Главная
 Добавить в избранное
 Сделать стартовой
Главное меню
Главная
О нас
Журнал
Галерея
Контактная информация
Исследования
Глоссарий
Периодика
Законодательная база

Designed by:
Coppermine themes Joomla Templates
Reseller hosting services
БО АІОЛИИ БАДАХШОН ОИДИ ЧОРАІОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ МАШ’УЛИЯТІО ДОИР ШУДАНД Печать E-mail
26.09.2008 г.

      БО АҲОЛИИ БАДАХШОН ОИДИ ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ МАШҒУЛИЯТҲО ДОИР ШУДАНД

 Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои аҳолии Бадахшон машваратҳои таълимӣ доир намуд.

Машваратҳои таълимӣ оид ба «Пешгирии касалии сил» аз 11 то 25 августи соли равон бо дастгирии барномаи байналмиллалии муборизаи зидди сил - Норе (Хоуп) дар байни аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон гузаронида шуд.

Дар машваратҳои таълимӣ зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд, мегӯяд,- директори маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим Ҳофиз Аламшоев.

Тавре Ҳофиз Аламшоев гуфт, мақсади асосии машваратҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нисбати пешгирии касалии сил ва беҳтар намудани муроҷиати маризон ба муассисаҳои табобатӣ ба хотири сари вақт ошкор ва табобат намудани беморон равона шудааст.

Дар маъракаҳои мазкур китобчаи таълимии «Ҷаҳон бидуни сил» дастраси иштирокдорон гардид.

Дар байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, фаъолон соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Ба гуфти манбаъ айни замон дар Ҷумхурии Тоҷикистон барномаи миллии мубориза алайҳи бемории сил амалӣ гашта истодааст, ки ба ташхиси саривақтӣ ва табобати ройгони беморони сил равона шудааст.
 
« Пред.   След. »
Опросы
Сущесвует ли гендерное равенство в Таджикистане?

FlashBanner
http://ravzana.tj, Powered by Joomla! and designed by SiteGround web hosting