Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
¶авонон касб меомпзанд Печать E-mail
27.06.2009 г.
Ҷавонон касб меомӯзанд
Соли саввум аст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маросими хатми таҳсилро дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони Мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналҳалқӣ, дӯстону наздикони хатмкунандагон баргузор мегардонад. 

Имсол 160 нафар донишҷӯён аз рӯи барномаҳои технологияи муҳосибӣ, забони англисӣ , таълими роҳбаладон, коргардони саёҳати кӯҳӣ, барномаҳои компютерӣ соҳиби шаҳодатнома ва диплом гардиданд. Донишгоҳи мазкур ягона Донишгоҳи Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи маблағгузориҳои системаи интиқоли эътимоди аврупоӣ арзёбӣ гардида, тибқи стандартҳои ҳисоботи ҷаҳонӣ асос ёфтааст. Донишгоҳ маркази бақайдгирифташудаи палатаи савдо ва саноати Лондон, ки дар арсаи байналмилалӣ эътироф карда мешавад, ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ соли 2000 бо ибтикори шабакаҳои Оғохон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Барномаҳои он барои доираи васеъи донишомӯзон ташкил гардида, ягона муассисаест, ки ба маълумоти кӯтоҳмуддат такя мекунад. Айни замон мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ зиёда аз 4,5 ҳазор донишҷӯёнро дар беш аз 50 курсҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ва Хоруғ фаро гирифтааст, ки 70 дар садашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Париноз Азизӣ 

 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting