Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
КоМАКІОИ ИМА БА АІОЛИИ НИЁЗМАНДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Печать E-mail
03.12.2008 г.

КӮМАКҲОИ ИМА БА АҲОЛИИ НИЁЗМАНДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Қӯрғонтеппа. АИ «Паём». - /Шоҳнавози Фараҳманд/ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад дар коҳиши мизони фақру нодорӣ дар Тоҷикистон мусоидат бикунад ва зимнан, омода аст дар пешорӯи зимистон ба хонаводаҳои ниёзманди тоҷик кӯмакҳои фаннию ғизоӣ ироа намояд.  

Қӯрғонтеппа. АИ «Паём». - /Шоҳнавози Фараҳманд/ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад дар коҳиши мизони фақру нодорӣ дар Тоҷикистон мусоидат бикунад ва зимнан, омода аст дар пешорӯи зимистон ба хонаводаҳои ниёзманди тоҷик кӯмакҳои фаннию ғизоӣ ироа намояд. 

Дар ин бора Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, дар аснои боздиди худ аз навоҳии Вахш ва Ҷомии вилояти Хатлон сӯҳбат кард. Вай нахуст ба рустои Навкорами ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш омад ва бо машғулиятҳое, ки дар он ҷо бо маблағгузории созмони амрикоии ЮСАИД, оид ба захираи дурусти маводи ғизо сурат мегиранд, шинос шуд. Омӯзиши усулҳои захира ва нигаҳдории дурусти маводи озуқа, ба қавли дипломатҳои амрикоӣ, ба хонаводаҳо кӯмак мекунад ғизои ҳарчи бештарро дар мавсими сармо захира бикунанд, зеро зимистони гузашта шумори қобили мулоҳизаи хонаводаҳо, бавижа, дар навоҳии дурдастро, бо мушкили камбуди ғизо рӯ ба рӯ кард.

Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, кӯмакҳои ғизоию машваратии кишвараш барои саҳл кардани пайомадҳои зимистони меомада ва ҷилавгирӣ аз эҳтимоли бӯҳрони озуқа идома хоҳад ёфт. Бар изофаи 6 миллион доллар, ки барои осон кардани мушкили мардуми Тоҷикистон дар дастрасӣ ба ғизо ихтисос дода шудааст, Амрико ҳамчунин барои таъмини иҷтимоӣ ва коҳиши мизони нодорӣ барномаҳои хосаи дигар доштааст. Хонум Ҷейкобсон гуфт:

«Ҳар сол Иёлоти Муттаҳида дар чаҳорчӯби барномаи ироаи кӯмакҳои ғизоӣ ва дастгирии соҳаҳои беҳдошту кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 8 миллион доллар тахассус медиҳад. Мо ҳамчунин бо Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳои мусбат ба қонуни истифодаи замин ҳамкорӣ дорем. Мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити феълӣ дастгирии риштаи кишоварзии Тоҷикистон бас муҳим аст, дарк мекунем, ки бӯҳрони ҷаҳонии озуқа ба Тоҷикистон ҳам метавонад таъсир кунад ва пайомадҳои қобили мулоҳиза дошта бошад. Аз ин рӯ, омода ҳастем ҳадди ақалл ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонем». 

Сафорати Амрико мегӯяд, қарор аст то расидани зимистон беш аз ду ҳазор хонаводаи ниёзманди тоҷик 150-долларӣ кӯмаки молӣ дарёфт кунанд ва ба беш аз 3400 хонавода 50–килоӣ тухмии гандум тақдим хоҳад шуд. 

Гуфта мешавад, тайи як соли ахир Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи 84 миллион доллар кӯмакҳои молии билоиваз ва хайриявӣ ироа кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, мизони кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон пас аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни ин ду кишвар, наздик ба як миллиард долларро ташкил додааст. 


 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting