Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
Созмоніои ·амъиятг сертификат мегиранд Печать E-mail
17.04.2009 г.
Созмонҳои ҷамъиятӣ сертификат мегиранд
11 апрели соли 2009 дар толори осорхонаи шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода маҷлиси навбатии созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ оид ба масъалаи додани сертификат баргузор гардид.
Раванди додани сертификат ба созмонҳои ҷамъиятӣ ҳанӯз соли гузашта оғоз ёфта буд. Бино ба гуфтаи директори созмони ҷамъиятии «Эҳё, фарҳанг ва тараққиёт» Марина Сафарова фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Афзоиши салоҳият ва устувории ташкилотҳои ҷомеаи шахрвандӣ», ки аз ҷониби Хазинаи Оғохон дастгирӣ шудааст, амалӣ мегардад. Дар тӯли ду соли фаъолияти лоиҳа, гуфт ҳамсӯҳбати мо, дастур барои худбаҳодиҳии созмонҳои ҷамъиятӣ таҳия гардид ва соли 2008 31 созмони ҷамъиятӣ аз сартосари кишвар тибқи ин дастур фаъолияти худро баҳогузорӣ намуда аз ҷониби комиссияи босалоҳияте, ки ба он намояндагони Парламон, созмонҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар шомил буданд, арзандаи сертификат гардиданд. Фаъолияти лоиҳа идома дорад ва маҷлиси имрӯза ба хотири муқаррар намудани қадамҳои навбатӣ бар роҳи додани сертификат ба созмонҳои ҷамъиятие, ки хоҳиши дар ин раванд иштирок кардан доранд, баргузор гардидааст. Иштирокчиёни маҷлис дар хотима муҳим будани дорои сертификат шудани созмонҳои ҷамъиятӣ ва идомаи онро дар оянда таъкид ва дастгирӣ намуданд.
 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting