from Venus. -New-York, HarperCollins Publishers, 1992. 286 pp. 4. Grosz Elizabet. Spase, Time and Perversion. –New-York and London: “Routledge”, 1995. 5. Hellinger M. Feminist Linguistics and Linguistic Relativity. Working Paper on Language, Gender and Sexism 1 (1), 1991. 6. Irigaray Luce. This Sex Which Is Not One. Ithaca. Comell University Press, 1985. 7. Lakoff R. Language and Woman`s Place. New-York, Harper, 1975. 8. Millet K. Sexual Politics. N. Y. Garden City. – 1970. 9. Mitchell J. Psycoanalysis and Feminism. N. Y.: Vintage Books. – 1974. 10. Pusch L. Das Deutsche als Mannersprache. Frankfurt-a-Main, Suhrkamp, 1984. 11. Rey M. R. Male/Female Language. New Jersey, Metuchen, Scarecrow Press, 1975. 12. Romane S. Communicating Gender. London, Oxford University Press, 1999. 13. Tadjbakhsh Sh. Between Lenin and Allah: Women and Ideology in Tajikistan//Women in Muslim Society. – Lynne Reinner Publishers Inc. -1998. 14. Tadjbakhsh Sh. The Analysis of the Survey on Economic Status of Women in Tajikistan. –Dushanbe, 1996. 15. Tannen Deborah. You Just Don’t Understand. Women and Men in Conversation. –New-York, Ballantine Books. 1991. 330 pp. 16. Tromel-Plots S. Frausprache, Sprache der Veranderung, Frankfurt-a-Main, Taschenb. Verlag, 1995. 17. Women’s Studies Encyclopedia // Ed. by H. Tierney. New York: Peter Badrick Books, 1991. 18. Айвазова С.Г. Баробарҳуқуқии гендерӣ ҳамчун масъалаи тақсимоти нави ҳокимият// Назарияи гендер дар илмҳои гуманитарӣ (Маҷмӯаи мақолаҳо, тарҷума аз забони русӣ). –Душанбе, Полиграфгрупп, 2005. -С. 6-32. 19. Аллома Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. -Исломобод, 1997 (нашри тоҷикӣ). -444 с. 20. Амонова Ф. Муҳимтарин масоил ва самтҳои тадқиқоти гендерӣ дар забоншиносии тоҷик//Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. -Будапешт –Душанбе, 2001. -С. 60-64. 21. Антология гендерной теории. Пер. с англ. Под ред. Е. Гаповой и А. Усманской. Минск: Пропилеи. 2000. 22. Атоӣ Зулфия. Зулфи парешон (Шеърҳо). –Душанбе: Адиб, 2002. -400 с. 23. Аҳтамзод Шаҳрия. Ашки шақоиқ (Шеърҳо). –Душанбе: Пайк, 1995. - 77 с. 24. Бабаджанова Р. Формирование гендерных стреотипов в СМИ//Сборник спецкурсов по гендерным исследованиям. –Душанбе: Поликом, 2004. -С. 73. 25. Байзоев А. Гендершиносӣ: забон ва адабиёт//Сборник спецкурсов по гендерным исследованиям. –Душанбе, 2004. -С. 38-48. 26. Байзоев А. Ислом ва зан аз назари Иқбол//Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. -Будапешт –Душанбе, 2001. -С. 17–21. 27. Байзоев А. Нақши адабиёт дар тарбияи гендерии ҷавонон//Равзана ба ҷаҳон, №1, 2006. -С. 28-29, №2, 2006. -С. 31-32. 28. Байзоев А. Ҷавонии кишвари куҳан. Исломобод, 1997. -48 c. 29. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти гендерӣ. Мураттиб Давлатова М. –Душанбе: Адиб, 2005. -104 с. 30. Воронина О. А. Введение в гендерные исследования. М., 1997. 31. Воронина О. А. Философия пола // Философия. Учебник под ред. Губина В. Д. 2-е изд. М., 2000. 32. Гендер и культура. Учебное пособие для гуманитарных наук.- Душанбе, 2001. 33. Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. - Будапешт-Душанбе, 2001. 34. Геодакян В. А. Мужчина и женщина. Эволюционно-биологическое предназначение // Женщина в аспекте физической антропологии. Отв. ред. Г. А. Аксянова. М.: ИЭА РАН, 1994. 35. Горошко Е. Гендерная проблематика в языкознании. М., 2002. 36. Дар бораи ислоҳоти системаи маълумоти олӣ ва вазъияти маълумоти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳисоботи миллӣ. Мураттибон Қуватова А. ва Байзоев А. –Душанбе: Эҷод, 2006.-120 с. 37. Жеребкина И. (Отв. ред.). Теория и история Феминизма. Харьков, 1996. 38. Кирилина А. В. Гендер: Лингвистические аспекты. М.: Институт социологии РАН, 1999. 39. Кирилина А. В. Развитие гендерных исследований в лингвистике // Филологические науки. М., 1998. 40. Козимӣ Муртазо Мушфиқ. Теҳрони махуф. Таҳияи Ҷ. Икромӣ. –Душанбе, 1967. 41. Колосова О. А. Когнитивные основания языковых категорий. М., 1996. 42. Куватова А., Хегай М. Женщина в переходный период//Известия АН РТ. 1997, №1. -С. 67-75. 43. Куллиёти Иқбол. Форсӣ. Лоҳур, 1990. 44. Маҳмадҷонова М.Т. Курси махсуси Гендер дар забон ва адабиёти тоҷик//Сборник спецкурсов по гендерным исследованиям. –Душанбе: Поликом, 2004. -С. 4-29. 45. Меҳринисо. Шароби нур (Шеърҳо).–Душанбе: АО ТДК, 1996.-158 с. 46. Пушкарева Н. Л. Зачем он нужен, этот гендер? // Социальная история. М., 1999. 47. Сафаров У. Вазоифи умдаи пажӯҳишоти гендерӣ дар адабиётшиносии тоҷик//Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. -Будапешт –Душанбе, 2001. -С. 5 -9. 48. Сборник спецкурсов по гендерным исследованиям. –Душанбе: Поликом, 2004. -150 с. 49. Современные проблемы гендерных исследований в Таджикистане. Материалы республиканской научно-практической конференции. Душанбе: 2002. – 356 с. 50. Сулаймонӣ У. Сабки корбурди вожаҳои бад дар забони мардуми Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон//Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. Будапешт-Душанбе, 2001. -С. 73-75. 51. Таннен Д. Ты меня не понимаешь (Почему мужчины и женщины не понимают друг друга?). М. : «Вече Персей АСТ», 1996. 52. Умарова Ш. Бозтоби дузанагӣ дар фолклори тоҷик//Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. Будапешт-Душанбе, 2001. -С. 46-48. 53. Феминизм: Восток, Запад, Россия. М.: Наука, 1993. 54. Феминизм: Перспективы социального знания. М., 1992. 55. Фолингэм Д. Женщины Таджикистана. АБР, 2000. 56. Фолклор. Адабиёт. Забон (Маҷмӯаи мақолаҳо). Мураттиб Иброҳимова Л. –Душанбе: Эр-Граф, 2004. 57. Хегай М. Современная женщина в семье, на работе и в политике: гендерный аспект. –Душанбе, 1998. 58. Хегай М. Социально-экономический статус женщины в современной таджикской семье: гендерный аспект//Общественное мнение и социальная трансформация общества. –Душанбе, 1997. -С. 144-152. 59. Ҷовид Иқбол. Зиндарӯд. Дар чор ҷилд, Лоҳур, 1989 (тарҷумаи форсӣ аз Шоҳиндухт Комрон). 60. Шералӣ Лоиқ. Дасти дуои модар. –Душанбе: Адиб, 1991. -112 с. 61. Шодиев Р. Таърихи тадқиқоти масоили гендерӣ дар лингвистика//Гендер: Забон ва адабиёти тоҷик. Будапешт-Душанбе, 2001. -С. 64-68.
 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting